Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Як шом бо сарбозон


Як шом бо сарбозон



Ҳар як ҷавоне, ки ҳисси баланди ватандорӣ дорад, рӯзе ба Артиши миллӣ шомил мешавад. Зеро артиш на танҳо макони омӯзиши фанҳои ҳарбӣ, балки мактаби мардонагӣ, иродаи қавӣ ва садоқати бепоён ба Ватан аст.

Барои  ошноӣ  бо  ҳаёти  сарбозон  ва  шароити  хизмати  онҳо, гурӯҳи эҷодии рӯзномаи “Хатлон” ба қисми ҳарбии 07256 омад. Ин мулоқот барои мо имконияти беназире буд, то бо ҷавонони далер, ки имрӯз зери парчами Ватан ҳифзи онро бар дӯш доранд, аз наз-дик вохӯрда, ба зиндагӣ ва андешаҳои онҳо шинос шавем.

Шарти мардонагӣ –садоқат ба Ватан

Вақте мо ба қисми ҳарбӣ омадем, сарбозон пас аз як рӯзи хизмат дар толори истироҳатӣ ҷамъ омада буданд. Мо бо онҳо вохӯрдем ва суҳбати самимие барпо намудем.

Ҳар  яке  аз  ин  ҷавонон,  ки  аз  гӯшаҳои  гуногуни Тоҷикистон омада буданд, бо ифтихор дар  бораи  хизмати  ҳарбӣ  сухан  мегуфтанд. Ҳарчанд  дар  аввал  барои  онҳо  бо  муҳити низомӣ мутобиқ шудан осон набуд, имрӯз онҳо бо боварии комил иброз доштанд, ки хизмати ҳарбӣ барои ҳар як ҷавон сабақи бебаҳо аст.

Шоҳрух Ҳафизов, аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  мегӯяд,  ки  дар  аввал  аз  хизмат  каме тарс  дошт.  Аммо  вақте  бо  муҳити  низомӣ шинос  шуд,  фаҳмид,  ки  ин  мактаб  ӯро  ба-рои  зиндагии  оянда  омода  мекунад.  -“Мо дар  артиш  на  танҳо  тарзи  истифодаи  силоҳ, балки  худидоракунӣ,  тартибу  интизом, ҳамдигарфаҳмӣ ва, муҳимтар аз ҳама, масъулиятро меомӯзем. Агар қаблан ман танҳо дар бораи ояндаи худ фикр мекардам, имрӯз ҳис кардам, ки ҳифзи марзу буми Ватан аз ман вобаста аст,”- мегӯяд ӯ.

Ҳокимшо  Минаков,  ки  аз  ноҳияи  Рӯшони ВМКБ  мебошад,  иброз  дошт,  ки  артиш  ба  ӯ сабру таҳаммул ва худидоракунӣ омӯхт: «Дар аввал фикр мекардам, ки хидмат танҳо итоат кардан ба фармонҳо ва риояи қоидаҳост. Вале баъдтар фаҳмидам, ки хизмати ҳарбӣ як мактаби ҳақиқии зиндагист, ки маро ҳамчун шахс ташаккул медиҳад».

Ҳамин андешаро Дӯстмурод Қурбонбеков, аз  ноҳияи  Данғара  ва  Хуршед  Муҳиддинов, аз  шаҳри  Бохтар  низ  ҷонибдорӣ  карданд. 

Онҳо  гуфтанд,  ки  хизмат  ба  Ватан  на  танҳо иҷрои  қарзи  шаҳрвандӣ,  балки  як  қадами муҳими  ҳаётӣ  барои  ташаккули  шахсияти ҷавонмардон аст.

Шоми сарбозон бо шеъру суруд ва рақс рангин шуд

Баъд  аз  суҳбати  самимӣ  сарбозон  бо шеърхонӣ  ва  сурудҳои  ватандӯстона  шомро  боз  ҳам  хотирмон  карданд.  Ин  як  лаҳзаи ҷолиб ва фаромӯшнашаванда буд.

Мо - муҳофизони сарзамини худ,
Синаи мардонаро сипар мекунем,
Ҳифзи ин Ватан вазифаи мост,
Бо муҳаббат ҷон фидо мекунем.

Ашъоре,  ки  сарбозон  мехонданд,  сар-шор аз муҳаббат ба Ватан, садоқат ба марзу буми муқаддас ва ифтихор аз ҳимояи он буд. Ҳамчунин, сурудҳои ватандӯстона фазоро боз ҳам пурҷаззобтар менамуд.

Яке  аз  сарбозон  бо  ҳисси  баланд  суруди “Тоҷикистон”-ро иҷро кард, ки дар он муҳаббат ва  садоқати  беандоза  ба  сарзамини  аҷдодӣ ифода ёфта буд. Ин лаҳзаҳо нишон медоданд, ки  ин  ҷавонон  на  танҳо  ҳомиёни  марзу  бум, балки  фарзандони  фарҳангдӯст  ва  боиродаи миллат ҳастанд.

Ҳифзи Ватан–рисолати муқаддас

Ҳар  як  сарбозе,  ки  мо  бо  ӯ  суҳбат  на-мудем,  бо  ҳисси  баланди  масъулият  ва садоқат дар бораи хизмати ҳарбӣ сухан мегуфтанд. Онҳо мегуфтанд, ки хизмати ҳарбӣ як  марҳилаи  муҳиммест,  ки  бояд  ҳар  як ҷавони ватандӯст онро паси сар кунад.

Онҳо  таъкид  доштанд,  ки  имрӯз Тоҷикистон  бо  талошҳои  Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз ба рӯз рушд мекунад  ва  ҷавонон  бояд  дар  ин  пешрафт саҳмгузор  бошанд.  Ва  аввалин  қадами  ин саҳмгузорӣ хизмати содиқона ба Ватан аст.

“Мо дар артиш танҳо бо якдигарфаҳмӣ, садоқат  ва  ҳамбастагӣ  метавонем  Ватанро ҳифз  кунем.  Артиш  моро  чун  муҳофизони марзу бум, сулҳу ваҳдат омода мекунад”, - мегӯяд сарбоз Хуршед Муҳиддинов.

Хулоса 

“Шоми  сарбозон”  барои  мо  як  таҷрибаи нодир буд. Мо аз наздик дидем, ки ҷавонони тоҷик бо ифтихор ва садоқати баланд ба Ватан  хизмат  мекунанд.  Онҳо  сарбозонеанд, ки осудагии мардуми моро таъмин менамоянд.

Бале,  сарбозони  мо   ифтихори  миллатанд.  Онҳо  дар  мактаби  мардонагӣ  сайқал ёфта,  бо  сарбаландӣ  ва  муҳаббати  беандоза ба Ватан хизмати худро адо мекунанд. Ва ҳақ аст, ки бигӯем: “Сарбозони мо сипари боэътимоди Тоҷикистон мебошанд”.

Набӣ Саид, 
Аҳадуллои Мирзоалӣ,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода