Қурбон Ҳакимзода: «Дар симои рӯзноманигорон ҳомиёни арзишҳои миллӣ ва такягоҳи боэътимоди давлатро мебинем»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Сиёсат, Боздид 2 303
19 июл дар толори қароргоҳи раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб нишасти матбуотии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо иштироки беш аз 80 намояндаи воситаҳои ахбори оммаи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баргузор гардид.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба рӯзноманигорон барои фаъолияти назаррас ва пурмаҳсул, масъалагузориҳои мубрам, муносибати дилсӯзона ва конструктивӣ, пешниҳоду таклифҳои пурмазмун ва ҳамкорӣ ба хотири таъмини ояндаи боз ҳам дурахшонтари мамлакати азизамон изҳори сипосу миннатдорӣ намуд. Қурбон Ҳакимзода қайд кард, ки ба ҳамаи рӯзноманигороне, ки бо инъикоси ҷараёни корҳои ободонию бунёдкорӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар рушди мамлакат саҳм мегузоранд, дар ҷамъбасти нуҳмоҳа ҷоизаи “Ободгари Ватан” тақдим хоҳад шуд. Дар нишасти матбуотӣ инчунин иттилоъ дода шуд, ки баҳри татбиқи ҳадафи чоруми стратегии мамлакат - саноатикунонии босуръат дар вилоят дар нимсолаи аввали соли равон 48 корхона ва коргоҳи истеҳсолӣ бо 422 ҷойи кор таъсис ёфт. Мувофиқи маълумоти шаҳру ноҳияҳо, корҳои сохтмонӣ боз дар 36 иншооти дигар бо назардошти 1080 ҷойи кори нав идома доранд. Баистифодадиҳии корхонаҳои нав замина фароҳам оварданд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиши истеҳсоли як қатор маҳсулоти зарурӣ таъмин гардад. Айни замон теъдоди корхонаҳои саноатии вилоят 626 ададро ташкил медиҳад. Бояд зикр кард, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 4,1 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 365,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ба афзоиши тавлидоти маҳсулоти саноатии вилоят истеҳсоли филизот, чӯбу тахта, масолеҳи бинокорӣ, хӯрокворӣ, нафту газ, маҳсулоти кимиёвию фарматсевтӣ, ғайрифилизии маъданӣ, маснуоти резинӣ ва пластмассӣ, металлургӣ ва ғайра мусоидат намудааст. Дар посух ба саволи намояндаи телевизиони “Варзиш” доир ба он ки дар доираи Барномаи давлатии рушди футбол барои солҳои 2017-2021 дар сатҳи вилоят чӣ корҳо анҷом дода шудааст, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакмзода дар нишасти матбуотии худ иттилоъ дод, ки ҷиҳати иҷрои барномаи мазкур дар солҳои 2018-2020 ва шашмоҳаи якуми соли 2021 дар маҷмӯъ 3 миллиону 241 ҳазору 794 сомонӣ аз ҳисоби буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷудо гардидааст. Дар давоми солҳои 2019-2020 ва шаш моҳи соли 2021 барои фаъолияти мунтазами Федератсияи футболи вилояти Хатлон 436 ҳазору 480 сомонӣ ҷудо карда шудааст. Аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба дастаҳои футболи вилоят дар солҳои 2018-2021 барои нигоҳдорӣ ва ҳавасмандии бозигарони дастаҳо маблағҳои зерин ҷудо карда шудааст: Дастаҳои футболи Лигаи олӣ КФ “Хатлон” – 3 миллиону 554 ҳазору 650 сомонӣ КФ “Равшан” – 1 миллиону 617 ҳазору 500 сомонӣ КФ “Файзканд” – 1 миллиону 250 ҳазор сомонӣ. Лигаи якум (барои солҳои 2020-2021) КФ “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор – 471 ҳазор сомонӣ КФ “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷ. Балхӣ – 970 ҳазор сомонӣ КФ “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ – 500 ҳазор сомонӣ Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, ки ҳамзамон раиси Федератсияи футболи вилоят мебошад, гуфт, ки ҷиҳати рушди футбол дар вилоят дар доираи имкониятҳои молиявӣ тамоми тадбирҳо роҳандозӣ мегардад.
Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин қайд гардид, ки мувофиқ ба нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят 7261 иншоот сохта ба истифода дода шуд, ки аз ин ҳисоб 9378 ҷойи нави кории доимӣ ва 22322 ҷойи кории мавсимӣ фароҳам омад. Нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда 94,7 фоиз таъмин гардида, дар 406 иншооти боқимонда корҳо бомаром идома доранд. Дар бунёд ва баистифодадиҳии иншоотҳои ҷашнӣ саҳми роҳбарони гурӯҳҳои кории вазорату идораҳои ҷумҳурӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Данғара, Балҷувон, Ховалинг, Муъминобод ва Кӯшониён, соҳибкорон, шахсони саховатманд ва аҳолӣ назаррас арзёбӣ гардид. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода инчунин иттилоъ дод, ки дар 6 моҳи соли 2021 тибқи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилоят барои солҳои 2017-2021-ум, 19 иншооти соҳаи маориф барои 2348 ҷойи хониш дар як баст ва берун аз Барнома 13 иншооти соҳа барои 2459 ҷойи хониш дар як баст, дар маҷмӯъ 32 иншоот барои 4807 ҷойи хониш дар як баст бунёд ва таъмиру азнавсозӣ гардида, мавриди истифода қарор дода шуданд. Доир ба дастовардҳои соҳаи иттилоот сухан ронда, раиси вилоят аз гузаштан ба пахши шабонарӯзии телевизион ва радиои вилоят, афзоиши даврияти чопи рӯзномаи “Хатлон”, таъсиси нашрияи хоси кӯдакону наврасон “Ғунчаҳои Хатлон”, таъсиси Ҷоизаи вилоятии ба номи Соҳиб Табаров дар соҳаи адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ ёдовар гардид. Пас аз нишасти матбуотӣ аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода барои саҳми арзанда дар тарғибу ташвиқи сиёсати давлатӣ, инъикоси саривақтӣ ва касбии дастовардҳои хоҷагии халқи вилоят, фаъолияти самараовари эҷодӣ ва ҳамкории хубу пурмаҳсул бо мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон як қатор рӯзноманигорони фаъол ва собиқадорони матбуот бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимити давлатии вилоят, туҳфаҳои хотиравӣ ва роҳхат ба осоишгоҳҳо қадрдонӣ карда шуданд. Дар интиҳо раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зикр намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар симои ҳар як рӯзноманигор ҳамкору ҳамандеш, ёвари беғараз, ҳомии арзишҳои миллӣ ва такягоҳи боэътимоди давлатро мебинад. - Итминон дорам, ки чунин ҳамкории пурмаҳсули мо дар соли таҷлили ҷашни умумимиллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ боз ҳам вусъати тоза пайдо карда, якҷоя дар ҳаллу фасли масъалаҳои рӯзмарра, бартарафсозии камбудию норасоиҳо, таҳким ёфтани корҳои ободонию бунёдкорӣ ва ташаккули афкори созандаи омма саҳмгузор хоҳем буд, - қайд кард раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода.
Н. Маъмурзода, “Хатлон”