Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » МУБОРИЗА БАРОИ ҶОМИ РӮЗНОМАИ «ХАТЛОН» ДАВОМ ДОРАД!


МУБОРИЗА БАРОИ ҶОМИ РӮЗНОМАИ «ХАТЛОН» ДАВОМ ДОРАД!




Имрӯз, 24.03.2025 дар минтақаи Кӯлоб даври сеюми мусобиқаи футбол миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми рӯзномаи «Хатлон» баргузор гардид.

Дар он беҳтарин дастаҳои минтақа ширкат варзида, барои роҳхат ба марҳилаи навбатӣ мубориза бурданд.
Дастаҳои «Равшан», «МДМВ №4», «Ҳулбук», «Сино», «Файзканд», «Шоҳин», «Андароб», «МДММФ» дар рақобатҳои ҷолиб ва пуршиддат бо ҳам рӯбарӯ шуданд. Ҳар як бозӣ бо эҳсоси баланди варзишӣ ва муборизаи шадид ҷараён гирифта, мухлисонро ба ҳаяҷон овард.

Натиҷаҳои бозиҳои имрӯза чунин буданд:
• ФК «Равшан» 1:1 ФК «Ҳулбук»
• «МДМВ №4» 1:2 «Сино»
• «МДММФ» 2:1 ФК «Файзканд»
• «Андароб» 3:0 «Шоҳин»

Мусобиқа бо нишон додани маҳорати баланди варзишгарони наврас идома дорад ва бозии даврҳои баъдӣ боз ҳам шавқовартар хоҳад буд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода