Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ҷавонон пайравони содиқи Пешвои миллатанд


Ҷавонон пайравони содиқи Пешвои миллатанд




Дар  ҳама  давру  замон  кишварҳои мутараққии олам ба масъалаи донишомӯзӣ ва  инкишофи  қобилияти  ҷавонон  диққати махсус  медиҳанд,  зеро  рушди  минбаъдаи тамоми соҳаҳои ҷомеа маҳз аз ин вобаста аст. Ба хотири самаранок намудани ин раванд сиёсати давлатии ҷавонон амалӣ мегардад, ки дар ҳамбастагӣ бо дигар шакл ва навъҳо ба роҳ монда мешавад. Зеро самаранокии  сиёсати  давлатии  ҷавонон  рушди минбаъдаи инкишофи ҷомеаро дар тамоми соҳаҳо муайян менамояд.

Президенти  кишвар  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон принсипҳои бунёди сиёсати давлатии ҷавононро бо набзи замон ва руҳу иродаи ҷавонон мувофиқ сохта, дар доираи  сиёсати  созанда  ваҳдати  миллиро  миёни  ҷавонон густариш бахшида, меҳнати ҳалол ва интизоми қатъиро бунёд гузоштанд, робитаҳои судбахшро бо кишварҳои мутамаддин дар самти ҳамкориҳои ҷавонон боло бурданд ва шаклҳои нави фаъолияти ҷавононро роҳандозӣ намуданд.

Лозим  ба  тазаккур  аст,  ки  яке  аз  дастовардҳои асосӣ  ва  бузурги  ҷавонон  дар  замони  соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  нисбат  ба  ҷавонон  ва ҳамчун самти афзалиятнок қабул донистани сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.

Ҳанӯз дар оғози солҳои 90-ум Анҷумани XXV Кумитаи марказии комсомоли Тоҷикистон қарори заруриро нисбати лоиҳаи Қонун «Оиди сиёсати ҷавонони ҶШС Тоҷикистон» қабул  менамояд.  Дар  Анҷуман  вазъияти  номусоиди иқтисодӣ, ҳолати ногувори маънавӣ ва ҷисмониву ахлоқии насли ҷавон махсусан қайд гардида, зарурати таъмини заминаи ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавонон иброз карда мешавад. Кумитаи марказии комсомоли Тоҷикистон лоиҳаи қонунро барои баррасӣ ва тасдиқ ба парламенти кишвар пешниҳод  менамояд.  Ҳамин  тавр,  бо  пешниҳоди  Кумитаи марказии комсомоли Тоҷикистон сохторҳои алоҳидаи амалӣ  намудани  сиёсати  ҷавонон  дар  кишвар  таъсис дода мешавад. 

Дар даврони зиёда аз 70 соли ҳукмронии собиқ давлати Шуравӣ яке аз соҳаҳои фаъоли ташкилии ҷамъиятӣ ва ё мактаби омодасозии кадрҳои аз лиҳози иҷтимоӣ ва сиёсӣ  обутобёфта  ин  соҳаи  кор  бо  ҷавонон  бо  унвони «Комсомол» ба ҳисоб мерафт. Комсомол (Коммунистический Союз Молодежи) ягона низоме буд, ки ҳамчун ниҳоди фаъоли Ҳизби ягонаи ҳукмрони коммунистӣ ба омодасозӣ ва таъмини кадрҳои болаёқат ва «ватандӯст» барои давлати Шуравӣ хизмат мекард.

Дар  солҳои  аввали  соҳибистиқлолӣ  барои  давлати тозабунёд  ва  дар  баробари  ин  ба  таҳдиди  нобудшавӣ дучор  гардида,  бисёр  мушкил  буд,  ки  самтҳои  асосии фаъолияти  худро  муайян  созад.  Бояд  қайд  намуд,  ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ба даст оварда-ни Истиқлоли давлатӣ зарурати ногузирии ташаккул ва амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавононро пазируфтааст. Баъди 6 моҳи соҳиб гаштани Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гаштани қонуни асосии ҷавонон – Қонун “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”, ки 13 марти соли 1992 сурат гирифтааст, далели ин гуфтаҳо мебошад. Ҷумҳурии  Тоҷикистон  миёни  Иттиҳоди  Давлатҳои Мустақил  яке  аз  аввалинҳо  шуда  қонуни  асосии ҷавононро қабул кардааст. Ин бори дигар собит месозад, ки кишвари азизамон Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати давлатдорӣ ва сохтмони ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ташаккули сиёсати ҷавононро дар даврони истиқлол яке аз самтҳои асосии стратегии фаъо-лияти хеш медонад.

ДАР БОБИ 1-И ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ҶАВОНОН ВА СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН” ЗИКР ШУДААСТ: “ҚОНУНИ МАЗКУР АСОСҲОИ ТАШКИЛӢ, ҲУҚУҚӢ, ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ТАРБИЯ, ТАШАККУЛ ВА КАМОЛОТИ ҶАВОНОНРО МУҚАРРАР НАМУДА, ПРИНСИПҲО ВА ТАДБИРҲОИ ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ДАВЛАТРО ДАР СОҲАИ ИСТИФОДАИ ПУРСАМАРИ НЕРУИ ЗЕҲНӢ ВА МАЪНАВИИ ОНҲО, КИ БА МАНФИАТИ ҶАМЪИЯТ РАВОНА МЕШАВАД, МУАЙЯН МЕКУНАД.

Қонуни  мазкур  ибтидои  ташаккули  сиёсати давлатии  ҷавонон  дар  ҷумҳуриямон  буда,  дар  он масъалаҳои асосие инъикос ёфтаанд, ки ҳалли онҳо барои  ҳифзи  ҳуқуқ  ва  манфиятҳои  насли  наврасдар  шароити  марҳилаи  гузариш  ва  иқтисодиёти  бозоргонӣ аҳамияти  калон  дорад.  Баъди  ба  даст  овардани  ризоияти миллӣ ташаккул ва инкишофи сиёсати давлатии ҷавонон идома дода мешавад. Соли 1997 фармони Президенти кишвар «Дар бораи баъзе тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон» ба имзо расид. Дар асоси ин фармон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб мерасад.

Дар марҳилаҳои минбаъдаи рушди давлатдорӣ ва таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар  бораи  ҷавонон  ва  сиёсати  давлатии  ҷавонон”,  Консепсияву  стратегияи  давлатӣ  дар  самти  татбиқи  сиёсати  давлатии ҷавонон дар ҷомеа, қабул ва амалигардонии як қатор барномаҳои  соҳавии  давлатӣ,  мулоқотҳои  пайваставу  мунтазами Пешвои миллат бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ, роҳандозии як зумра ҳавасмандиҳо, аз қабили стипендияҳои президентӣ, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, грантҳои ҳукуматӣ бо мақсади дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон, таъсисёбӣ ва баргузории ҷаласаи нахустини Шурои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  таҷлили  ҳамасолаи  Рӯзи  ҷавонони Тоҷикистон,  ҷавоникунонии  сиёсати  кадрӣ  ва  дар  зинаҳои роҳбарикунанда  таъин  гардидани  шумораи  зиёди  ҷавонони лаёқатманд, ободу зебо гардонидани боғҳои фарҳангӣ, мавзеъву гулгаштҳои фароғатӣ ва бунёди майдончаҳои варзишии муҷаҳҳаз ба талаботи замони муосир ва билохира эълон гардидани  соли  2017  “Соли  ҷавонон”  дастовардҳои  беназиртарину нотакрор дар ҳаёти ҷавонони саодатманди кишвар дар даврони соҳибистиқлолии мамлакатамон мебошад. 

ҶАЛБИ НЕРУИ ҶАВОНОН БА КОРҲОИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ, ТАҚВИЯТИ ТАЪМИНИ ШИРКАТИ ФАЪОЛИ ОНҲО ДАР ҲАЁТИ СИЁСИВУ ҶАМЪИЯТӢ, ҶАЛБИ ИН ТАБАҚАИ НЕРУМАНДИ ҶОМЕА БА САФҲОИ ХЕШ БАРОИ УСТУВОР НАМУДАНИ РУКНҲОИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН, ҲИМОЯИ МАРЗУ БУМИ ВАТАНИ АЗИЗАМОН ВА МУТОБИҚАТ НАМУДАН БА ҶАРАЁНИ ТАҲАВВУЛОТИ БОСУРЪАТИ ҶАҲОН ВА ЭМИН НИГОҲ ДОШТАНИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ АЗ ТАЗЗОДҲОВУ ТАҲДИДҲОИ ЗАМОНИ МУОСИР МУСОИДАТ МЕНАМОЯД.

Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ-Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон 
чунин  қайд  намуда  буданд:  “Мо  бо  ҷавонони  созандаи  худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон  имрӯз  бо  нангу  номуси  миллӣ,  ташаббусҳои  шоиста  ва  эҳсоси  баланди  ватандорӣ  дар  рушди  Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд”.

Ин  нуктаҳо  ҳисси  баланди  масъулиятшиносӣ,  худшиносиву  худогоҳӣ,  руҳияи  озодихоҳӣ,  ватанпарастӣ,  ифтихори 
миллии  ҷавонони  саодатманди  диёрро  баланд  бардошта, бори  дигар  водор  месозад,  то  ба  қадри  неъматҳои  бебаҳо, ба мисли Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, Ватани ободу ором ва арзишҳои фарҳангии хеш бирасем. Ҷавонони кишвар низ худро воқеан давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар ҳисобида,  мактаби  бузурги  ватандӯстии  Пешвои  миллатро сабақи бузурги зиндагӣ интихоб намуда, масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо менамоянд ва барои рушду нумӯи рӯзафзуни кишвар ҳамчун созандагони фардои Ватан ва пайравони асилу содиқи Пешвои миллат тадбирҳои судманд андешида, ҳамчун неруи пешбарандаю такондиҳандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкорона фаъолияти хешро равона месозанд. 

Самандар РАҶАБАЛИЗОДА,
омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода