Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ба коррупсия роҳ надиҳем


Ба коррупсия роҳ надиҳем




Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки дар ҳама  давру  замон  ба  ҷомеа  таъсири  манфӣ расонида,  боиси  паст  гардидани  обру  ва  нуфузи давлат мегардад. 

Коррупсия  ва  дигар  амалҳои  дорои  хусусияти  кор-рупсионидошта барои рушди иқтисодиёт ва некуаҳволии мардум, амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, суботу оромии ҳар як кишвар монеа эҷод намуда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар аз санаи 26 январи соли 2023 таъкид доштанд, ки “Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ,  ниҳодҳои  ҷомеаи  шаҳрвандӣ  ва  ҳар  як  сокини кишвар  мебошад.  Аз  ин  лиҳоз,  барои  пешгирӣ  кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир  ба  он  ва  ба  ин  раванд  ҷалб  намудани  тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад”.

Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани  Истиқлоли  давлатӣ  ва  ташаббусҳои  созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувори худро дар самти мубориза бо коррупсия гузошта, барои пешгирӣ аз ин вабои аср тамоми заминаҳои ташкилию  ҳуқуқиро  фароҳам  овардааст.  Бо  мақсади мустаҳкам  намудани  сиёсати  зиддикоррупсионӣ  ва таҳкими асосҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии мубориза бо коррупсия санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд.

Дар ин росто пай дар пай қабул гардидани санадҳои дигари  умумидавлатӣ  ба  монанди  “Стратегияи  мубориза  бо  коррупсия  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  барои солҳои  2013-2020”  аз  30  августи  соли  2013,  №1504 ва “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон  барои  давраи  то  соли  2030”  аз 3  августи  соли  2021,  №222  ба  муборизаи  беамон  ва коҳиш додани сатҳи болоравии коррупсия дар кишвари азизамон заминаи воқеию ҳуқуқӣ гузоштанд.

Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ин иброз намуданд “Коррупсия  зуҳуроти  номатлубест,  ки  эътимоди  мардум-ро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш  медиҳад,  барои  рушди  иқтисодиёти  пинҳонӣ ва  истифодаи  ғайримақсадноки  маблағҳои  давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меоварад ва дар маҷмуъ,боиси  поймолшавии  ҳуқуқи  инсон  ва  заиф  шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад”. 

Ҳазрати Муҳаммад (с) дар ин бора мефармояд, ки се шахс дар пора гирифтан ё коррупсия гунаҳгор дониста мешавад: аввал ин, ки касе пора мегирад, дуюм пора  медиҳад  ва  сеюм шахсе, ки миёнарав аст.

Аз ин рӯ, мо - шаҳрвандони  Тоҷикистони биҳиштосоро зарур аст, ки ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи  ҷаҳонӣ  кӯшиш намоем,  ки   ба  ин зуҳуроти номатлуб даст назанем  ва  ҳамеша  бо он  дар  мубориза  бошем. 

Сиёвуш САФАРОВ,
омӯзгори МТМУ 
№31-и н.Муъминобод

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода