Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Вақте ки сухан дар бораи истироҳат меравад, бисёриҳо онро ҳамчун фурсате барои фароғат ва раҳоӣ аз ташвишҳои зиндагӣ дарк мекунанд. Вале дар асл, истироҳат низ ниёз ба маданият ва тарбият дорад. Он танҳо хоб, сайругашт ва хӯрдану пӯшидан нест, балки равзанаест ба маърифати шахсият ва сатҳи иҷтимоии ҷомеа.
Афсӯс, ки имрӯз дар баъзе ҷойҳои истироҳатӣ, новобаста ба он, ки соҳили дарёст ё боғу гулгаште дар маркази шаҳр, шоҳиди манзараҳое мешавем, ки нишондиҳандаи костагии маданияти ҷамъиятӣ аст: партовҳои партофташуда, мусиқии баланд, рафторҳои носазо, суханони қабеҳ ва ҳатто нодида гирифтани одоби муошират.
Ин ҳама нишонаи на фақат пастии сатҳи маърифат, балки костагии бетарбиятӣ ва беэҳтиромӣ ба дигарон аст. Чуноне ки донишманди маъруф, доктор Абдулатиф Мансур дар асари худ «Пояҳои фарҳанги ҷамъиятӣ» таъкид мекунад: «Маданият танҳо дар китобу саҳнаҳо нест, балки дар ҳар амали ҳаррӯза, дар ҳар гуфтору кирдори шахс, дар муносибат ба муҳит ва инсон аст».
Мо аксар вақт талаб мекунем, ки мақомоти маҳаллӣ барои тоза нигоҳ доштани боғҳо, соҳилҳо ва кӯчаҳо чораҷӯӣ кунанд. Вале худи мо чӣ кор мекунем? Оё вақте ки дар истироҳатгоҳе будем, пасмондаҳои ғизои худро бардоштаем? Оё коғазу пластикро ба қуттии махсуси партов андохтем? Ин саволҳое аст, ки ҳар як шаҳрванд бояд аз худ бипурсад.
Тарбия ва ахлоқ асоси ҳар гуна маданияти ҷамъиятӣ аст. Агар шахс дар муҳити хонавода ё мактаб омӯхта бошад, ки «пас Вақте ки сухан дар бораи истироҳат меравад, бисёриҳо онро ҳамчун фурсате барои фароғат ва раҳоӣ аз ташвишҳои зиндагӣ дарк мекунанд.
Вале дар асл, истироҳат низ ниёз ба маданият ва тарбият дорад. Он танҳо хоб, сайругашт ва хӯрдану пӯшидан нест, балки равзанаест ба маърифати шахсият ва сатҳи иҷтимоии ҷомеа.
аз худ тоза намо», «ба дигарон халал нарасон», «меҳнати дигаронро эҳтиром кун», ӯ дар ҳар макон, хоҳ истироҳатгоҳ бошаду хоҳ боғи миллӣ, худро дар чорчӯбаи ахлоқи умумӣ нигоҳ медорад.
Ба гуфтаи равоншиноси маъруф Фарангис Аюбова: «Тарбият на танҳо дар мактаб, балки дар хонавода ва муҳити иҷтимоӣ ташаккул меёбад. Истироҳат ва фарҳанги истифодаи он омили муҳими ташаккули эҳсоси масъулият дар ҷомеа аст».
Барои мисол боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонии шаҳри Кӯлобро мегирем. Он дар маркази шаҳри Кӯлоб ҷойгир буда, ҳар бегоҳ макони ҷамъомади садҳо нафар истироҳаткунандагон мегардад. Шоми якшанбеи гузашта, як “саҳнача”-ро мушоҳида кар-дем. Дар як гӯшаи боғ наврасе як бастаи чипсро хӯрд ва беибо халтачаи холишударо ба замин партофт. Вақте марди калонсоле ӯро ба тоза кардан даъват намуд, ҷавон гуфт: «Инҷоро холаҳои роҳрӯб тоза менамоянд, ки ин вазифаи онҳост. Ба-рои ин онҳо маош мегиранд».
Ин ҳарфҳо дарди фарҳангист. Вақте шахс дарк намекунад, ки тозагӣ ва масъулият вазифаи шахсӣ аст, на танҳо кори шаҳрдорӣ, пас ҷомеа аз мада-ният фарсахҳо дур аст.
Ин танҳо як мисолест, вале маънои амиқи иҷтимоӣ дорад: беэҳтиромӣ ба муҳит ва беэҳтиромӣ ба одамон аст.
Волидайн бояд барои кӯдакон намуна бошанд ва фарзандонро ба тозагии муҳит ва риояи одоби ҷамъиятӣ ташвиқ кунанд.
Фарз кардем, ки як оила, падару модар, бо се фарзандашон ба боғ мераванд. Агар онҳо дар назди фарзандон партовҳоро ба замин партоянд, дар назди дигарон бо садои баланд суҳбати носазо кунанд ё одамони атрофро таҳқир намоянд, фарзанди онҳо чӣ меомӯзад?
Таҳқиқоти равоншиносон нишон медиҳад, ки кӯдакон бештар сухану рафтори волидонро нусха мегиранд. Яъне, агар фарзанд дар муҳити дорои одоби фарҳангӣ, тозагӣ ва эҳтиром ба дигарон ба воя расад, ӯ низ ҳамин арзишҳоро идома медиҳад.
Дар муқоиса як мисоли ибратомез аз Ҷамоати деҳоти “Танобчӣ” дар ноҳияи Темурмалик овардан ҷоиз аст. Дар ин деҳа гурӯҳи волонтёрон ҳар рӯзи шанбе соҳили дарёро тоза мекунанд, бо мардум суҳбатҳои маърифатӣ мегузаронанд ва ҳатто барои кӯдакон мусобиқаҳои «Муҳити сабз» ташкил кардаанд. Як сокини деҳа мегӯяд: «Мо дарк кардем, ки агар худамон муҳитро дӯст ва онро тоза нигоҳ надорем, ба ҷойи мо каси дигар онро тоза намедорад. Ин таълимест, ки фарзандон аз мо меомӯзанд».
Истироҳат низ фазои омӯзиш ва таҳкими одобу маърифати фарҳангӣ аст. Маданияти истироҳат танҳо дар интихоби макон ва василаи фароғат нест, он дар ҳар қадам, рафтору гуфтор ва ҳар партови партофташуда таҷассум меёбад.
Маданияти истироҳат ни-шон медиҳад, ки шахс то куҷо инсони тарбиятёфта ва маърифатпарвар аст. Тоза нигоҳ доштани муҳит, эҳтироми оромии дигарон, донистани ҳадди озодӣ ва нигоҳ доштани ахлоқ, ҳамаи ин шохаҳои фарҳанги истиқлолии мо мебошанд. Ба таъбири файласуфи муосир Эдвард Карсон: «Фарҳанг он чизест, ки одамон ҳангоми танҳо будан ҳам риоя мекунанд».
Биёед, вақте ки барои истироҳат меравем, ҳамроҳи хурсандӣ, ҳамчунин виҷдон, ахлоқ ва маърифатро бо худ барем.
Алишери АБДУЛМАҶИД,
«Хатлон»
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.