КОРНОМАҲОИ ҶОВИДОНАИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...

Яке аз муҳимтарин дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлол баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ тавассути сохтмони роҳҳо ва инфрасохтори нақлиётӣ аст, ки кишварро ба мамлакати транзитӣ табдил дода, ба рушди иқтисодӣ ва ҳамгироии минтақавӣ мусоидат кард.
Солҳо қабл роҳҳо барои Тоҷикистон на танҳо воситаи ҳаракат, балки рамзи мушкилоти ҷуғрофӣ, иқлимӣ ва иқтисодӣ ба шумор мерафтанд. Имрӯз бошад, роҳу нақлиёт ба омили пайвандгари минтақаҳо ва кафили рушди устувор табдил ёфтааст.
Ин дастоварди таърихӣ, пеш аз ҳама, самараи сиёсати дурандешонаву созанда, иродаи қавӣ ва роҳнамоии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Маҳз бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, соҳаи роҳу нақлиёт ҳамчун самти стратегӣ муайян гардида, дар тамоми гӯшаву канори кишвар, аз ҷумла дар вилояти Хатлон корҳои бузурги бунёдкорона роҳандозӣ шудаанд.
Вилояти Хатлон дорои 25 шаҳру ноҳия буда, аз минтақаҳои сернуфузи иқтисодӣ ва демографии кишвар маҳсуб меёбад. Ҳудуди васеи вилоят, фаъолияти густурдаи кишоварзӣ, равобити тиҷоратӣ ва ҳаракати доимии аҳолӣ тақозо менамояд, ки инфрасохтори роҳ ба талаботи замон мутобиқ бошад. Аз ин рӯ, рушди роҳу нақлиёт дар Хатлон на танҳо зарурати техникӣ, балки масъалаи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ аҳамияти стратегӣ дорад.
Тибқи иттилои шуъбаи нақлиёт ва коммуни-катсияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дарозии умумии роҳҳои автомобилгарди вилояти Хатлон 10 182,9 километрро ташкил медиҳад, ки аз он 771,7 км роҳҳои байналмилалӣ, 800,8 км роҳҳои ҷумҳуриявӣ, 3876,4 км роҳҳои маҳаллӣ ва 4734 км роҳҳои дар тавозун набуда мебошанд. Ин нишондиҳандаҳо худ гувоҳи онанд, ки нигоҳдорӣ, таъмир ва навсозии роҳҳо дар вилоят кори доимӣ ва сермасъулият мебошад. Дар ёздаҳ моҳи соли 2025 ҳаҷми умумии боркашонӣ ба 52 230,5 миллион тонна расида, суръати афзоиш 121,1 фоизро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, ҳаҷми мусофиркашонӣ ба 209 731,1 миллион нафар баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли2024-ум107,7 фоиз афзоиш ёфтааст.
Муқоисаи нишондиҳандаҳо бо ёздаҳ моҳи соли 2024 гувоҳӣ медиҳад, ки ҳаҷми боркашонӣ 9,0 миллион тонна ва ҳаҷми мусофиркашонӣ 15 миллион нафар зиёд гардидааст, ки ин аз рушди устувори соҳаи нақлиёт ва беҳтар гардидани ҳолати инфрасохтори роҳҳо шаҳодат медиҳад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти роҳбарӣ ва дастгирии доимии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо дарки масъулияти баланд ва ҳамоҳангӣ бо сиёсати давлатӣ, тадбирҳои мушаххас ва мақсаднокро роҳандозӣ намудаанд. Дар доираи барномаҳои давлатӣ ва минтақавӣ, бо ҷалби маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои сохтмонӣ, таъмир ва навсозии роҳҳо ба таври марҳилавӣ амалӣ гардида истодаанд.
Дар 11 моҳи соли 2025 дар вилояти Хатлон дар маҷмуъ 2 588,6 километр роҳ ба маблағи умумии 341 миллиону 429,5 ҳазор сомонӣ таъмиру азнавсозӣ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ҳаҷми корҳои иҷрошуда ба маблағи 52,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз ин ҳисоб 546 километр таъмири асосӣ, 649,4 километр сангфарш ва 1 393,1 километр таъмири ҷорӣ анҷом дода шудааст. Ҳамчунин, дар доираи корҳои роҳсозӣ 156 адад пулу қубурҳо таъмиру таҷдид гардидаанд, ки ин тадбирҳо ба беҳтар гардидани ҳолати инфрасохтори роҳ, таъмини ҳаракати бемамониати нақлиёт ва коҳиши хавфҳои мавсимӣ, бахусус дар фаслҳои боришот, мусоидат менамоянд.
Хусусияти муҳимми равандҳои роҳсозӣ дар вилояти Хатлон дар он ифода меёбад, ки корҳои сохтмонӣ ва таъмири роҳҳо на танҳо бо такя ба имкониятҳои давлатӣ, балки бо иштироки фаъоли мақомоти маҳаллӣ, соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва сокинони маҳаллӣ амалӣ мегарданд. Ин ҳамкории давлат, ҷомеа ва бахши хусусӣ заминаи воқеии рушди инфрасохторро фароҳам овардааст.
Дар ҳамин замина, танҳо аз ҳисоби саҳми соҳибкорон дар вилоят 539 километр роҳ таъмири асосӣ, 596 километр сангфарш ва 65 адад пулу қубурҳо ба маблағи умумии 292,1 миллион сомонӣ таъмиру азнавсозӣ гардидааст.
Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷиҳати азнавсозии роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида истодаанд.
Дар доираи ин иқдомҳо таъмиру азнавсозии роҳи автомобилгарди Данғара- Бохтар дар се қитъа анҷом ёфта, он бо иштироки Сарвари давлат ба истифода дода шуд. Ҳамзамон, ба роҳҳои Данғара-Гулистон ва Гулистон-Фархор санги асос гузошта шуда, корҳои сохтмону таъмир айни ҳол бо маром идома доранд. Бояд қайд намуд, ки бо дарназардошти таҷрибаи пешқадам дар самти рақамикунонии соҳаҳои мухталиф ҷиҳати амалигардонии лоиҳаи сармоягузории“Шаҳри бехатари Бохтар” таҳия гардида, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Ҳамзамон, лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон” ба итмом расонида, 41 автобуси мусофирбар ба муассиса ворид карда шуд. Ин лоиҳа бо иқдоми бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ба се хатсайри дохилишаҳрӣ (шаҳри Бохтар) ва хатсайрҳои наздишаҳрии Кӯшониён, Вахш, Левакант ва фурудгоҳ хизмат расонида истодааст.
Дар ин давра роҳҳо ва пулҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят таъмиру азнавсозӣ гардида бошад ҳам, бо вуҷуди ин, дар баъзе минтақаҳо ҳанӯз ҳам роҳҳо ва пулҳои таъмирталаб мавҷуд буда, бартарафсозии онҳо тибқи нақша давра ба давра амалӣ шуда истодааст.
Дар ин замина, корҳои анҷомёфта нишон медиҳанд, ки рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт дар вилояти Хатлон ба марҳилаи устувор ворид гардида, тадриҷан ба беҳтар шудани сатҳи хизматрасонӣ ва бехатарии ҳаракат мусоидат менамояд. Ҳамоҳангии сиёсати давлатӣ бо ташаббусҳои маҳаллӣ ва саҳми соҳибкорону сокинон заминаи воқеӣ барои ҳалли масъалаҳои боқимонда фароҳам оварда, идомаи ин раванд метавонад дар солҳои минбаъда ба рушди иқтисодию иҷтимоии минтақа такони ҷиддӣ бахшад.
Умарҷон ТОШМАТОВ,
«Хатлон»
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.
