Киара Касталдова Дашутсина ба Тоҷикистон ташриф овард
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 15
![]()
Санаи 18 декабри соли ҷорӣ ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати арзёбии ниёзҳои Дафтари САҲА оид ба ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон (ODIHR) Киара Касталдова Дашутсина ташриф оварданд.
Аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати мазкурро ба ҳузур пазируфтанд. Дар рафти мулоқот ҳайати меҳмонон вобаста ба масъалаҳои омодагӣ ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 2 марти соли 2025 баргузор мегардад, мароқ зоҳир намуданд. Рафти омодагӣ, банақшагирии фаъолият дар давраи интихобот, мониторинги воситаҳои ахбори омма, меъёрҳо оид ба интихоби аъзои комиссияҳои интихоботӣ, такмили қонунгузории интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои вобаста ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавзуҳои асосии суҳбат буданд.
Роҳбарияти Комиссияи марказӣ ба суолҳои меҳмонон посухҳои мушаххас доданд. Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор гардид.
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...