Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ман ошиқи ҳаётам...


Ман ошиқи ҳаётам...




Аввалаш дар шумораи  №47

-Устод, зиндагӣ ҳамвора дар коми оташбори марг қарор дорад, Шумо тору пуди ин зиндагиро чӣ тавр танидед?

-Марг охирин саҳнаи фоҷиаи зиндагист, барҳақ, аз он ҷойи гурез нест, аммо нуқтаи охирини китоби ҳаёт ҳам нест. Тан, ки хокист, миранда асту хок мешавад. Вале руҳ абадист, намиранда аст. Мегӯянд, дар олами арвоҳ рӯҳи ҳар кас бо корҳои кардаю нокардааш мақому ҷое дорад. Номи инсон баъди мурдан ҳам, ё бо хубӣ, ё бо бадӣ боқӣ мемонад. Олимону донишмандон, адибону сиёсатмадорон дар осори аз худашон боқимонда пас аз марг ҳам зиндагӣ мекунанд. Албатта, ҳама олиму адиб намешаванд, шахсони қаторӣ низ, агар кори хайре карда бошанд, дар ёду хотирҳо абадӣ мемонанд. Ман ҳам дар умри дарози худ талош кардам, ки дасти маргро аз каштали умрам кӯтоҳ кунам.

Вақти давон ба табъи равонам намерасад,
Ҳар кас ба умқи сабки баёнам намерасад...

-Кай дарк кардед, ки шеър дар радифи шуҳрат боз мояи асосии зиндагӣ барои эҷодкор мансуб мешавад?


- Ҳаргиз дар фикри он набудаму нестам, ки тавассути шеър шуҳрат ёбам. Шоир набояд аз дунболи шуҳрат давад, балки шуҳрат бояд дунболи шоир бошад. Шоир агар шоири ҳақиқӣ бошаду шеъраш ба дарди мардум хӯрад, ба ҷону дили мардум ҷой гирад, шуҳрат худаш ба суроғи шоир меояд. Шеърро ҳаргиз воситаи рӯзгузаронӣ накардаам. Ба хотири молу сарват ба ҳеҷ каси дорою соҳибмансаб шеъре набахшидааму минбаъд низ бахшиданӣ нестам. Ман появу мартабаи шоирро аз ҳар мансабу дороӣ болотар медонам. Ончуноне, ки гуфтам:

Бартар аз мартабаи шоир чист?
Бартар аз мартабаи шоир нест.
Вақти илҳом, ки чун ваҳйи илоҳӣ бошад,
Ба рисолат бирасад шоиру доҳӣ бошад.
Ҳарфи ӯ ҳарфи Худост,
Умри ӯ сарфи Худост.
Шеърро хор макун,
Шеърро колаи бозор макун.
Шоир он аст, ки ҳамчун хуршед,
Сӯзаду рӯз кунад шабҳоро.
Сатри шеъраш чу хати нургузар,
Бидиҳад нур дилу дунёро.
Шеърро хор макун,
Шеърро колаи бозор макун.
Дафтари шеър дирафше бошад,
Ки шукӯҳе бидиҳад майдонро.
Шоир он марди аламбардорест,
Ки барад сӯи зафар мардонро.
Шеърро хор макун,
Шеърро колаи бозор макун.
Эй зада ҳалқа ба ҳар пушти даре,
Устухоне бирасад то зи касат,
Эй шуда шоирӣ аз ту бадном,
Суфраи шеър ҳаром аз нафасат.
Шеърро хор макун,
Шеърро колаи бозор макун.

-Оё боре ошиқ шуда будед? Агар ин амали савобро ноил шуда бошед, шеъри аввалинатон дар ин мавзуъ?

Шоири бе ишқ мурғи бепар аст.
Беҳарорат моҳу беҷон пайкар аст.

-гуфтааст устод Мирзо Турсунзода, ки ҳақ ба ҷониби ӯст. Ду чиз ҳамсафари доимӣ ва якумрии шоир аст: яке ишқи маҳбубаву дигаре ишцидунё. Бе ин ду ҳамсафар шоир ба манзили умед намерасад. Доир ба ишқи аввалам дар китоби насрии “Сияҳҷангал” нақл кардаам. Ҳоҷати такрор нест. Ин шеър ёде аз ҳамон ишқи ноком аст:

Ёд дорӣ?
Ошиқии мову ту
Чун дили мо пок буду сода буд,
Ишқи мо навмайса буд,
Навғунча буд, нашкуфта буд.
Роз буд, ногуфта буд, афсона шуд.
Ёд дорӣ?
Ҳо ҳамон рӯзи баҳор,
Аз шарикдарсони худ бигрехтем,
Рӯи сабза, рӯи гул, болои хор,
Чун гулу шабнам ба ҳам омехтем.
Умр рафту орзуҳо ёд шуд,
Ёди он афсона гирёнам кунад.
Бӯсаи он дам зи ту настондаам,
Чу нигоҳат таънаборонам кунад.

- Устод, мегӯянд, ки зиндагӣ саросар тазод аст, буданд тангравишҳое нисбататон?

-Мутаассифона, бадию бахилӣ дар дунё зиёд аст, буду ҳасту мемонад. Камбағал ба доро бахилӣ мекунаду номуваффақу беистеъдод ба каси муваффақу соҳибистеъдод. Ба гуфтаи ман: “Нобарор аз ҳама домангир аст”,
Аммо ман ба неку бади касе кор надорам, парвои ҳасуду бахилон ҳам надорам. Агар касе ҳасад мебараду бахилӣ мекунад, биёяд, бе ҳеҷ дудилагӣ белу каланду доси буррои алафдаравии тезкардаамро ба ӯ мебахшам.

-Шумо зиндагии музофотиро аз шаҳр дида авлотар донистед?

-Хости тақдиру қисмат буд, ки шаҳрро тарк карда, ба деҳа омадам. Мардуми деҳот беғаразтару меҳрубонтаранд. Дар ин ҷо муносибат ба якдигар, ҳолу аҳвол пурсидан дар мадди аввал меистад. Забонбозию дурӯягию дуруштӣ ин ҷо камтар аст. Баъдан дур аз ғавғову дуду ғубори шаҳр зистанро авлотар донистам. Албатта, танҳоӣ мекашам, гоҳо як ҳамсуҳбате, ҳамнишини мувофиқ намерасад. Аммо аз он ки ба деҳа омадам, пушаймон нестам. Образҳо, тасвирҳое, ки дар ин ҷо пайдо кардам, ҳаргиз пушти дарҳои бастаи ҳуҷраҳои идораҳои шаҳр наметавонистам онҳоро биёбам.

Тақдир чунон хост, ки дар деҳа бимонам,
Дар ҳалқаи авом чу шамъе ба мазоре.
Чун аҳли қубуранд, надонанду надоранд,
Бар нури ману сӯзи мани сӯхта коре.
Худро бидиҳам гоҳ ба ин фанд тасалло,
К-аз ҳукми қазову қадар аз чӣ ба фиғонӣ,
Худ ин шарафам бас, ки қалам карда чу машъал,
Рӯшангари чапкӯчаи тори дигаронам.
Ҷои гила он нест, ки манро нашиносанд,
Хизрам, ки миёни ҳама аз чашм ниҳонам.
Ҷои гила ин ҷост, ки як рӯз бимирам,
Дар ҳасрати бедории ин қавму натонам,
Бедор-ш бубинам.

-Кори эҷодӣ бароятон осонтар аст, ё кори деҳқонӣ?

- Ҳарду аз кас заҳмату арақи ҷабин рехтанро талаб мекунаду дасту дили гарм.

- Устод, равия, услуб, шакл, қофиябандӣ ва мизони шеърофариатон аз зиёда шоирон куллан тафовут дорад. Инро чӣ тавр маънидод мекунед, ҷудо шудан ва ба дигар роҳу услуб пеш гирифтани шеърофарӣ, навоварӣ, ё худро дар зинаи болотаре гузоштан?

-Шоирон гуногунанд, ҳар яке ба андозаи қобилияту истеъдоди худ чизе менависаду эҷод мекунад. Яке хубтар, дигаре бадтар. Хонанда ҳам гуногун аст. Аз ин рӯ, ҳар як шоир, хоҳ хуб бошаду хоҳ бад, хонандаи худро дорад. Ҳаргиз дар фикри он набудам, ки аз шоирони дигар болотар бошам. Чӣ тавре, ки метавонистаму қудрат доштам, эҷод кардам. Пайроҳаи эҷодии ман пурпечутоб ва душворгузар буд. Дар оғоз асосан ғазал менавиштам. Боре дар анҷумани Иттифоқи нависандагон як ғазали маро:

Туқтуқи соат ба гӯшам мерасад, ҳар лаҳза чист?
Он садои наъли аспи умри дартози ман аст.

таъриф карда, раиси Иттифоқи нависандагон устод Муъмин Қаноат қайд намуданд, ки: “Алимуҳаммад Муродӣ шоири лирик аст, тираш гоҳо ба нишон мерасад, аммо мехоҳад, ки ракетаро бо камони Рустам бипарронад.” Ин суханони устод (намедонам меарзам ё не, худро шогирди устод Муъмин Қаноат медонам), маро водор кард, ки дар пайи сохтани космодром (ҷое, ки мушакҳо ба осмон парвоз мекунанд), бошам. Дар ҷустуҷӯи роҳу равиши наве бошам, ки ба ҳеҷ кас монандӣ накунам. Кӯтоҳ бошаду пурғунҷоиш. Забони модарии мо ончунон пурқудрат аст, ки агар калима дар вақти зарурӣ ва дар ҷояш кор фармуда шавад, метавонад як ҷаҳон маъниро дар худ биғунҷонад. Намунаҳои ин дар ашъори бузургони адабиётамон зиёданд. Барои мисол ин байти Ҳофизро меорам:

Гуфт он дӯст, к-аз ӯ гашт сари дор баланд,
Ҷурмаш ин буд, ки асрор ҳувайдо мекард. 

Дар мисраи якум калимаи “дӯст” ва таркиби сари дор баланд шудан чунин борро мекашад. Ҳангоми ҷустуҷӯйҳои эҷодӣ чанд шеъри танкоҳои японӣ ба дастам афтод. Кӯтоҳ буданду пурғунҷоиш. Хамин чизҳо маро водор кард, ки ба шеъри кӯтоҳ рӯ биёрам. Он вақтҳо чунин шакли шеърӣ дар адабиёти тоҷик набуд. Аз аввалин шеърҳои дар ин жанр тоза эҷодкардаам чанд намуна меорам:

Барқ рахшиду бирафт,
Ғафстар шуд пас аз он торикӣ.
Чашми ман ҳеҷ ба ин тирагӣ одат накунад.

Ё шеъри дигар:

Раҳ паридаст,
Гузаргоҳе нест,
Осмон сели бало мерезад.
Он чароғе, ки ба сӯяш ҳама шаб мерафтам,
Чашми гурги гушнаст.

Идома медиҳем:

Дарахте хам зада мисли хушомадгӯ,
Кабӯтарҳои кӯҳӣ донак мекобанд байни тӯдаи пору,
Ва дар сӯе алови сурх мелесад таги деги сиёҳеро.

Вақте бори аввал ин шеърҳо чоп шуданд, баъзе ҳамқаламон мегуфтанд: “Алимуҳаммад, инҳо чиҳоянд, ки ту менависӣ?”. Шеърҳоро шарҳ медоданду мегуфтанд, ки хонанда ин қадар вақту тоқате дорад, ки дар сари шеърҳои ту майна об кунад? Ростӣ, худам ҳам андеша мекардам, ки оё хонанда ба умқи ин шеърҳо ғӯта зада, аз он ҷо гавҳари маъниҳоро, ки дар онҳо ниҳон аст, метавонад пайдо кунаду бурун орад? Хушбахтона, хонандаи закӣ ва мӯшикоф онҳоро хуш қабул кард ва мувофиқи завқу хоҳишаш чунон маъноҳоро пайдо мекард, ки худам ҳам онҳоро дарк накарда будам. Чанде аз шоирони имрӯза ба ин жанр рӯ оварда, дар он қувваозмоӣ карда истодаанд. Баъди он ки ба гуфтани шеърҳои кӯтоҳ сар кардам, чанд муддат ғазал нанавиштам. Вақте эҳсос кардам, ки метавонам дар ғазал сухани тозае гӯям, ба ин жанри аз имтиҳонҳову ҳаводис гузашта, боз рӯ овардам. Дар ғазал ҳам мешавад тозакориҳову тозагӯиҳое кард, ки ин ба қудрату истеъдоди шоир вобаста аст.

- Баҳоятонро ба кадом адиби имрӯза, ки шеъраш ба қавле “аз шеваи халқ аст”, холисона медиҳед?

- Ҳаққу ҳуқуқи онро надорам, ки ба ин ё он шоир баҳо диҳам. Дар майдони адабиёт ҳар кас ҳар хеле ки метавонад, “аспдавонӣ” мекунад. Ва ҳамаи онҳо ихлосмандону хонандагони худро доранд. Вақт муайян мекунад, ки кадоме мемонаду кадоме не.

- Оё лаҳзае буд, ки худро барои шоир шудан мазаммат карда бошед?

- Шоириро бо хосту ихтиёри худ интихоб накардаам. Ин хости Худову тақдирам буд. Вақте ғамзадае, ё ба сараш мушкилие омадае аз ҳар гӯшаву канор ба ман занг зада, изҳори миннатдорӣ мекунад, ки шеъри ман ба ӯ кумаке кардааст, бори ғамашро сабук кардааст ва мушкилашро осон гардондааст, шод мешавам. Ва шукрона мекунам, ки шоирам ва ҳаргиз худро мазаммат накардаам ва ҳам намекунам. Балки аз навиштаҳоям ифтихор мекунам.

- Устод, бо розигии Худои муттаол ба синни ҳаштод расидед. Бо чӣ дастовез ин санаи муборакро истиқбол мегиред?
- Ба санаи ҳаштодсолагии умрам дасти холӣ наомадаам. Китоби навамро, ки “Гарди хирмани умр” ном дораду дар ҳамин рӯзҳо чоп шудааст, дастовез овардааму бо сари баланд туҳфааш мекунам.

- Ақидаатон дар боби адабиёти наз-мии имрӯза?

-Адабиёти ҳозираи тоҷик хеле пеш рафта, пур аз такопӯву ҷустуҷӯву бозёфтҳои эҷодӣ аст. Фикр мекунам, дар байни адабиёти умумифорсӣ мақому ҷойи арзандаи худро дорад. Ҷавонони зиёде ба майдони адабиёт ворид шуда истодаанд. Ин бисёр хурсандиовар ва умедворкунанда аст.

-Устод, ташаккур барои ин суҳбати самимӣ. Таманно мекунем, сиҳату саломат бошеду барои мухлисонатон чакидаҳои нав ба навро рӯи сафҳа биёред.

-Ба Шумо низ ташаккур, саломат бошед!

Мусоҳиб Абдуҳалим САЛИМЗОДА,
махсус барои рӯзномаи «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода