Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ОҒОЗИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»


ОҒОЗИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»




11 август дар Донишгоҳи давлатии Данғара даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид.

Дар маросими ифтитоҳи даври вилоятии озмун муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода иброз дошт, ки баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» як марҳалаи муҳимми маърифатӣ ва фарҳангӣ барои ҷомеаи кишвар буда, ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баргузории озмун нишонаи равшани ғамхорӣ ба маърифатнокӣ ва завқи китобхонии аҳолӣ, махсусан наврасону ҷавонон аст.

Таъкид гардид, ки тамоми шароит барои баргузории саривақтӣ ва сатҳи баланди озмун фароҳам оварда шуда, назорати ҷараёни он аз ҷониби мақомоти марбута таъмин мегардад.

Ҳамзамон аз рӯйи чор номинатсия доир шудани озмун ва ҷалби тоҷикони бурунмарзӣ як падидаи тоза ва шоёни таҳсин буда, Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар сохторҳои дахлдор тартиби иштирок тариқи маҷозиро барои ҳамдиёрони бурунмарзӣ таҳия ва мувофиқа кардаанд. Барои онҳо комиссияи алоҳида ташкил гардида, имкон фароҳам аст, ки дар шакли онлайн иштирок кунанд. Ҳадаф аз ин иқдом таҳкими ҳувияти миллӣ, забон ва фарҳанги тоҷикӣ дар миёни ҳамватанони берун аз кишвар мебошад.

Тибқи ҷадвали тасдиқшуда озмун аз 11 то 20 августи соли ҷорӣ давом мекунад.

Дар фарҷоми маросими ифтитоҳ муовини раиси вилоят бори дигар таъкид намуд, ки баргузории озмуни мазкур дар шароити муосир як амри зарурӣ буда, иштироки фаъолонаи хонандагону омӯзгорон ва тамоми қишрҳои ҷомеа дар озмун нишон медиҳад, ки миллат ба китоб ва дониш эҳтироми хоса дорад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода