Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Кумак ба ятимону маъюбон савоби бузург дорад


Кумак ба ятимону маъюбон савоби бузург дорад



Мусоҳиба  бо  имомхатиби  масҷиди  ҷомеи  ба  номи  Имоми  Аъзами шаҳри Бохтар Усмоналӣ Нурзода оид ба фазилатҳои Иди Қурбон

-  Фазилати  Иди  Қурбон  чӣ  гуна шарҳ  дода  мешавад  ва  аҳамияти  он дар ҷомеа чист?

-  Иди  Қурбон  яке  аз  ду  иди  асосии  мусулмонон  аст,  ки  аз  рамзи  итоат  ва  қурбонии  ҳазрати  Иброҳим алайҳиссалом бар Парвардигор сарчашма мегирад. Ин ид на танҳо рӯзи қурбонӣ, балки  рӯзи  итоат,  раҳмат,  ихлос  ва эҳтироми арзишҳои маънавӣ аст. Барои ҷомеа  Иди  Қурбон  замонест,  ки  эҳсоси якдигарфаҳмӣ, ҳамдигаркумакрасонӣ ва ҳамбастагӣ қавитар мегардад.

- Чаро эҳсон ва расонидани кумак ба  ниёзмандон,  ятимон  ва  маъюбон дар рӯзҳои ид тавсия мешавад?

- Рӯзҳои ид на танҳо рӯзҳои хурсандӣ барои  сарватмандон,  балки  замоне  ба-рои  фароҳам  сохтани  хурсандӣ  ба  ни-ёзмандон аст. Паёмбари акрам (с) фар-мудаанд: «Беҳтарин инсон он касест, ки барои  дигарон  фоида  дорад».  Расони-дани  кумак  ба  ятимону  маъюбон  саво-би  бузург  дорад  ва  маънои  аслии  Иди Қурбонро пурра мекунад.

- Оё Иди Қурбон танҳо бо қурбонӣ маҳдуд  мешавад  ё  дигар  амалҳои хайр низ мавриди тарғибанд?

- Қурбонӣ танҳо яке аз ибодатҳои Иди Қурбон аст. Намози ид, зиёрати хешовандон, аёдати беморон, кумак ба ниёзман-дон,  оштии  байни  одамон,  гуноҳбахшӣ ва  дуо  гуфтан  низ  аз  амалҳои  хайр  ва тавсияшавандаи ин рӯзанд.

- Чӣ гуна метавон Иди Қурбонро ба фурсати беҳтарини тақвияти ҳамдилӣ ва муҳаббат миёни аҳли ҷомеа табдил дод?

-  Бо  анҷом  додани  амалҳои  хайр, эҳтиром  ба  калонсолон,  бахшиш  ва  табассум  дар  рӯйи  якдигар,  дидорбинии ҳамдигар ва дуо гуфтан барои сулҳу амният. Ид рӯзест, ки кинаҳо бояд аз қалбҳо дур  шаванд  ва  муҳаббат  ҷойгузини  он гардад.

-  Барои  волидон  ва  ҷавонон  чӣ тавсияҳое доред, то ин рӯзҳо маънавӣ ва пурсамар гузаранд?

- Волидон бояд фарзандонро бо маънии аслии ид шинос кунанд. Ба ҷавонон лозим  аст,  ки  дар  амалҳои  хайр  саҳм гиранд,  волидонро  хурсанд  кунанд,  ба бузургсолон ва ниёзмандон кумак расонанд. Ид танҳо хӯрдану пӯшидан нест, он фурсатест барои тақвияти руҳ ва тақвои шахсӣ.

-  Дар  бораи  оростани  дастурхони идона каме шарҳ медодед?.

- Ислом исрофро сахт маҳкум мекунад. Идро метавон бо як дастархони одӣ, аммо бо қалби хушу нияти нек гузаронд. 

Паёмбари акрам (с) фармудаанд: «Муъмин бояд миёнарав бошад». Савоб дар он нест, ки бештар бихӯрӣ, балки дар он аст, ки дигаронро шод гардонӣ ва ризоияти Худоро биҷӯӣ.

Дар ҷараёни суҳбат бо деҳқонон таъкид гардид, ки рушди соҳаи кишоварзӣ, хусусан дар минтақаҳои кӯҳӣ  ва  дурдаст,  омили  муҳими  таъмини  амнияти  озуқаворӣ  ва  беҳбудии  сатҳи  зиндагии  сокинон маҳсуб  меёбад.  Раиси  вилоят  ҳамчунин  пешниҳод намуд,  ки  баҳри  васеъ  кардани  заминҳои  кишт, афзоиши  ҳосилнокӣ  ва  баланд  бардоштани  самаранокии  меҳнат,  аз  таҷҳизоти  замонавӣ  истифо-да  бурда  шуда,  ҳамзамон  бо  ҷалби  мутахассисон машваратҳои илмӣ-амалӣ ба роҳ монда шаванд.


-  Кадом  амалҳои  хайр  дар  Иди Қурбон бештар савоб доранд?

-  Амалҳои  хайр  дар  Иди  Қурбон зиёданд: қурбонӣ кардан, таом додан ба ятимону камбизоатон, дидорбинии падару  модар  ва  калонсолон,  маъюбону барҷомондагон, оштии байни хе-шовандон, бахшидани гуноҳҳои якди-гар ва дуогӯӣ барои сулҳу осоиштагии кишвар.

-  Дар  бораи  идгардак  кардани кӯдакон   чӣ  назар  доред?  Оё  ин амал аз рӯйи Ислом вуҷуд дорад?

-  Идгардак  кардан,  яъне  хона ба  хона  рафтан  ва  талаби  туҳфа  ё ширинӣ  кардан,  дар  суннати  исломӣ вуҷуд  надорад.  Ин  анъана  бештар аз фарҳангҳои дигар омадааст. Хатари  аз  назорати  падару  модарон  бе-рун  мондани  кӯдакон  низ  ҷой  дорад. Беҳтар аст, ки волидон кӯдаконро ба маънии аслии ид, хайр кардан ва дуо хондан тарбия кунанд.

-  Паёми  Шумо  ба  мардуми  вилояти Хатлон ва махсусан ҷавонон дар арафаи Иди Қурбон чист?

- Ба мардуми сарбаланди вилояти Хатлон муроҷиат мекунем, ки идро бо ихлосу муҳаббат таҷлил намоянд, ба ёди  ятимон  ва  ниёзмандон  бошанд, якдигарро  бахшанд  ва  шукргузор  бошанд.  Ба  ҷавонон  мегӯям:   Ислом дини  меҳру  муҳаббат  ва  маърифат аст. Аз ҳамин рӯзҳо истифода баред, то  шахсияти  комил  ва  фарзандони боэътимоди  миллат  гардед.  Бояд  мо шукргузор аз тинҷиву осоиштагии давлату  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон бикунем.  Воқеан,  Асосгузори  сулҳу ваҳдати  миллӣ  -  Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  баҳри сулҳу  суботи  кишвар,  якдилию иттифоқии мардуми тоҷик, дастгирию ғамхории  маъюбону  барҷомондагон ва  хушбахтию  зиндагии  осоиштаи тамоми  ҳамватанон  иқдомҳои  некро роҳандозӣ  мекунанд.  Бинобар  ин, шукргузорӣ аз доштани чунин Роҳбари давлат намоем.

Ба  ҳамаи  ҳамватанон  бори  дигар иди  Қурбон  мубораку  фархунда  бошад!

Суҳбаторо
С. АЗИЗЗОДА, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода