ЗАБОНИ МОДАРӢ - муқаддастарин сарвати миллат
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 27
![]()
Забони тоҷикӣ таърихи хеле куҳан дорад. Решаҳои он аз жарфнои таърих об мехӯранд. Ниёгони мо ҳанӯз 3 ҳазор сол пеш мелод забони тоҷикиро бунёд ниҳоданд ва бо забони тоҷикӣ муошират мекарданд. Бозёфтҳои зиёди бостоншиносӣ далолат мекунанд, ки забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимаи дунё ва забони дорои хат мебошад.
Миллати фархундаиқболи тоҷик дар даврони Истиқлоли давлатӣ зери роҳбарии фарҳангпарваронаи Презиеденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳиди дигаргуниҳои бузург ва бесобиқа гардид. Ин тағйирот ва шукӯҳгириҳои фару фарҳанги тоҷикон дар замоне муяссар гардид, ки миллати тоҷик акнун бо раъю иродаи худ сарнавишти худро ихтиёр кард ва аз миёни чангу дудаи таърих чун алмосе дурахшид. Дар ин марҳила ба рушди забони ноби тоҷикӣ эътибор ва таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
“Истиқлоли давлатӣ, Забон, Модар, Ватан, фарҳанг ва тамаддуни куҳанбунёд ҳалқаҳои васле мебошанд, ки моро ба сӯйи ваҳдату ягонагӣ ва муттаҳидиву сарҷамъии миллат раҳнамоӣ месозанд. Аз ин рӯ, ҳар кадоми онҳо барои мо аз муқаддасоти инсонӣ ва имонӣ ба шумор мераванд”, омадааст дар маҷмуаи “Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон”.
Нахустин музаффарият дар ин самт ин буд, ки дар заминаи пажӯҳишу таҳқиқот ва таҷрибаи таърихӣ миллати тоҷик забонро ҳамчун воситаи асосии ҳамбастагӣ шинохт ва бар ин рисолати забон эътимод басту онро гиромӣ дошт.
Бо назардошти чунин рисолати сарнавиштсоз доштани забон соли 1996 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ба муносибати Рӯзи забон масъалаи таҳия ва тасвиби “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ”-ро хеле муҳим ва чораи бетаъхир дар пойдории забони тоҷикӣ дар марҳилаи нави рушди давлатдории миллӣ арзёбӣ намуданд. Ҳамин тавр, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3-юми сентябри соли 1998 “Имлои забони тоҷикӣ” дар таҳрири нав қабул гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳо ва Паёмҳои ҳарсола дар бобати устувор гардонидани забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ диққати вижа равон карда, барои татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи забон ба Ҳукумати мамлакат дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.
Эълон гардидани соли 2008 ҳамчун “Соли забони тоҷикӣ” яке аз барҷастатарин нишонаҳои эҳтирому арҷгузории давлату миллати тоҷик ба забони модарии худ дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад. Тавъам омадани “Соли забони тоҷикӣ” ва ҷашни 1150-солагии сардафтари адабиёти классики тоҷик устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соли 2008 рамзи хоси худро дорад. Агар забони шевову ширадори тоҷикӣ дар тӯли таърих ташаккул пазируфта, то рӯзгори устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ расида бошад, устод Рӯдакӣ бо ашъори ҷовидонаву рангини худ ба забони тоҷикӣ умри дубора бахшид ва аз он баъд дар ба-робари ибораҳои сарае чун забони ноб, равону руҳнавоз, дилчасп, ибораҳои забони шеъру шоирони оламшумул ҳамроҳ гардиданд, ки бе муҳобо аз нуфузи таърихии забони тоҷикӣ ва дурри ноёб будани он шаҳодат медиҳад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин маънӣ чунин изҳор доштаанд: “Забони шеъри Рӯдакӣ забони меъёр ва забони адабии мост, ки онро бо гузашти қариб дувоздаҳ аср мо имрӯз низ истифода мебарем ва бо шеъри Рӯдакӣ ҳар рӯз сухан мегӯем”. (Аз китоби “Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон”. Саҳ. 120). Забони миллат ҳастии миллат ва нишони давлатдории миллист, аз ин рӯ, давлату ҳукумат ҳамеша аз он пуштибонӣ намуда, барои покизагиву беолоишии он талош меварзанд. Аз вақте ки ниҳоди мустақил дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи забон, яъне Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, мақоми забон ба таври бесобиқа дар ҷомеа боло рафт ва ба ҳамаи қишрҳои он роҳ ёфт.
Соли 2009 ҳамчун рамзи баланди арҷгузорӣ ба ин муқаддасоти олии миллӣ - забони тоҷикӣ 5-уми октябр чун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи ҷашнҳои миллӣ шомил гардид ва ҳамасола ба сифати як намоди худшиносии миллӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанг ва ҳувияти миллӣ дар саросари ҷумҳурӣ бо шукӯҳмандии хос истиқбол мешавад.
Имрӯз забони тоҷикӣ аз минбари баланди СММ бо санъати баланди суханронӣ дар нутқи пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни иштирок ва суханронӣ дар ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ, ки бо ҳузури намояндагони аксарияти мамлакатҳои дунё баргузор мегарданд, садо медиҳад ва ҳамчун оини неки куҳан башариятро аз сулҳу дӯстӣ, ғамхорӣ дар ҳаққи инсоният, пешгирӣ аз таҳдиду хатарҳо ба мавҷудияти сайёраи замин ва ҳамкориҳои муштараки давлатҳо дар ҳошияи ҳамзистии мусолиҳатомез пайғом мерасонад. Бемуҳобо, миллати сулҳдӯсту созанда будани миллати тоҷик дар забони модарии мо-тоҷикон баръало таҷассум мешавад ва осори ниёгонамон саршори ҳамин ғояҳои баланди инсондӯстист.
Таҷлили Рӯзи забони тоҷикӣ гиромӣ доштани ҳамин муқаддастарин сарвати миллат - забони модарӣ аст. Забоне, ки дар замони соҳибистиқлолӣ аз таваҷҷуҳи бештаре бархӯрдор гардид ва мақоми устуворро касб кард.
Забони давлатӣ аз рукнҳои асосии давлатдории миллист, ки дар пойдорӣ ва суботи давлати миллӣ мақому нақши муҳим дорад ва аз ҳамин хотир аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони миллатро ҳастии миллат ва бунёду пояи давлат меҳисобанд. Ёдгориҳои тамаддуни чандинҳазорсолаи ориёӣ маҳз ба воситаи забони шево ва пурғановати тоҷикӣ ва қаринаҳои бостониву аҳди миёнаи он то замони мо расида, дастраси оламиён гардидаанд, ки ин ҳам боиси ифтихори ворисони ин тамаддуни қадима ва ҳам масъулияти бузурги онҳо дар назди гузашта ва имрӯзу оянда мебошад. Ба ин манзур, омӯзиши таъриху тамаддуни ниёгон ва гиромидошти арзишҳои миллӣ аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки пояҳои давлатдории миллиро таҳким мебахшанд.
Мо танҳо бо донистаи меъёрҳои забони модариамон, бо ҷорӣ кардани он дар муоширати ҳамарӯзаву дар навиштамон метавонем ин ганҷинаи бебаҳои таъриху тамаддунамонро пойдору устувор нигоҳ дорем. Забони миллатро симои миллат гуфтаанд. Аз ин рӯ, зарурати тоза нигоҳ доштани забони тоҷикӣ аз ҷониби мо - соҳибзабонон аз ҳарвақта дида бештар тақозо мешавад.
Тозагии забон, асолати забон ва савтиёти фараҳбахши он дар кору гуфтор, ҳатто дар номҳои зебои тоҷикии фарзандони мо таҷассум мешавад ва ба ин васила метавонем забонро аз ҳаводиси носозгори имрӯзу фардо ҳифз намоем.
«Забон ва давлат дар паноҳи якдигаранд». Ин тавсифи забон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон возеҳ месозад, ки ба ҷо овардани қадру манзалати забон онро дар пойдории давлат ва безаволии миллат тавону неру мебахшад. Ин дар ҳолест, ки эҳтироми Сарвари давлат нисбат ба забон ва тавсеа додани доманаи ҳудудии он дар ҳама самтҳо намунаи ибрат ва раҳнамунсоз аст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои баромадҳояшон аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ, аз ҷумла аз минбари бонуфуз-тарин созмони байналмилалӣ – СММ доир ба масъалаҳои гуногун бо забони хушбаёни тоҷикӣ суханронӣ намуда, ба ин васила борҳо забони модариамонро ба мардуми ҷаҳон ошнову қарин кардаанд. Ин дар ҳолест, ки дар чунин вохӯриҳои сатҳи баланд роҳбарон ва намояндагони аксари давлатҳо бо 7 забо-ни бузурги ҷаҳонӣ суханронӣ меку-нанд. Чунин муносибати самимӣ ва арҷгузорӣ ба забон барои ҳар як фарди худшиноси миллати соҳибтамаддуни тоҷик мояи ифтихору сарфарозӣ ва ибратпазирӣ аст.
Таъкидҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нисбат ба забони модарӣ боядҳар кадоми мо сармашқи фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем. Зеро “Арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, ки ҳамчун рукни муҳимтарини ҳастии миллат, пойдевори асосии давлатдорӣ ва фарҳангу маънавиёти халқ нақши барҷаста дорад, вазифаи инсониву виҷдонии ҳар як фарди бонангу номус ба ҳисоб меравад. Бақои забон бақои миллат ва фанои забон фанои миллат аст”, зикр намудаанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Месазад, ки мисраъҳои шукӯҳбахши забони тоҷикӣ ва миллати тоҷикро, ки аз ҷониби шоири мумтоз ва шаҳири тоҷик Бозор Собир эҷод шудааст, шиори вирдизабонии худ ихтиёр кунем:
Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,
Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.
То забон дорад, ватандор аст ӯ,
То забондор аст, бисёр аст.
Фарҳод САФАРЗОДА,
сардори Идораи телевизион
ва радиои вилояти Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
24-07-2025, 14:29
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00