Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Соли 2026 - соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ


Соли 2026 - соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ



ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2026

Ҳамдиёрони арҷманд!

Имрӯз мардуми Тоҷикистон фарорасии Соли нави мелодиро дар фазои сулҳу субот, ваҳдату ҳамдилӣ ва бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ истиқбол мегиранд.

Ба ин муносибат тамоми сокинони шарафманди вилояти Хатлонро шодбош гуфта, барояшон сарбаландӣ, саодатмандӣ ва дар зиндагию фаъолияти ҳаррӯзаашон барору муваффақиятҳои беназир орзумандам.

Соли 2025 барои тоҷикистониён соли муваффақиятҳо ва дастовардҳо буд. Боиси ифтихор аст, ки рӯзи 12-уми декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул карда шуд.

Бо ташаббусҳои дигари кишвари мо қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали Қадим, эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул гардид.

Бидуни шак, пазируфтани ин ташаббусҳо ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ ба шумор меравад.

Соли 2025 барои мардуми вилояти Хатлон бобарор ва пур аз тадбирҳои сиёсиву фарҳангӣ ва амалигардонии рушди иқтисодию иҷтимоӣ буд ва сокинони вилоят барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор ва сазовор истиқбол намудани 35-солагии ҷашни Истиқлоли давлатӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурданд.

Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи фаъолон, соҳибкорон ва сокинони ватандӯсти вилоят барои дар сатҳи баланд баргузор кардани чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ, дастгирии ҳамаҷониба аз сиёсати созандаи Пешвои миллат ва вусъат бахшидани корҳои ободонӣ ва бунёдкорию созандагӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос ва миннатдории худ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро мерасонам.

Махсус бояд зикр намуд, ки соли 2025 соли пурбаракат буд ва ба шарофати қадами мубораки Сарвари маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 маротиба ба вилояти Хатлон ташриф оварда, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 215 биною иншоот дар соҳаҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, дар онҳо беш аз 2200 ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфтанд.

Дар натиҷаи роҳандозии тадбирҳои зарурӣ дар 11 моҳи соли 2025 суръати рушди воқеии ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 8,1 банди фоизиро ташкил дод. 

Дар маҷмӯъ, давоми 5 соли охир дар вилоят ба ҳисоби миёна афзоиши музди миёнаи меҳнат 2 баробар ва афзоиши нафақа ба ҳисоби миёна 60 фоиз зиёд гардидааст.

Мониторинги иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025 нишон дод, ки дар ин давра дар доираи тадбирҳои андешидашуда 185 лоиҳа ба маблағи 5,9 миллиард сомонӣ ё 79,1 фоиз иҷро гардида, дар 78 лоиҳаи дигар корҳо идома доранд.

Дар ин давра аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ 85112 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст.

Тибқи ҳисоботҳои оморӣ, дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ, истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 1,1 миллион тонна, пахта 259,5 ҳазор тонна, картошка 232,6 ҳазор тонна, сабзавот 1,9 миллион тонна, полезӣ 993 ҳазор тонна, мева 413 ҳазор тонна ва ангур ба 146 ҳазор тонна расонида шуд, ки суръати афзоиш аз 8,4 то 62,3 банди фоизиро ташкил медиҳад. 

Ҳамзамон, аз вилояти тавассути ҳамаи гузаргоҳҳои гумрукии ҷумҳурӣ 65 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20,2 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 12,3 миллиард сомонӣ баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,2 миллиард сомонӣ зиёд ва суръати рушди он 6 фоизро ташкил додааст. 

Дар миқёси вилоят таъмиру азнавсозии роҳҳо дар умум ба масофаи 2588,6 километр гузаронида шудааст, ки аз он 546 километр таъмири асосӣ, 649,4 километр сангфарш, 1393 километр таъмири ҷорӣ, 156 адад пул ва қубурҳо мебошанд.

 Аз ҷумла, бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша 539 километр роҳҳо мумфаршм, 596 километр сангфарш ва 65 адад пулу қубурҳо таъмиру азнавсозӣ гардидаанд. 

Тибқи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷмӯъ дар 5 сол бунёд ва азнавсозии 6260 иншоот ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 1 декабри соли 2025 дар 6348 бинову иншоот корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст, ки нисбат ба нақшаи умумӣ 101,1 фоиз ва нақшаи соли ҷорӣ ду баробар зиёд мебошад. 

Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар маҷмӯъ 146 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода шуд. Иншоотҳои мазкур аз 1242 синфхона иборат буда, барои 62 100 ҷойи нишаст дар ду баст пешбинӣ гардидаанд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмони зиёда аз 50 адад иншооти соҳа иборат аз 506 адад синфхона бо фарогирии 25300 ҷойи нишаст дар ду баст идома дорад.

Лозим ба ёдоварист, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят дар олимпиадаҳои байналмилалӣ дар соли 2025 натиҷаҳои чашмрас ба даст оварда, дар умум дар ин олимпиадаҳо 2166 нафар хонандагон иштирок намуда, 906 медал ба даст оварданд, ки нисбат ба соли гузашта 460 медал зиёд мебошад. Аз шумораи 906 медали бадастомада 164 медали тилло, 266 ба медали нуқра 474 медали биринҷӣ ва 2 ҷои ифтихорӣ  ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон, давоми 11 моҳи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ 54 адад маҷмааю варзишгоҳҳо ва толору майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки барои наврасону ҷавонон шароити муносиби машқу тамрини бадан фароҳам гардид. 

Дар ин давра варзишгарони вилоят аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ 699 медали тилло, 675 медали нуқра ва 872 медали биринҷӣ, дар маҷмуъ 2246 медал ба даст оварданд.
Моро зарур аст, ки бо дарки масъулияти баланд, иродаи қавӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ, ҷиҳати татбиқи пурраи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат фаъолияти дастаҷамъона, пайваста ва самаранок ба роҳ монда, дар корҳои ободониву созандагӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди устувори ҷомеа саҳми арзандаи худро гузорем.

Эътимоди комил дорам, ки дар Соли нави 2026 низ ба хотири амалишавии барномаҳо, Стратегияҳо ва нақшаву ниятҳои неку созандаи Пешвои муаззами миллатамон, ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту меҳанпарвари вилояти Хатлон азму талоши худро баҳри ободиву шукуфоии сарзамини биҳиштосоямон равона месозанд. 

Бо мақсади тақвияти корҳои ободониву созандагӣ ва баланд бардоштани худшиносиву худогоҳии миллӣ ва истиқболи сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ соли 2026-ро «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон намуданд.

Мардуми сарбаланди вилояти Хатлон, зери ливои Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва дар пайравӣ ба мактаби ватандӯстию худшиносии миллии Пешвои муаззами миллат заҳмату кӯшиши ободгаронаи худро барои боз ҳам афзун гардонидани иқтидори иқтисодии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва дар арсаи байналмилалӣ боло рафтани нуфузу эътибори кишвари азизамон дучанд хоҳанд кард. 

Бори дигар ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди вилояти Хатлони бостониро бо фарорасии Соли нави мелодии 2026 - соли идомаи корҳои созандагиву ободкорӣ ва амалӣ гардидани орзуву ормонҳои халқи тоҷик самимона табрик гуфта, ба кулли ҳамдиёрони азиз тансиҳатию хонаободӣ, рӯзгори осуда, иқболи нек ва зиндагии пурфайзу бобаракат орзу менамоям. 

Соли нав муборак!

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода