Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Соҳибкори инфиродӣ чиро бояд донад?


Соҳибкори инфиродӣ чиро бояд донад?



Ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ, ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисоди миллӣ нақши муҳим дорад.

Андоз  пардохти  ҳатмӣ  ба  буҷети давлатӣ  мебошад,  ки  ба  андозаи  муайян  амалӣ  гардида,  хусусияти  ҳатмии бебозгашт  ва  беподош  дорад.  Маблағи буҷет ба ҳамин роҳ ҷамъоварӣ гардида,  барои  фаъолияти  давлат  ва  мақомоти он, аз ҷумла барои ҳифзи мамлакат аз сӯиқасду  хатарҳои  беруна,  ҳифзи  тартиботи дохилӣ, ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва молу  мулки  шаҳрвандон  барои  ҳимояи иҷтимоии  табақаҳои  аз  ҷиҳати  иҷтимоӣ беҳимояи аҳолӣ(кӯдакон, маъюбон, пиронсолон ва сокинон) харҷ мешавад. Бо-иси тазаккур аст, ки дар Кодекси андози Ҷумҳурии  Тоҷикистон 2 намуди  низоми андозбандӣ пешбинӣ гардидааст:
1).  Низоми  умумии  андозбандӣ тартиби  ҳисоб  ва  пардохти  андозҳои умумидавлатӣ  ва  маҳаллии  муқаррарнамудаи  Кодекси  андози  Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2).  Низоми  махсуси  андозбандӣ,  тартиби  махсуси  андозбандии  барои гурӯҳҳои  алоҳидаи  андозсупорандагон муқарраргардида, ки тарзу усулҳои содакардашудаи ҳисоб ва пардохти намудҳои алоҳидаи  андоз,  инчунин  пешниҳоди ҳисоботи андозро пешбинӣ менамояд.

 
Тибқи  моддаи 25  Кодекси  андози Ҷумҳурии  Тоҷикистон  низоми  махсуси андозбандӣ низомҳои махсус ва содакардашударо дар бар мегиранд. Ба низоми махсус  ва  содакардашудаи  андозбандӣ дохил  намудани  андозбандии  шахсони воқеие,  ки  фаъолияти  соҳибкориро  дар асоси патент ё шаҳодатнома амалӣ менамоянд ва субъектҳои соҳибкории хурд, аз дастгирии давлату ҳукумат баҳри рушди  фаъолияти  соҳибкорӣ  ва  пешрафти иқтисодиёти мамлакат далолат менамояд.


Андозбандии  фаъолияти  соҳибкорони  инфиродии  дар  асоси  патент  фаъолияткунанда  дар  асоси  Кодекси  андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, фаъолияти соҳибкори инфиродӣ бе кирояи қувваи корӣ ва бе амалӣ намудани фаъо-лияти иқтисодии хориҷӣ, анҷом дода ме-шавад. Бояд даромади умумии соҳибкорӣ дар асоси патент фаъолияткунанда дар соли тақвимӣ аз200 ҳазор сомонӣ бештар набошад. Фаъолияти соҳибкорӣ дар асоси патент танҳо аз ҷониби шахси воқеие анҷом дода мешавад, ки ба номи ӯ патент дода шудааст. Соҳибкори инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда аз иҷрои уҳдадориҳои зерин озод мебошад:
- аз пардохти андоз аз даромад, ба истиснои  андоз  аз  даромад  ва  андози иҷтимоии бевосита ба маблағи патент дохилшаванда;
-  аз  пешниҳоди  ҳисоботи  андоз,  ба истиснои пешниҳод намудани эъломияи  даромади  умумӣ  барои  соли  гузаштаи тақвимӣ(ё барои давраи аз оғози соли тақвимӣ дар ҳолати қатъ намудани фаъолияти соҳибкорӣ) бо замимаи нусхаҳои ҳуҷҷатҳои  бонкӣ  доир  ба  пардохти андозҳо.


Соҳибкори  инфиродии  дар  асоси патент  фаъолияткунанда  ҳуқуқ  дорад бо  мақсади  анҷом  додани  фаъолияти соҳибкорӣ  минтақаи  фаъолиятро  дар тамоми ҳудуди ҷумҳурӣ ё ҳудуди вилоят (вилоятҳо) ва ё ду ё зиёда шаҳру ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ интихоб намояд. Дар ин ҳолат маблағи пардохти патент барои намуди фаъолияти анҷомдодашаванда бо тартиби зерин муайян карда мешавад:
- барои минтақаи фаъолият дар тамоми ҳудуди ҷумҳурӣ аз рӯи меъёрҳои барои
шаҳри Душанбе муқарраршуда;
- барои минтақаи фаъолият дар ҳудуди ягон вилоят(вилоятҳо) аз рӯи меъёри баландтарин барои шаҳру ноҳияҳои вилоят (вилоятҳо)-и дахлдор муқарраршуда.


