Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Сохтмони мактаби русӣ дар чӣ ҳол аст?


Сохтмони мактаби русӣ дар чӣ ҳол аст?


Нахуст, раиси вилоят аз ҷараёни корҳои сохтмонии бинои марказии ташхисию табобатии “Тибби Хатлон” боздид кард. Иттилоъ дода шуд, ки дар ошёнаи якуми бино ҳуҷраҳои қабули шаҳрвандон, ҳуҷраҳои ташхиси беморон ва тибқи лоиҳа, қаҳвахона ва китобхона пешбинӣ карда шудааст. Дар ошёнаҳои дуюм ва чорум ҳуҷраҳои муолиҷаи беморон ҷойгир карда мешавад. Айни замон корҳои пардозгарии дохили бино ва кабудизоркунии саҳни марказ идома дорад. 

Дар идомаи сафари корӣ Қурбон Ҳакимзода аз рафти корҳои сохтмонӣ дар маркази перинаталӣ дар ҳудуди Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бурӣ Воҳидов дидан кард. Лоиҳаи маркази перинаталӣ аз ҷониби ҶДММ “Неъмат-2010” тарҳрезӣ гардида, пудратчии сохтмон ҶДММ “Давлат” мебошад. Айни замон рангубори даруни бино оғоз гардида, қисме аз таҷҳизот ворид шудаанд. Дар дигар биноҳои ҳудуди беморхона корҳои рангуборкунӣ оғоз карда шудааст.

Ҳамчунин, Қурбон Ҳакимзода аз рафти корҳои сохтмонии муассисаҳои таълими дидан намуд. Сохтмони муассисаи хусусӣ бо омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои 240 хонанда дар як баст ва кӯдакистони хусусӣ барои 100 ҷойи хоб дар ҳоли анҷомёбист. Бинои муассисаи таълимии хусусӣ аз 6 ошёна иборат буда, дорои 33 утоқи корӣ мебошад, ки аз он 27 синфхона ва 6 ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорон муҳайё карда шудааст. Корҳои сохтмонӣ идома дошта, насб кардани тирезаҳо оғоз гардидааст. 

Ҳамчунин як муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 320 хонанда пешбинӣ гардидааст. Бинои муассиса аз 3 ошёна ва 32 синфхона иборат мебошад. Корҳои рангуборкунии муассиса ба анҷом расида, корҳои пардозкунии дарун ва саҳни бино оғоз гардидааст.

Раиси вилоят дар идомаи сафари кории худ аз рафти корҳои сохтмонии корхонаи истеҳсолӣ дидан намуд. Масоҳати умумии қитъаи замини сохтмон 6150 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Иттилоъ дода шуд, ки баъди ба истифода додани корхона 20 нафар сокинони шаҳри Бохтар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Ҳамчунин, бинои сардхона ва корхонаи хурди истеҳсолӣ низ дар ҳоли анҷомёбӣ қарор дорад.
 
30 июл раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз рафти оғози боз як сохтмони муассисаи таълимӣ дидан намуд. Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар маҳаллаи Кайҳоннавардони шаҳри Бохтар бо омӯзиши забонҳои русӣ барои 1224 хонанда дар як баст дар масоҳати 3 гектар замин сохта шуда истодааст. Маблағгузории сохтмони бинои муассиса аз ҷониби Федератсияи Россия амалӣ карда мешавад. Дар ин мактаб таълим бо забони русӣ роҳандозӣ мешавад. Айни замон корҳои омодакунии чоҳбуни бино оғоз гардида, тибқи нақша, соли 2022 ба истифода дода мешавад.
 
Н. МАЪМУРЗОДА, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода