Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...

Хизмат ба Ватан барои ҳар як шаҳрванди бедордил мактаби ҳақиқии мардонагӣ, ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба шумор меравад. Имрӯзҳо зиёданд сафи ҷавононе, ки ихтиёрӣ роҳи пуршарафи хизмати аскариро интихоб мекунанд.
Қаҳрамони матлаби мо, сокини ноҳияи Кӯшониён Ҳусейн Баротов мебошад, ки айни ҳол дар Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат дорад.
Ӯ тирамоҳи гузашта, пас аз хатми муассисаи таълимӣ бо маслиҳати аҳли оила хизмати Ватан-модарро интихоб намуд. Падару модар ва наздикони Ҳусейн аз интихоби ӯ ифтихор доранд.
Падари ӯ- амаки Исматулло дар суҳбат иброз дошт: “Вақте ки фарзандамон ба синни даъватӣ расид, бо модараш маслиҳат кардем, ки ӯро ба хизмати Ватан-модар равон намоем. Мо ба ин боварем, ки хизмати ҳарбӣ барои ӯ мактаби ҷиддии ҳаёт мешавад ва ҳисси масъулияту ватандӯстиро дар қалбаш боз ҳам қавитар мегардонад”.
Модари ин ҷавон низ таъкид мекунад, ки гарчанде ҷудо шудан аз фарзанд осон нест, аммо оромии Ватан ва ифтихор аз хизмати ӯ дар сафи Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамаи ин душвориҳоро ҷуброн мекунад.
Аз нақли волидонаш, имрӯз Ҳусейн дар яке аз дидбонгоҳҳои сарҳадии ноҳияи Дарвоз адои хизмат намуда истодааст.
Ба гуфтаи онҳо, ӯ дар суҳбатҳои телефонӣ аз шарту шароити хизмати ҳарбӣ қаноатмандона ҳарф зада, худро руҳан болида ва масъулиятшинос эҳсос менамояд.
-Хизмат дар сафи Қӯшунҳои сарҳадӣ масъули-яти бузург аст. “Акнун дарк мекунам, ки оромии кишвар аз ҳушёрӣ ва садоқати сарҳадбон вобаста аст”,- мегӯяд писарам, – бо ифтихор нақл кард модараш.
Хизмат дар сафи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ҳушёрӣ, дониши касбӣ ва садоқат ба савганди ҳарбиро талаб ме-кунад. Ҳусейн иброз медорад, ки хизмат дар ин ниҳод ба ӯ дарси ватандӯстӣ, эҳтиром ба қонун ва қадршиносии сулҳу суботро омӯхтааст. «Вақте медонӣ, ки ҳар як шабонарӯз марзи Ватанро муҳофизат мекунӣ, ба худ ифтихор менамоӣ», - мегӯяд ӯ.
Амаки Исматулло бо ҳамроҳии писараш – бародари Ҳусейн ба дидорбии аскарбача рафтанд. «Дар маросими бошукӯҳи савгандёдкунии ӯ иштирок намуда, аз самими дил дуояш додем, то ҳамеша ба савганди ёднамудааш содиқ монда, бо шараф хизма-ти Ватанро ба ҷо оварад», - гуфт амаки Исматулло.
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ садоқат ба Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мебошад. Чунин ҷавонон ифтихори ҷомеаанд ва бо амали худ нишон медиҳанд, ки ояндаи кишвар дар дасти насли масъулиятшинос ва ватандӯст қарор дорад.
Волидони Ҳусейн бо эҳсоси ифтихор аз хизмати фарзандашон ва шароити муҳайёгардидаи хизмати ҳарбӣ қаноатманд мебошанд. Онҳо бар онанд, ки хизмати Ватан мактаби тарбияи ҷавонмардӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба давлату миллат аст. Падару модар барои Ҳусейн ва тамоми аскарбачагони Ватан дуои нек намуда, ҷавонони дигарро низ даъват мекунанд, ки бо руҳияи баланди ватандӯстӣ хизмати ҳарбиро бо ифтихор қабул намуда, дар ҳифзи сулҳу амнияти кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд.
Д. ИБОДУЛЛОЗОДА, «Хатлон»
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.
