Лолаҳои боғи "Хуталон"
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 127
![]()
Бо расидани фасли баҳор, боғи "Хуталон"- и шаҳри Кӯлоб ба як гӯшаи афсонавӣ табдил меёбад. Дар миёни сабзаҳои навраси замин ва шохаҳои пуршукӯҳи дарахтон, лолаҳо рангоранг мешукуфанд.
Лолаҳои сурх, зард, сафед ва гоҳе ҳам нилобӣ, бо андозаи нозуку симои шевои худ, гӯё ҳар кадом порчае аз дили табиатанд дидан мумкин аст.
Меҳмонон ва сайёҳоне, ки ба боғ ворид мешаванд, аввалин чизе, ки диққаташонро мебарад, ин мавҷи лолаҳост — гӯё баҳор дар барги ҳар як лола паёми зебоиро навиштааст. Атроф пур аз рангу, оромиш ва як ҳиссиёти нотакрор мегардад.
Лолаҳо на танҳо зебоии табииро нишон медиҳанд, балки рамзи эҳё ва рӯҳи тоза мебошанд. Ҳар як гули лола дар боғи "Хуталон", аз замири замин ва меҳри инсон бо муҳаббат парвариш ёфтааст.
Боғи "Хуталон" дар фасли баҳор накҳати дигар мегирад.
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00