Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » «Ман»-и зан + «ман»-и мард» =ҶАНҶОЛҲОИ ОИЛАВӢ


«Ман»-и зан + «ман»-и мард» =ҶАНҶОЛҲОИ ОИЛАВӢ



-Ман марди хонаам, занкалон намешавам!
-Ман кор мекунаму шавҳарам хонашин аст.
- “Ман”-и зан аз бекории мард аст.
-“Ман”-и зану мард азоби фарзандон.
-Ман рӯзгорро пеш мебарам, ту ақаллан кори мардакиатро иҷро намо...
-“Ман”..., “ман...”, “ман”-ҳои беохир.


МАРДИ САРХАМ...

Дар  зиндагӣ  бисёр  мушоҳида  мекунем,  ки ҷанҷолҳои оилавӣ барои зану мард як ҳодисаи муқаррарӣ  шуда  мондааст.  Бо  як  баҳонаи  ночизе  байни  онҳо  моҷаро  бармехезад.  “Ман”-и зану мард оқибат ба ҷанҷол меанҷомад. Баъзан ба худ суол медиҳам: Ин “ман”-ҳои хонасӯз аз чӣ пайдо мешаванд? Рӯзе дар шаҳр шиноси қадрдонам  Некрӯзро  вохӯрда  мондам.  Баъди суҳбати  тӯлонӣ  ӯ  як  ҳодисаеро,  ки  шоҳидаш шудааст, нақл кард ва ба ин суолам посух дарёфтам...

-Дар ҳамсоягӣ як оилае зиндагӣ мекунад,- ба  нақл  шуруъ  намуд,  ӯ.-Зан  сарварии  оила-ро ба даст гирифтааст. Зан тоҷир аст, оиларо мехӯронаду мепӯшонад. Мард бошад, дар ягон ҷо кор намекунад. Саломатиаш, ки хуб нест, хонашин аст. Аҳён-аҳён дар ягон хонаи ҳамдеҳа коре баромада монад, ҳарду якҷоя мардикорӣ мекунем.  Рӯзе,  қарибиҳои  нисфирӯзӣ  коре пайдо шуд ва ба хонаи Расул рафта, аз ин хабардораш намудам. Ӯ дар ҳавлӣ ба буридани навдаҳои  ангур  машғул  буд.  Баробари  шуни-дани   ин   хабар  аз  нардбон  поин  шуда,  хост тағйири  либос  кунад.  Дар  ин  вақт  завҷааш Фирӯза рӯйи ҳавлӣ баромада, омирона пурсид:

-Ҳа, мардак, сафарҳо бахайр?

-Коре пайдо шудааст, рафта онро қабул кунем,- фаҳмонд Расул.

-Пас,  ягон  пурсиш  нест,  “шаҳр”  (хона  дар назар  аст)  бедарвоза  набудагист?!-дубора  бо ситеза гуфт зан.

-Ман ҷойи дур нарафта истодаам, кор дар деҳаи худамон.

-Кори ҳамсоя кору кори хона кор не-а? Ҳар рӯз келин аз барги токрӯбӣ безор шудааст, якбора навдаҳои онро қаламча карда мон.

-Кор  аз  даст  меравад,-занро  розӣ кунониданӣ мешуд Расул.

-Кори  ёфтаат  аз  сарат  монад.  Ман  рӯзи дароз кор карда, хӯрду хӯроки хонаро муҳайё созаму  боз  гапи  ман  бароят  қадри  арзан накунад-а?!  Ба  ҳеҷ  куҷо  намеравӣ.  Оиларо хӯронда наметавонӣ, ақаллан кори мардакиат-токбуриро иҷро намо,-шӯрида гуфт зан.

Шояд  Расул  интизор  набуд,  ки  завҷааш дар ҳузури шахси бегона ӯро паст зада, ба хок баробар  мекунад,  аз  шарм  суп-сурх  шуд.  Ӯро пеши зан сархам дида, худро ноҳинҷор ҳис намудам. Ҷӯраҷон, ана ҳамин хел “кино”...

Нақли  дӯстамро  шунида,  ба  худ  андешидам: “Ман”-и зан аз бекории мард пайдо мешудааст...

ЗАНИ ХОНАШИН “МАН”-И ХУДРО НАДОРАД

Дар ин мавзуъ бо якчанд зан ҳамсуҳбат шудам.  Андешаҳои  онҳо  гуногун  буданд.  Яке  аз онҳо  худро  Салима  муаррифӣ  кард  ва  фикри хешро дар ин хусус чунин баён намуд:

-Ҳар як зану мард “ман”-и худро дорад. Вале банда  “ман”-и  худро  надорам.  Чаро  мегӯед? Аввалан  узри  зиёд,  ки  номи  аслии  хешро  нагуфтам, зеро боз зери гапи шавҳар намонам.

Ман  як  зани  деҳотиам.  То  синфи  ҳаштум мактаб хонда, на саводи хуб дораму на касб. Кори пахта гуфтаму нахондам. Пахтакориро касб ҳисобидам, аммо он касб не, як кори мавсимӣ будааст. Волидайн маро барвақт ба шавҳар доданду оилаи худро бунёд намудам. Бо гузашти вақт соҳиби фарзандон шудам. 

Шикасту рехти хонадон, низоми рӯзгор бар дӯши ман аст. Шавҳарам кор мекунад, оиларо таъмин менамояд. Гапи ӯ дар оила гап асту ҳар замон мегӯяд: “Кори ту таваллуд кардану тарбияи фарзандон аст”. Ин дар тӯли зиндагии якҷоя бо шавҳарам одат шудаю талаби  “ман”-и  худро  надорам.  Муҳимаш  оила  мустаҳкаму  шавҳарам паҳлуям бошад ва кӯдаконамон солеҳу солим ба камол расанд.

Ба зан-модар боз чӣ лозим аст? Аз “ман”-е, ки боиси ҷанҷолу ҷудоӣ мегардад, безорам. Ана ҳамин тавр!

... МО БАРОБАРҲУҚУҚЕМ

Марде ки аз гуфтани номи худ худдорӣ намуд, бо ҳасрат мегӯяд: “Зиндагӣ пастиву баландиҳо дораду доимо яксон намемонад. Замоне мардҳоро сутун ва ризқу рӯзирасони хонадон мегуфтанд. Ак-нун ин сифатҳо андаке коҳиш ёфтааст. Ҳоло баръакс, зан сари кор буда, оиларо мехӯронаду аз шавҳар як сари гардан боло меистад.

Завҷаи ман сардори як идора асту ман дар ин ҷо ходими қаторӣ шуда кор мекунам. Дар коргоҳӯ “ман”-и худро нишон медиҳад. “Ман сардоратон ҳастам”, - гӯён фармонфармоӣ мекунад. Дар хона бошад, “ман”-и банда ҳукмрон мешавад. Бо ҳамин мо баробарҳуқуқему 
зиндагиамон рангин мегузарад...

БИЁ, АҲЛОНА ЗИНДАГӢ КУНЕМ!

Зариф ронандаи нақлиёти мусофирбар мебошад. Ӯ марди чақ-чақӣ аст. Вақте ки дар мавзуи “ман”-и зану мард бо ӯ суҳбат намудам, хандиду фикрашро ба таври зайл баён намуд:

-Ҳар  кас  ҳаққи  бахти  некро  дорад.  Вале  завҷаи  ман  инро фаҳмидан  намехоҳад.  “Ман  духтари  шаҳрӣ  ҳастам  ва  дар  деҳот зиндагӣ кардан намехоҳам, ман духтари фалониям, падарам дар фалон ҷо кор мекунад, ман, ман...”- гӯён аз андак мушкилоти зиндагӣ қаҳр карда, роҳи хонаи падариро пеш мегирад. Ин сабукандешӣ оиларо обод намекунад. Бинобар ин, ба ӯ гуфтаниям: “Азизакам, биё, аҳлона зиндагӣ кунем”...

-Маслиҳат-МЕХОҲЕД, КИ ХУШБАХТ БОШЕД?

Оила  муқаддасотест,  ки  марду  занро  ба  ҳам  меоварад.  Агар хоҳед, ки дар оила хушбахт бошед, аз баҳри “ман”-и худ гузаред, якдигарфаҳмӣ карда, зиндагиро ширин созед. Бисёр оилаҳоеро медонам, ки солҳои зиёд зану мард бо ҳам хушу хурсандона зиндагии якҷоя доранд. Тӯли ин солҳо боре ҳам “ман”-и худро ба якдигар нишон надодаанд. Агар ҳар тараф “ман”-и худро нишон диҳад, он ба ҷангу ҷанҷоли оилавӣ бурда, касро хонавайрон месозад. Дар ин оилаҳои хушбахт шавҳар кор карда, рӯзгорро пеш мебарад. Ин вазифа ва қарзи шавҳар аст, албатта. Аз ин рӯ, онҳо таъна намезананд, ки зан хонашин аст ва барои ризқу рӯзиёбӣ миннат ҳам намекунанд. Зеро хуб дарк кардаанд, ки масъулияти зан низ беш аст. Заҳмати зиёди инсонӣ-тавлиду тарбияи фарзандон, сариштаи рӯзгорро ба дӯш дорад. Ин ҳам кори саҳл нест. Дар маслиҳату машварати якдигарӣ, кумак ба кору бори рӯзгор, дастгирии ҳамдигарӣ ҳаётро пеш мебаранд...

Пас, ҳар яки шумо низ “ман”-и худро ба амали зайл истифода кунед: “Ман туро дӯст медорам, ҳамсафари умрам!”.

АЗ “ХАТЛОН”:Хонандаи азиз! Шояд ту ҳам “ман”-и худро дорӣ? Пас, дар ин хусус андешаҳои хешро ба мо навис, интизори номаи туем...

А. САТТОР, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода