Интихоби ояндаи шоиста
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 81
Мардуми Тоҷикистон дар марҳилае қарор дорад, ки аз Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ояндабинии беҳтар гардидани вазъи зиндагӣ, баланд шудани маошу нафақа, стипендияву мукофотпулиҳои ғолибони озмунҳо, рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ба ваҷд омадааст. Маҳз дар ҳамин давра рост омадани маъракаи муҳимми сиёсӣ – интихоботи вакилони халқ ба руҳияи шодиву дастгирии сиёсати давлат руҷуи нав бахшид.
Дар ҳама хиёбону кӯчаҳо шиору овезаҳои тарғиботӣ доир ба интихобот, вохӯриҳо бо номзадҳо ба вакилӣ, шиносоӣ бо барномаҳои онҳо, ташкили ҳавзаҳои интихобот ба андешаи ҳар як сокини мамлакат эҳсоси дарки сиёсӣ ва масъулияти шаҳрвандиро меафзояд.
Интихобот дар ҳаёти мо натанҳо нишони давлати соҳибистиқлол, демокративу ҳуқуқбунёд ва ягона будани Тоҷикистон аст. Он ифодакунандаи мароми мардум барои ояндаи ин сарзамин, риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, сохтори давлатдорӣ мебошад. Муҳим аз ҳама ҳар яки мо вакилони арзандаро, ки ба манфиати халқ, пешравии давлат саҳм гузоштанианд, ҷонибдорӣ мекунем. Ин ҳуқуқро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад. Овози ҳар яки мо эътибори хосса дорад.
Аз мавқеи шаҳрвандии мо чигунагии фаъолияти минбаъдаи Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста аст.
Барои шаффофу озод гузаронида шудани интихобот дар ҷумҳурӣ Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд, ки раванди интихоботро ташкил ва танзим мекунад.
Пешбарӣ ва интихоб шудани ҳамаи намояндагони ҳизбҳо, ташкили 41 комиссияи ҳавзавии якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон раванди мураккаби фаъолиятест, ки аз ҳар як шаҳрванду масъул муносибати ҷиддиро тақозо мекунад. Зеро дар давлати демократӣ ҳокимиятдории халқ, плюрализми сиёсӣ, фаъолияти озодонаи ҳизбҳо роиҷ буда, эҳтироми интихоби инсон асосӣ ба ҳисоб меравад.
Дар вилояти мо низ будани 69 ҳавзаи интихобот оид ба интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ва шумораи қариб 2 миллион интихобкунандагон аз омодагӣ ва низом ба ин маъракаи сиёсӣ дарак медиҳад.
Мо хушбахтем, ки 2-юми март барои овоздиҳӣ меравем. Дар Тоҷикистон ҳамаи шаҳрвандони аз 18-сола боло, ҳамаи қишрҳои ҷомеа дар интихобот иштирок хоҳанд кард.
Бояд дар хотир дошт, ки на дар ҳамаи кишварҳои ҳатто мутараққии олам шаҳрвандон ҳуқуқи баробару озоди интихоб шудан ва интихоб карданро до-ранд. Сокинони бешаҳрвандӣ, занон, аз рӯйи ирқу нажод имконияти дар маъракаи интихобот ширкат намуданро надоранд.
Мо имрӯз аз неъмати Истиқлол баҳравар шудаем ва меболем, ки зери садои Суруди миллӣ, парафшонии Парчами Тоҷикистон, бо садои суруди мутантани ватандориву хушбахтӣ бо ифтихори шаҳрвандӣ ба интихобот меравем. Ин ифодаи ирода ва боварии мост. Мо барои ояндаи шоистаи худ овоз медиҳем.
Д. Маҳкамзода,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...