Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Модари азиз!
Бо эҳтиром ва муҳаббат ин сатрҳоро ба шумо менависам. Панҷ моҳ боз дар қисми низомии 07256 -и Комендатураи ҳарбии Гарнизони Хатлон адои хизмат намуда, ҳифзи Ватанро шараф ва ифтихори худ медонам.
Ҳар субҳ бо дуои шумо ба рӯи рӯз менигарам. Ҳар қадами маро каломи нарму руҳбахши шумо раҳнамоӣ мекунад. Медонам, ки дар интизори ман ҳастед, медонам, ки шабҳо дар фикри ман бедорхобӣ мекунед, осуда бошед, ман хуб ҳастам. Саломатам, бо ҳамхизматон дӯсту бародарвор зиндагӣ дорам.
Модарҷон, ман дар ин ҷо на танҳо ҳифзи Ватанро меомӯзам, балки беш аз пеш қадри меҳнати шумо, меҳру муҳаббати оила ва гармиву нармии қалби модарро дарк мекунам. Ба ҷавонон ва волидайни онҳо бигӯед, ки Шоҳрух аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо сари баланд хизмат карда истодааст.
Ба хоҳару бародаронам бигӯед, ки пайи омӯзиш бошанд, ба падарам бигӯед, ки ман номбардори ӯ хоҳам буд.
Ман шуморо дӯст медорам, модар!
Дуоятон ҳамеша маро ҳамроҳӣ мекунад.
Бо эҳтиром Шоҳрух Ҳафизов,
сарбози қисми ҳарбии 07256
------
Модарҷон!
Бо камоли эҳтиром ва муҳаббат ба шумо менависам. Ман, ҳамчун сарбози қаторӣ айни ҳол дар қисми ҳарбии 07256-и Комендатураи ҳарбии Гарнизо-ни Хатлон сарбаландона адои хизмат дорам.
Модарҷон, ҳаёти ҳарбӣ маро обутоб дода истодааст. Саҳаргоҳон бо бонги баланд бедор мешавем, бо ҳамхизматон тамрин мекунем, дарсҳои ҳарбӣ меомӯзем ва барои дифои Ватан омода мешавем.
Муаллимон ва фармондеҳон бо мо мисли фарзанди худ рафтор мекунанд, моро таълим медиҳанд ва ба зиндагии мардона омода месозанд.
Шароити хизмат хуб аст, модар! Хӯроки мо серғизо, ҷои хобамон тоза ва муҳити қисми ҳарбӣ низ бо тартибу интизом аст.
Аз ҳама муҳим, дӯстони зиёд пайдо кардам, ки бо онҳо бародарвор зиндагӣ дорем.
Ман доимо дар дуоҳои худ шуморо ёд мекунам. Ба хонаводаамон салом расонед. Ба хоҳару бародаронам бигӯед, ки ман бо ифтихор ва сарбаландӣ хизмат карда истодаам. Шумо танҳо дуо кунед, то ман солим ва бо сари баланд ба хона баргардам.
Бо эҳтиром Хуршед Муҳиддинов,
сарбози қисми ҳарбии 07256
------
Модарҷон, дурри гаронбаҳои ман!
Салом аз дуриҳо, аз саҳнаи ҷавонмардӣ ва садоқат!
Ман, Қурбонбеков Дӯстмурод, фарзанди шумо, имрӯз аз қисми ҳарбии 07256-и Гарнизони Хатлон бо муҳаббат ва ихлос ба шумо паём мефиристам.
Модар, вақте кӯдак будам, дасти маро мегирифтед, роҳ рафтан меомӯзондед. Имрӯз ман бо он қадамҳо дар роҳи ҳифзи Ватан истодаам. Ҳаёти ҳарбӣ маро пухта мекунад, ба ман сабру матонат меомӯзад. Ҳар субҳ бо нидои Ватан бедор мешавем, дар хати саф рост меистем, ба савганде, ки ёд кардем, содиқ мемонем.
Модар, ман шукрона мекунам, ки дар шароити хуб хидмат карда истодаам.
Ҳамхизматонам барои ман бародар шуданд. Фармондеҳон чун падар роҳнамоӣ мекунанд. Ҳар лаҳза дар ёдам ҳастед, ҳар дуои шумо маро неру мебахшад.
Маро интизор бошед, модар! Он рӯзе ки бармегардам, бо ифтихор ва шараф дар оғӯши шумо мешавам. То он вақт дуоятон ҳамроҳам бод!
Бо меҳру муҳаббат Дӯстмурод Қурбонбеков,
сарбози қисми ҳарбии 07256
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.