Ҷамъбасти натиҷаҳои тараққиёти иқтисодию иҷтимоии вилоят
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Хабари рӯз / Сиёсат / Иқтисоду тиҷорат, Боздид 1 090
Имрӯз, 9 июл, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои тараққиёти иқтисодию иҷтимоии вилоят дар шаш моҳи соли 2021 бо иштироки муовини сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода барпо гардид. Зимнан, маълумоти муфассал оид ба натиҷаҳои тараққиёти иқтисодию иҷтимоӣ дар нимаи якуми соли ҷорӣ аз тарафи муовини аввали раиси вилояти Хатлон Амонулло Салимзода шунида шуд.
Тавре қайд гардид, ки мувофиқ ба нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят 7261 иншооту биноҳо сохта, ба истифода дода шуд, ки аз ин ҳисоб 9378 ҷойи нави кории доимӣ ва 22322 ҷойи кории мавсимӣ таъсис дода шуд. Нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда 94,7 фоиз таъмин гардида, дар 406 ин шооти боқимонда корҳо бомаром идома доранд. Дар бунёд ва баистифодадиҳии иншоотҳои ҷашнӣ саҳми роҳбарони гурӯҳҳои кории вазорату идораҳои ҷумҳурӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Данғара, Балҷувон, Ховалинг, Муъминобод ва Кӯшониён, соҳибкорон, шахсони саховатманд ва аҳолӣ назаррас мебошад.
Илова шуд, ки иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 106,6 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 902,3 миллион сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбати нақша 55,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар иҷрои нақшаи андозҳо ҳиссаи шаҳру ноҳияҳои Левакант, Темурмалик ва Ховалинг назаррас мебошад. Бо вуҷуди ин, иҷрои нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетиро нозироти андози ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таъмин накард. Боиси нигаронист, ки нозироти андози шаҳру ноҳияҳои Ёвон 4 намуд ба маблағи 19,2 миллион сомонӣ, А. Ҷомӣ 4 намуд ба маблағи 5,9 миллион сомонӣ, Қубодиён 4 намуд ба маблағи 2,2 милли он сомонӣ, Дӯстӣ 2 намуд ба маблағи 717,9 ҳазор сомонӣ, Муъминобод 3 намуд нақшаи андозҳоро ба маблағи 687,3 ҳазор сомонӣ иҷро накарданд. Аз ин ҳисоб ба буҷет 28,7 миллион сомонӣ маблағ ворид нагардид. Нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетиро ноҳияҳои А. Ҷомӣ, Ёвон, Муъминобод, Восеъ ва Фархор таъмин накарда, аз ҳисоби шаҳру ноҳияҳои болозикр ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ 5,3 миллион сомонӣ маблағ ворид нашуд. Бақияпулиҳои андоз ба 1 июни соли ҷорӣ 179,9 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали сол 9,9 миллион сомонӣ кам карда шуд. Бақияпулиҳои андози иҷтимоии буҷетӣ аз рӯи маълумоти Сарраёсати молияи вилоят дар ноҳияҳои Ҷ. Балхӣ, М. Ҳамадонӣ ва Ш. Шоҳин мавҷуд набуда, раёсатҳои молияи 22 шаҳру ноҳияи дигар маблағи қарзро пардохт накардаанд.
Дар вилоят бо мақсади амалӣ гардидани ҳадафи чоруми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, саноатикунонии босуръати кишвар, корҳои муайяне ба сомон расонида шудааст. Саноатчиёни вилоят дар 6 моҳи соли 2021 ба маблағи 4,1 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, ҳаҷми истеҳсолро дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2020 ба маблағи 365,4 миллион сомонӣ зиёд ва суръати афзоишро 9,6 фоиз, бо назардошти нархҳои қиёсӣ дар сатҳи 5,9 фоиз таъмин карданд, - изҳор дошт А. Салимзода.
Гуфта шуд, ки бо андешидани тадбирҳои муайян ва иловагӣ дар 6 моҳи соли 2021 вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ, аз рӯи аксар нишондиҳандаҳо рӯ ба беҳбудӣ оварда, ҷараёни амалигардонии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои талаботу муқаррароти санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ иҷрои самарабахши стратегияҳо, консепсияҳо, барномаҳо, стандарту низомномаҳо, қоидаву тартибҳои муқарраршуда корҳои муайяне ба сомон расонида шуд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят диққати худро барои пешгирии бемории коронавирус “COVID - 19” равона намуда, масъалаҳо ва проблемаҳои бамиёномадаи ин беморӣ мунтазам дар ҷаласаҳои ситоди вилоятӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Дар қисмати дигари ҷаласа баҳри ислоҳи камбудию норасоиҳо ва фаъолияти минбаъда дар номсолаи дуюми соли 2021 муовини сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба масълини соҳаҳо ва раисони шаҳру навоҳӣ дастуру супоришҳои қатъи доданд.
Қ. Ҳакимзода изҳор дошт, ки аҳли заҳмати вилояти Хатлон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи дохилӣ тамоми тадбирҳоро барои рушди иқтисодиёт, беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ, вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ, бо нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона месозанд.
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04