Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Таъсири як шеър...


Таъсири як шеър...




Шоҳ    Аврангзеб  дар  замони  ҳукмронии  худ  фармоне  содир кард, ки бояд то муддати маҳдуде дар мамлакати вай ҳама руспиҳо (занҳои сабукпою бероҳа) издивоҷ кунанд, вагарна, ҳамаи онҳоро ба  киштӣ  савор  карда,  дар  дарё  ғарқ  хоҳанд  кард.  Садҳо  нафар издивоҷ  карданд,  вале  иддаи  зиёде  низ  боқӣ  монданд,  ки  барои ғарқ  намудани  онҳо  киштиҳо  омода  шуданд.  Ба  поёни  муҳлати таъйиншуда  фақат  як  рӯз  боқӣ  монда  буд.  Дар  он  замон  Шайх Калимуллоҳ Ҷаҳонободӣ зинда буд. Як руспии ҷавону зебо барои арзи салом дар ҳузури вай ҳозир мешуд. Вақте Шайх аз ибодати худ фориғ мегашт, руспӣ чун одати ҳамешагӣ ба ӯ салом медоду мерафт  (шояд  ба  Шайх  дар  қалб  эътиқоде  дошт).  Он  рӯз  вақте руспӣ дар ҳузури Шайх меистод, гуфт: "Охирин саломро аз банда қабул фармоед". Шайх ҳақиқати ҳолро дарёфт, руспӣ ҳам авзоъро баён намуд. Шайх фармуд, ки ин байти Хоҷа Ҳофизро ҳифз кунед:
Дар кӯи некномӣ моро гузар надоданд,
Гар ту намеписандӣ, тағйир кун қазоро.


Вақте  шуморо  ба  сӯи  дарё  мебаранд,  бо  овози  баланд  ҳама ин байтро хонед. Руспиҳо ҳама ин байтро ҳифз карданд ва вақте онҳоро ба сӯи дарё мебурданд, ҳама бо овози дарднок ба хондани ин  байт  шуруъ  карданд.  Ҳар  касе  ин  овозро  мешунид,  музтариб мешуд. Билохира, садо ба гӯши Шоҳ Аврангзеб ҳам расид ва музтарибу беқарор шуда, дастур дод, ки ҳамаи онҳоро озод кунанд ва фармонро бекор кард.

(аз китоби "Зиндарӯд", Ҷовид Иқбол)

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода