Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Муҳофизи ватан бош!


Муҳофизи ватан бош!




Хизмат  ба  Ватан  барои  ҳар  як  ҷавони  бонангу  номус  қарз аст. Артиши миллӣ омӯзиши хислатҳои инсонӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва мактаби мардонагӣ мебошад. Доир ба ин мавзуъ тасмим гирифтем, аз сарбозоне, ки хизмати ҳарбиро адо намуда, бо сарбаландӣ назди оилаи худ баргаштаанд, суҳбате дошта бошем.

Сомонӣ  Назаров   як  сол  қабл  ба сафи  Қувваҳои  Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шуд. Ба ин падараш сабаб шуд. Ӯ мегӯяд, ки дар Федератсияи Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ буд, ки қиблагоҳ занг зада гуфт, ба хизмати модар – Ватан рафта, қарзи худро адо намояд. 

-Пас  аз  ин  гуфтугӯ  ба  Тоҷикистон баргаштам,  -  мегӯяд  Сомонӣ.   -Нахуст дар мактаби ронандагӣ таҳсил намуда, бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Торҷикистон шомил шудам. Рафти хизмати ҳарбӣ хело хуб буд ва ба ман пи-санд омад. Эҳсоси ватандӯстӣ доштам, хизматро  бомувафаққият  адо  намуда, ба орзуи худ расидам.

Модари Сомонӣ - Аслия Раҳмонова мегӯяд,  ки  аз  ин  амали  писараш  хурсанд  шудааст:  “Шукр,   ки  писарам  як соли  хизмати  аскариро  ба  ҷо  оварда, бо сари баланд ва тани сиҳат ба хона баргашт”.

Сомонӣ  Назаров  ба  ҷавононе,  ки синну солашон  ба  даъват  расидаанд, муроҷиат намуда, онҳоро низ ба хизмат даъват  менамояд:  “Шароит  дар  он  ҷо хело  хуб  аст,  рафта  хизмати  модар  – Ватанро сарбаландона адо намоед. Мо бояд  дар  якҷоягӣ  Ватанро  муҳофизат кунем”.

Дар  рафти  суҳбат  бо  мо  падари  Сомонӣ  -  Қурбон  Назаров  ҳамроҳ шуда,  чунин  иброз  намуд:  “Ман  шукр мегӯям,  ки  чунин  фарзанди  банангу номус дорам. Пас аз як сол фарзанди ман  сиҳату  саломат,  хизмати  ватанро адо намуда, ба хона баргашт. Инчунин фарзанди  калониам  низ  хизматро  адо намудааст.  Пешвои  миллат  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  мегӯянд,  агар  мо фарзандонамонро  ба  хизмати  аскарӣ нафиристем, ҳеҷ гоҳ аз дигар давлатҳо нафаре омада Ватани моро муҳофизат намекунад.  Ман  ба   Пешвои  миллат миннатдории  худро  мерасонам,  ки  тамоми шароитро барои фарзандони мо дар хизмати ҳарбӣ муҳайё намудаанд”.

Бахтовар  Мирзоев  низ  ҳамроҳи Сомонӣ  Назаров  ба  адои  хизмати  модар-Ватан  рафта  буд.  Ӯ  низ  ба  назди аҳли  хонаводаи  худ  баргаштааст.  Бахтовар  мегӯяд:  “Дар  шаҳри  Москва  дар муҳоҷирати  меҳнатӣ  будам.  Ҳисси ватандӯстӣ боло гирифту ба Тоҷикистон баргаштам.  Ба  падарам  гуфтам,  ки  ба хизмати  модар-Ватан  меравам.  Худро ба қайд гирифта, дар курси ронандагӣ таҳсил намуда, ба хизмати Ватан рафтам.  Як  соли  хизмат  сипарӣ  шуд.  Хизмат ба ман писанд омад. Дар хизмати аскарӣ мустақилиятро омӯхтам. Он бароям  мактаби  ҷавонмардӣ  буд.  Аз  ин рӯ, ҳар ҷавонмарде, ки синнаш ба даъвати ҳарбӣ расидааст, бояд қарзи худро адо намояд”. 

Лангарӣ  Мирзоев,  бародари  Бахтовар  мегӯяд:  “Бародарам  дар  сафи Қувваҳои  Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон як сол хизмати Ватанро адо намуд  ва  бо  ифтихормандӣ  баргашт. Ман низ хизмати Ватанро дар Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон адо намудаам”. 

Дар  ҳақиқат,  ифтихор  аст,  ки муҳофизони  Ватан  ҳамсолони  хешро барои ба сафи аскарӣ барои иҷрои қарзи фазандиашон даъват намуда, бо эҳсоси ватандорӣ ва шуҷоат ибрати дигаронанд. 

Рамазони МиРЗОМИДДИН,
"Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода