Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Марҳабо, ба Хатлон!


Марҳабо, ба Хатлон!




Дар Форуми байналмилалии сайёҳии “Хатлон - қалби гарми  сайёҳӣ”,  ки  20  июни  соли  ҷорӣ  дар  шаҳри  Кӯлоб баргузор  мегардад,  иштироки  намояндагони  корпуси дипломатӣ, доираҳои соҳибкориву сармоягузорӣ ва шарикони рушд аз хориҷи кишвар, ҳамчунин соҳибкорони ватанӣ ва роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ дар назар аст.

Тавре  ки  ба  рӯзномаи  “Хатлон”  аз  шуъбаи  рушди  сайёҳии Мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии  вилоят  иттилоъ  доданд,  форуми  мазкур  заминае барои  табодули  афкор, пешниҳоди идеяҳои нав, таҳкими  робитаҳои байналмилалӣ  ва ҳамкории судманд дар соҳаи сайёҳӣ хоҳад буд.

-  Вилояти Хатлон  дорои захираҳои  беназири  табиӣ,  таърихиву  фарҳангӣ ва  шароити  мусо-иди  экологӣ  буда, имкониятҳои фарохе барои  густариши  намудҳои  гуногуни сайёҳӣ, аз қабили сайёҳии фарҳангиву  таърихӣ,  экологӣ, аграрӣ,  муолиҷавӣ,  кӯҳнавардӣ ва  шикор  пешниҳод  мекунад,  - гуфт Б. Диловар, мудири шуъбаи рушди сайёҳӣ. 

Ёдовар  мешавем,  ки  дар қаламрави  вилоят  беш  аз  900 ёдгории  таърихиву  фарҳангӣ  ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, қалъаи  Ҳулбук,  Аҷинатеппа, Тахти  Сангин,  мадрасаи  Хоҷа  Машҳад  ва Мамнуъгоҳи  “Бешаи  Палангон”  ба феҳрасти Мероси умумибашарии ЮНЕСКО  шомил  гардидаанд  ва  имкони ҷалби  шумори зиёди  сайёҳонро фароҳам  меоранд.

Ҳукумати  Ҷум-ҳурии  Тоҷикистон ва  Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти  давлатии  вилояти Хатлон  барои  шарикони  хориҷӣ шароити  мусоиди  ҳуқуқӣ,  дастгирии институтсионалӣ ва фазои боварибахши ҳамкорӣ дар соҳаи 
сайёҳиро фароҳам меоранд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода