Ҳушдори навбатии Бонки миллии Тоҷикистон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 34
![]()
Оё ба шумо афроди ношинос оид ба масъалаҳои молиявӣ ва бонкӣ занг мезананд ё ба телефони шумо аз мессенҷерҳо паёмакҳои шубҳанок меоянд? Пас, ҳушёриро аз даст надиҳед.
Бонки миллии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки вақтҳои охир содир гардидани амалҳои қаллобӣ бо роҳи ташвиқ ва рекламаҳои бардурӯғ дар фазои маҷозӣ (интернет) бо мақсади гирифтани даромади муфт зиёд мушоҳида мешавад. Аз ҷумла, қаллобони интернетӣ дар шабакаҳои иҷтимоии Телеграм ва Ватсап хеле фаъол мебошанд.
Қаллобон ба шумо занг зада, метавонанд худро корманди ташкилоти тиҷоратӣ муаррифӣ намоянд, дар гирифтани қарз ё дарёфти даромади осон ваъдаи кумак диҳанд, бо баҳонаи ба итмом расидани муҳлати корт ё гӯё вуҷуд доштани кӯшиши тасарруфи пул аз корти бонкиатон рақами корт, калимаи калидӣ, CVV рамзро пурсанд ё ин ки тавассути мессенҷер ба шумо файли шубҳанок ирсол намоянд.
“Агар аз шумо маълумоти бонкӣ талаб кунанд ё тасдиқи гузаронидани амалиётро пурсон шаванд, шитоб накунед. Маълумоти бонкии худро махфӣ нигоҳ доред! Фаромӯш накунед, ки бонк ё ташкилоти қарзии молиявӣ маблағҳоро тавассути Фейсбук, Телеграм, Инстаграм ё дигар шабакаҳои маҷозӣ пешниҳод намекунад. Ҳамзамон иттилоъ медиҳем, ки Бонки миллии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ шаҳодатнома ё иҷозатнома (литсензия) барои гузаронидани амалиётро намедиҳад”, - омадааст дар баёнияи БМТ.
Дар робита ба ин, Бонки миллии Тоҷикистон аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки барои фирефтаи қаллобон нагардидан ба таблиғоти бардурӯғ (фейкӣ) бовар накунанд, эҳтиёткор бошанд ва аз гузаронидани маблағ ба кортҳое, ки аз ҷониби чунин ашхос пешниҳод мегардад, худдорӣ намоянд.
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00