Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Имрӯзҳо баъзе шахсон азоби рӯзгорро доранд. Яке роҳи халосиро барои ба низом овардани зиндагӣ дар рӯ овардан ба бозорнишинӣ мебинаду бархе аз ҳамватанонамон бошанд, роҳи дигар-мардикориро дар берун аз марзи диёр, дар кишвари Россия пеша кардаанд. Мутаассифона, на ҳамаи онҳо ҷойи кори сердаромад меёбанд. Агар ёбанд ҳам, музди кори сомондодаашонро сари вақт ва ё ба пуррагӣ намегиранд. Дар ин сурат “Тоҷикони навбаромад” ихтироъкориҳое намуда, роҳи гирифтани ҳаққи хизматашонро дарёфтаанд ва бо ин амал корфарморо дар ҳайрат монондаанд.
Аксарияти мардикорон ба корҳои сохтмонӣ ва таъмири хонаҳо шуғл меварзанд. Маҳз дар ин самт онҳо аз ҷониби соҳибхона “ҷабр” мебинанд. Яке аз чунин “ҷабрдида”-ҳо Саидаброр мебошад. Ӯ аз боби мардикорию ҳақрӯёнӣ ба ҳамдиёрон чанд маслиҳат доданист.
-Ҳавою ҳаваси пулкоркунӣ ва бештар тангии рӯзгор мо-як гурӯҳ тоҷикписаронро ба кишвари Русия овард, - мегӯяд ӯ. - Дар деҳоту шаҳрҳои Саратову Челябинск ба сохтмони кушкҳои боҳашамати сарватмадон, таъмири хонаҳои истиқоматӣ машғул шудем. Моҳҳои аввал корамон бобарор буд. Фармоишгарон нисбати мо боинсофу поквиҷдонона рафтор мекарданд ва талаботи шартномаи тарафайнро риоя менамуданд. Омади кор маро хурсанд кард. Вале ин бурдбориҳо якбора қатъ гашт. Муносибати шаҳрвандон низ коҳиш ёфта, ба мардикорон бовар намекардагӣ шуданд.
Акнун корфармоён роҳи фиребро пеш гирифтанд. Баъди анҷоми кор додани ҳаққи меҳнатро кашол дода, баъзан аз ҳисоббаробаркунӣ саркашӣ мекарданд. Аз ин чанд тан ҳамроҳонам тоб наоварда, аз баҳри даромад гузашта, ба Ватан бо дасти холӣ баргаштанд.
Барои корчалоне бинои боҳашамати истиқоматӣ сохтем. Дар анҷоми кор рафторҳои корфармо моро дар хиҷолат мононд. Аз гуфтаҳояш пай бурдем, ки ӯ аз додани ҳаққи хизмат саркашӣ карданист. "Ҳоло маблағ надорам, он пайдо шавад, баъд ҳисобӣ мекунем", мегуфт анҷомёбии сохтмонро дида. Дасту диламон ба кор пеш намерафт. Медонистем, ки ҳаққи меҳнатро рӯёнида намешавад. Рӯзе сари дастурхон аз ин боб сухан рафту яке аз ҳамкорон гуфт:
-Илоҷи кор ҳаст! Танҳо бо як роҳ ҳаққи худро ситонидан мумкин аст. Зери андоваи ҳар як ҳуҷра тухм мемонем. Баробари расидани гармӣ тухм палағда шуда, аз худ бӯйи бадро бадар мекунад ва то аз деворҳо берун кардани онҳо бӯяш нест намешавад. Дар чунин ҳуҷраҳо зистан номумкин мегардад. Ин роҳи “ҷазо”-диҳӣ ягона илоҷи кор аст.
Пешниҳоди ӯ маъқуламон афтод ва дар зери андоваи деворҳои ҳуҷраҳо тухми палағда гузоштем. Ин ихтироъ самара дод. Соҳибхонаи саркаш аз ин огоҳӣ ёфта, дар ҳолати ногувор афтод ва намедонист чӣ кор кунад. Ӯ илоҷи дигаре ҳам надошт. Роҳи аввал ҳисобӣ кардану роҳи дигар ин кандани андоваи деворҳо буд. Охир ӯ намедонист, ки тухм дар кадом нуқта гузошта шудааст. Таъмири такрорӣ бошад, барояш гарон меафтод. Корфармо ҳисоббаробаркуниро авлотар донист. Бо ҳамин роҳ музди корро рӯёнида гирифтем. Албатта, ин “ихтироъкорӣ” роҳи илоҷи кор набуд. Зеро дар бисёр мавридҳо бекор мемондем,-нақлашро анҷом дод Саидаброр...
Ҳадаф аз гуфтаҳои боло ин аст, ки дар мусофират ба даст овардани даромади пулӣ заҳматталаб ва кори таваккалист. Ҳунармад дар ватани худ низ даромади хуби пулӣ меёбад. Танҳо сабру таҳаммул, ба каму бешаш шукрона ва меҳнати ҳалол кардан лозим аст. Зеро “Аз сабру таҳаммул ғурра ҳавло мешавад”, мегӯяд мақоли мардумӣ. Бо мурури замон ҷойҳои корӣ пайдо хоҳад шуд.
Аз ин рӯ, ҳоҷат ба кишвари бегона рафта, ҷӯёи даромади муфт шудан нест. Он ҷо танҳо оворагию сарсонӣ, мусофиративу беқадрӣ ба дӯш меояду халос. Хуб мебуд, ки дар кишвари худ, назди аҳли оила монда, мамлакатамон-Тоҷикистони ҷаннатиро обод созем. Тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳидоят мекунанд: “Тоҷикистонро ба як кишвари сабз табдил диҳем”.
С. АТТОР, «Хатлон»
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.