Маблағи пардохт барои патент аз намуди  фаъолияти  соҳибкори  инфиродӣ, 
давраи  пардохт(моҳи  пурраи  тақвимӣ)  ва  минтақаи  фаъолияти  соҳибкорӣ  вобаста  буда,  бо  роҳи  татбиқ  намудани коэффитсиентҳои минтақавӣ, ки муайян шудааст, ҳисоб карда мешавад.


Аз ҷониби соҳибкори инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда, андозҳо аз  рӯи  низоми  патентӣ  мустақилона  бо тариқи пешпардохт то санаи 5-уми моҳи ҷорӣ барои як моҳ ё якчанд моҳи минбаъда ба буҷети маҳалли фаъолият пардохт карда мешаванд.


Новобаста  аз  санаи  бақайдгирии давлатии  оғози  фаъолияти  соҳибкории инфиродӣ  дар  асоси  патент  ё  санаи бақайдгирии давлатии қатъ намудани фаъолият, пардохти маблағи патент барои моҳҳои пурраи тақвимӣ (аз ҷумла моҳи оғози фаъолият ва моҳи қатъи фаъолият)  таъмин карда мешавад. Ҳамзамон, тибқи тартиби муқарраргардида қатъ намудани фаъолият дар асоси патент то 5-уми моҳи тақвимӣ уҳдадории пардохти маблағи патент барои ин моҳи тақвимиро ба миён намеорад.  Дар  ҳолати  риоя  нагардидани  муҳлати  муқарраршуда  маблағи  патент  барои  ҳар  моҳи  тақвимӣ  ба  таври автоматӣ ҳисоб карда мешавад.


Дар ҳолатҳои зерин, ки амалӣ намудани фаъолияти соҳибкориро ғайриимкон
менамояд,  қоидаҳои  мазкур-  ариза дар  бораи  татбиқи  имтиёзҳои  андозӣ,  барои  пардохти  патент  бо  пешниҳоди  ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба мақомоти андози маҳалли бақайдгирӣ ва ё фаъолият андозҳо барои патент дар ин давра пардохт карда намешаванд:

- ҳангоми бемории бистарӣ;
- дар давраи рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд;
- дар давраи дар хизмати ҳарбӣ қарор доштан; 
- рух додани сӯхтор ва офатҳои табиӣ дар маҳалли фаъолият; 
- бо санади судӣ дар ҷойҳои маҳрум сохтан  аз  озодӣ  ва(ё)  дар  изолятор (тавқифгоҳ)-и тафтишотӣ қарор доштан; 
- дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан; 
-  ҷорӣ  гардидани  карантин  дар маҳалли фаъолият. 


Аз  лаҳзаи  вафоти  соҳибкори инфиродӣ, эътибори қонунӣ пайдо кардани санади судӣ оид ба бедарак ғайбзада ё фавтида эътироф гардидани соҳибкори инфиродӣ (дар сурати набудани вориси ҳуқуқӣ), маҳрум намудан аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти соҳибкорӣ, андозҳо барои  патент  пардохт  карда  намешаванд.  Барои  соҳибкори  инфиродие,  ки пардохти маблағи патентро барои 3 моҳи  тақвимии минбаъда дар шакли пешпардохт таъмин менамояд, маблағи умумии пардохт ба андозаи 10 фоиз кам карда мешавад. Соҳибкори инфиродии мазкур уҳдадор аст, оид ба истеҳсол, фурӯш ва хизматрасонӣ аз рӯйи натиҷаи ҷамъбасти сол ба мақомоти омор ва андози маҳалли бақайдгирӣ, тибқи талаботи қонунгузорӣ дар  соҳаи  омор  ва  андоз  ҳисобот пешниҳод  намояд.  Шакли  ҳисобот  оид ба  истеҳсол,  фурӯш  ва  хизматрасонӣ аз рӯйи намудҳои фаъолияти амалишавандаро  мақомоти  омор  дар  мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ муайян менамояд. Cоҳибкори  инфиродии  дар Алҳол,  дар 5 ошёнаи Маркази  тиббӣ  шуъбаҳои ҷарроҳӣ,  амрози  даруна,  ҷарроҳии  кӯдакона,  урологӣ,  қалб,  эҳёгарӣ  бо 40  кати  бистарӣ  ҷойгир буда,  табибони  ҳозиқ  ба дардмандони шаҳру  ноҳияҳои  вилоят  хизматрасониро  дар  сатҳи  баланд  ба  роҳ  мондаанд. 


Дар  Марказ  инчунин нуқтаи  хатнаи  кӯдакон ва  гӯшаи  гиёҳдармонӣ бомуваффақият  фаъолият доранд  ва  аз  ин  нуқтаҳо корафтодагон  истифода мебаранд.


Чун  пештара,  дар марказ  усули  табобати эндоҷарроҳӣ,  бидуни  буридани  тани  бемор,  бо асоси  патент  фаъолияткунанда  уҳдадор аст ҳар сол на дертар аз 1-уми марти соли пас аз соли ҳисоботии тақвимӣ бо мақомоти андози  маҳалли  фаъолият  оид  ба  иҷрои уҳдадориҳои  андозӣ,  санади  муқоисавӣ дар шакли хаттӣ ё электронӣ тартиб дода,  пешниҳод  намояд.  Аз  низоми  патентӣ  ба дигар низоми андозбандӣ, инчунин аз низоми  дигари  андозбандӣ  ба  низоми  патентӣ гузаштани соҳибкори инфиродӣ бо тартиби муқарраргардида, баъд аз иҷрои расмиёти бақайдгирии давлатӣ анҷом дода мешавад. 


Ҳангоми  аз  ҷониби  соҳибкори  инфиродии дар  асоси  патент  фаъолияткунанда  ҷалб гардидани корманди кироя ва аз 200 ҳазор сомонӣ  зиёд  гардидани  даромади  умумии  он дар давраи на зиёда аз дувоздаҳ моҳи тақвимӣ, чунин соҳибкор уҳдадор аст, дар муҳлати 10 рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи пайдо шудани ин ҳолатҳо ба мақомоти андоз барои қатъ намудани фаъолият дар асоси патент ва ба дигар низом гузаштан ариза диҳад. 


Дар сурати аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ - дорандаи патент иҷро нагардидани яке аз шартҳои дар банди мазкур пешбинигардида  чунин  соҳибкори  инфиродӣ  бо  меъёри панҷкаратаи андозаи моҳонаи андозҳои ба фаъолияти  ӯ  дахлдошта  андозбандӣ  карда мешавад. Бо мақсади таъмини назорати иҷрои қонунгузории андоз, мақомоти андоз тибқи  тартиби  муқаррарнамудаи  санадҳои меъёрии ҳуқуқии андоз дар маҳалли фаъолияти соҳибкори инфиродӣ, корҳои назоратӣ ва  фаҳмондадиҳиро  анҷом  медиҳад. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи қатъи фаъолияти соҳибкори инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда  ҳуҷҷатҳое  мебошанд,  ки  қонунгузорӣ  дар  бораи  бақайдгирии давлатии  шахсони  ҳуқуқӣ  ва  соҳибкорони инфиродӣ муқаррар намудааст. 


Меъёри андозҳои соҳибкори инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамояд,  аз  рӯйи  намудҳои  алоҳидаи  фаъолият  аз ҷониби  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо назардошти  коэффитсиентҳои  минтақавии танзимкунанда  муайян  карда  мешавад.  Давраи андоз барои соҳибкори инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда як моҳи тақвимӣ эътироф карда мешавад.


Соҳибкори  инфиродии  дар  асоси  патент  фаъолияткунанда  ҳуқуқи  истифода
намудани  низомҳои  дигари  андозбандии тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршударо  надорад.  Инчунин,  шахси воқеии дар як вақт дорои патенти ҳуқуқ ба фаъолияти соҳибкории инфироди дошта ҳуқуқ надорад бо шаҳодатнома оид ба бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ, ба сифати соҳибкори инфиродӣ фаъолият намояд. 


Инкишофи  фаъолияти  соҳибкорӣ,  аз ҷумла  фаъолияти  соҳибкорони  инфиродӣ,  василаи  рушди  фаъолияти  хоҷагидорӣ ва  пешрафти  иқтисодиёти  миллӣ  буда, дастгириҳои  пайвастаи  давлату  Ҳукумат дар  ин  ҷода,  баҳри  ҳавасмандгардонии субъектҳои  фаъолияти  соҳибкорӣ  равона гардидааст. Ҷиҳати боз ҳам такмил додан  ва  мустаҳкам  гардонидани  дастгирию имтиёзҳои фароҳамовардаи давлат ва вусъатёбии  фаъолияти  соҳибкории  инфиродӣ, ба  роҳ  мондани  чорабиниҳои  таблиғотию фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби мақомотҳои дахлдори ваколатдор мақсаднок мебошад.

Амиралӣ ТАШРИФЗОДА, 
раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтаh

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода