ТАЪСИСИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ ДАР РӮЗНОМАИ “ХАТЛОН”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Сиёсат / Хабарҳо, Боздид 2 198
Имрӯз, 25-уми июн, дар рӯзномаи вилоятии “Хатлон” ҷаласаи ҳизбӣ бо иштироки сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” Носирҷон Маъмурзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Неъматулло Иброҳимзода ва кормандони рӯзномаҳои вилоятии “Хатлон”, “Новый Хатлон” ва “Дӯстлик” иштирок доштанд.
Дар рафти ҷаласаи ҳизбӣ дар рӯзномаи “Хатлон” ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи “Хатлон” ташкил гардид, ки аъзоёни он кормандони рӯзномаҳои “Хатлон”, “Новый Хатлон” ва “Дӯстлик” мебошанд.
Раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Носирҷон Маъмурзода интихоб гардид.
Н. Иброҳимзода ва Н. Маъмурзода дар бораи сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумати мамлакат, нақши ҲХДТ дар пешрафти умури давлатдорӣ ва саҳми Пешвои миллат дар барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ табодули афкор намуданд.
Дар қисмати дигари ҷаласа чанде аз кормандони рӯзномаҳо ба сафи ҳизб шомил гардида, бо шаҳодатномаи узвият таъмин карда шуданд. Инчунин, як қатор кормандони рӯзномаи "Хатлон" бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар сарфароз гардиданд.
Сипас, Носирҷон Маъмурзода аз саҳми ҲХДТ дар тинҷиву осоиштагии меҳан ва сулҳу ваҳдати миллӣ, вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон 90-солагии рӯзномаи “Хатлон” ёдовар гардида, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ва чанде кормандони ҳизбро бо туҳфаҳои ифтихории рӯзномаи “Хатлон”, ки инъикоскунандаи ҷашни рӯзнома мебошанд, қадрдонӣ кард.
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04