Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ҳаҷ нарафту роҳ обод кард


Ҳаҷ нарафту роҳ обод кард




Мирзовалӣ  Қаландаров,  сокини  деҳаи Зағертути  шаҳри  Левакант,  маблағе,  ки  барои анҷом  додани  маросими ҳаҷ пасандоз карда буд, ба корҳои ободонии маҳалли зисташ равона намуд.

Бо  ин  маблағ  ӯ  зиёда  аз 500  метр  роҳи  байни  кӯчаҳои деҳаро  сангфарш  карда,  тасмим дорад ин кори хайрро идома диҳад.

- Солҳо орзуи зиёрати Каъбаро дар дил мепарваридам ва барои ин ният маблағ пасандоз кардам. Аммо вақте дидем, ки бисёре  аз  шахсони  хайрхоҳ маблағҳояшонро  ба  корҳои ободонию  созандагӣ  равона  карда,  ин  амалро  баробар ба  зиёрати  Каъба  медонанд, ман  низ  тасмим  гирифтам,  ки чунин  кори  хайрро  дар  деҳаи худ  анҷом  диҳам,  –  мегӯяд Мирзовалӣ Қаландаров. – Дар заминаи даъватҳои  Пешвои  миллат  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ҷиҳати  саҳмгузорӣ дар ободонии маҳалли зист, ин амалро оғоз намудам ва ният дорам дар ободонии деҳаи худ саҳм бигирам.

Ӯ  афзуд,  ки  чанд  рӯз  аст  бо  иштироки  фаъолонаи  ҷавонони  деҳа  ба сангфарш  намудани  кӯчаҳо  машғул аст ва аз ин кори хайр рӯҳбаланд гардида, эҳсоси қаноатмандӣ мекунад.

Ин иқдоми Мирзовалӣ Қаландаров намунаи ибрат дар роҳи созандагӣ ва хештаншиносӣ аст.

«Хатлон»

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода