ДАР ЯК САТР
Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » НОЗИРОНИ ИДМ РАВАНДИ ИНТИХОБОТРО МУСБАТ АРЗЁБӢ КАРДАНД


НОЗИРОНИ ИДМ РАВАНДИ ИНТИХОБОТРО МУСБАТ АРЗЁБӢ КАРДАНД



Ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) таҳти сарварии Леонид Анфимов аз ҳавзаи интихоботии Душанбе дидан намуда, ҷараёни овоздиҳиро дар қитъаҳои интихоботӣ арзёбӣ карданд.

Намояндагони Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ баъд аз оғози раванди овоздиҳӣ хулосаҳои аввалаи худро баён карданд. Дабири кулли Шурои АП ИДМ Дмитрий Кобитский таъкид намуд, ки интихобот дар фазои мусоид ва бо сатҳи баланди омодагӣ баргузор мегардад.
Ба гуфтаи Дмитрий Кобитский, «барои кори нозирон ва баргузории овоздиҳӣ тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳама чиз дар сатҳи хеле баланд ташкил карда шудааст», – хабар медиҳад Sputnik Точикистон.

Нозирони байналмилалӣ ҷараёни интихоботро зери назар гирифта, қайд карданд, ки раванди овоздиҳӣ мутобиқ ба меъёрҳои муқарраршуда пеш меравад. Интизор меравад, ки дар рӯзҳои наздик онҳо хулосаҳои ниҳоии худро оид ба шаффофият ва ташкилоти интихобот пешниҳод кунанд.

Муовини якуми дабири кулли ИДМ ва роҳбари ҳайати нозирон, Леонид Анфимов изҳор дошт, ки аъзои ҳайат беш аз 100 нуқтаи интихоботиро боздид намуда, ҳеҷ шикоят ё эродеро муайян накардаанд.

Интихоботи парлумонии Тоҷикистон бо иштироки нозирони ИДМ баргузор гардид, ки онҳо онро мутобиқ ба қонунгузории миллӣ ва меъёрҳои интихоботи демократӣ арзёбӣ намуданд.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода