Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ


Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ




Дар деҳаи Гулободи ноҳияи Восеъ оилаи Салимовҳо — Абдулмаҷид ва ҳамсараш Солеҳамоҳ Давлатова баъди ба синни нафақа расидан тасмим гирифтанд, ки замини наздиҳавлигии худро барои рушди кишоварзӣ истифода баранд. Бо маслиҳати ҳамдигар онҳо гармхона сохтанд ва бо меҳнати пайваста тавонистанд онро ба як манбаи устувори даромад ва ризқу рӯзӣ табдил диҳанд.

Солҳост, ки ин оилаи меҳнатдӯст бо истифодаи самараноки замини гармхона аз он се то чор ҳосил дар як сол мегиранд. Ба гуфтаи Абдулмаҷид Салимов ҳар як ҳосил бо заҳмати зиёд парвариш меёбаду натиҷаи он қаноатбахш аст. Онҳо асосан помидор, бодиринг, қаланфур ва дигар навъҳои сабзавотро кишт мекунанд, ки ҳам барои истифодаи шахсӣ ва ҳам барои фурӯш дар бозорҳои маҳаллӣ пешбинӣ шудаанд.

Яке аз сабабҳои муваффақияти гармхонаи онҳо интихоби дурусти тухмӣ ва истифодаи методҳои пешрафтаи агротехникӣ мебошад. Ба гуфтаи Солеҳамоҳ Давлатова дар ибтидо бо душвориҳои зиёд рӯ ба рӯ шудаанд, аммо бо таҳқиқ ва машварати мутахассисон тавонистанд усулҳои дурусти парвариши зироатҳоро омӯзанд ва натиҷаҳои хуб ба даст оранд.

«Дар аввал ба мо осон набуд. Аз усулҳои парвариши сабзавот дар гармхона огоҳии кофӣ надоштем, вале бо мурури вақт таҷриба пайдо кардем ва ҳоло аллакай хуб медонем, ки чӣ тавр шароити мусоидро барои зироат фароҳам оварем», - мегӯяд Солеҳамоҳ Давлатова.

Ба гуфтаи онҳо, гармхона танҳо як манбаи даромад нест, балки роҳи беҳтар кардани саломатӣ ва тарзи зиндагии худ ва фарзандонашон низ мебошад. Онҳо ҳамеша кӯшиш мекунанд, ки маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва солимро истеҳсол намоянд.

Ҳоло Салимовҳо нақша доранд, ки гармхонаро васеътар намуда, намудҳои дигари зироатҳоро низ кишт кунанд. Онҳо умедворанд, ки таҷрибаи ҷамъовардаи худро бо дигар ҳамдеҳагон низ омӯзонида, онҳоро ба сохтани гармхонаҳои худ ташвиқ намоянд.

Амали ин оилаи меҳнаткаш намунае аз он аст, ки бо заҳмат ва устуворӣ метавон ба муваффақият ноил гардид ва аз имкониятҳои мавҷуда истифодаи самаранок бурд.

А. Абдулмаҷид "Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода