Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Прокуратура. Фаъолияти назаррас дар соли 2024


Прокуратура. Фаъолияти назаррас дар соли 2024



Прокуратураи  вилояти  Хатлон  баҳри  амалӣ  намудани  сиёсати  созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, баҳри таъмини волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа дар соли 2024 корҳои муайянеро ба анҷом расонид.

Назорати умумӣ яке аз самтҳои муҳими назорати  прокурорӣ  буда,  дар  ин  муддат вобаста  ба  ҳолати  риоя  ва  иҷрои  талаботи  қонунгузории  ҷорӣ  1787  санҷиш  гу-заронида,  аз  натиҷаи  онҳо  ҳамагӣ  36475 қонунвайронкунӣ ошкор карда шудааст. 

Бо  натиҷаи  санҷишҳо  ҷиҳати  пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 6757 амр, 4678 эътироз ва 3222 пешниҳод оварда  шуда,  5480   нафар  ба  ҷавобгарии интизомӣ,  4121  нафар  ба  ҷавобгарии моддӣ   ва  11702  нафар  ба  ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, инчунин 1261 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта чораҳои эъти-ноии қабулгашта зиёдтар мебошанд.

Кор дар самти барқароркардани зарар беҳтар шуда, маблағи 367,9 миллион сомонӣ барқарор шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 45,8 миллион сомонӣ зиёдмебошад. 

Аз  367,9  миллион  сомонӣ  маблағи  зарари  тибқи  санадҳои  эътиноии  прокурорӣ барқароргашта, 96,4 миллион сомонӣ қарзи андоз,  3,4  миллион  сомонӣ  қарзи  гумрук ба  манфиати  буҷет,  73,8  миллион  сомонӣ қарзи  музди  меҳнат,  91,9  миллион  сомонӣ қарзи  нафақа  ба  манфиати  маъюбон  ва нафақахӯрон,  28,5  миллион  сомонӣ  дар самти  ноболиғон,  65,8  миллион  сомонӣ энергетика ва маблағи 7,8 миллион сомонӣ дар самтҳои дигари назоратӣ рӯёнида шудааст. 

Вобаста  ба  қонунгузории  буҷет  55 санҷиш  гузаронида,  аз  натиҷаи  он  557 қонунвайронкунӣ ошкор карда, дар натиҷа 132 амр, 20 эътироз ва 53 пешниҳод шуда, нисбати 92 нафар истеҳсолоти интизомӣ, 145  моддӣ,  52  маъмурӣ  оғоз  гардид  ва дар  асоси  санадҳои  эътиноии  прокурорӣ маблағи  1,6   миллион  сомонӣ  зарар барқарор карда, 51 парвандаи ҷиноятӣ вобаста  ба  азонихудкунии  молу  мулки  ғайр (моддаи 245 КҶ ҶТ) оғоз ва тафтиш карда шудаанд.

Прокуратураи  вилоят  оид  ба  таъмини қоидаҳои  истифодабарии  қувваи  барқ  ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. 

Аз ҷумла, 82 санҷиш гузаронида шуда, аз натиҷаи он 3337 қонунвайронкуни ошкор карда, дар натиҷа 724 амр ва 129 пешниҳод, 40 эътироз оварда шуда, нисбати 244 нафар   истеҳсолоти  интизомӣ,  1616  моддӣ, 535  маъмурӣ  оғоз  гардида,  дар  асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ маблағи 65.8 млн.  сомонӣ  зарар  барқарор  карда  шуда, 23 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Прокуратураи  вилоят  назорати  иҷрои Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  “Дар  бораи танзими  ҷашну  маросим  дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро  ба  роҳ  монда,  ҷиҳати  амалисозии  меъёрҳои  қонуни  мазкур  чораҳои зарурӣ андешида шудааст.

 Бо  натиҷаи  санҷишҳои  гузаронидашуда  дар  ин  самт  дар  фаъолияти  мақомоти иҷроияи  ҳокимияти  давлатӣ,  комиссияҳои танзими  анъана  ва  ҷашну  маросим, ҷамоатҳои  шаҳраку  деҳот,  тарабхонаҳо, ташкилоту  муассисаҳо  ва  шаҳрвандон қонунвайронкуниҳо,  ба  монанди  вайрон кардани вақти баргузории чорабиниҳо, зиёд кардани теъдоди иштирокчиёни маъракаҳо, таъсис надодани комиссияҳои ҷамъиятӣ ва ғайраҳо, дар маҷмуъ 677 қонунвайронкунӣ ошкор карда, дар натиҷа 59 амр, 11 эътироз ва 192 пешниҳод оварда шуда, нисбати 198 нафар истеҳсолоти интизомӣ, 2 моддӣ, 216 маъмурӣ ва 5 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. 

Оид  ба  иҷрои  Қонуни  конститутси-онии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар  бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» аз ҷониби  прокуророн  ба  502  қарору  амрҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо эътироз ва пешниҳод оварда шудааст, ки ин нис-бат ба ҳамин давраи соли гузашта 72 адад зиёд  мебошад.  Аз  шумораи  умумии  502 қарору амрҳои эътирозшуда, 404 адади он, ё ин ки 80 фоиз вобаста ба замин, 195 қарор ё  ин,  ки  48%  қарору  амрҳои  ғайриқонунӣ қабулкардаи раисони амалкунандаи шаҳру ноҳияҳо мебошанд.

Вазъи риоя ва иҷрои Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  “Дар  бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар  бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ба  талабот  ҷавобгӯй  набуда,  ҳолатҳои  ба қонунвайронкуниҳо,  бахусус  ба  ҷиноятҳои гуногуни  вазнин  ва  махсусан  вазнин  даст задани  раисони  ҷамоатҳои  шаҳраку  деҳот ва дигар шахсони мансабдори мақомотҳои маҳаллии  ҳокимияти  давлатии  шаҳру ноҳияҳо ҷой доранд.

Пардохти  саривақтии  музди  меҳнат таҳти  назорати  доимӣ  қарор  дода  шуда, ҳолатҳои  саривақт  аз  тарафи  корфармоён пардохт накардани музди меҳнати кормандон  дар  баъзе  аз  корхонаву  ташкилотҳои ҳудуди вилоят то ба ҳол ҷой дошта, тибқи санадҳои эътиноии прокурорӣ дар ин давра  74  миллион  (70,8  миллион)  сомонӣ қарздории музди меҳнат ба манфиати кормандон пардохт карда шудааст. 

Ҳамзамон,  дар  ин  давра  дар  самти қонунгузорӣ   оид  ба  ҳимояи  ҳуқуқи  истеъмолкунандагон  як  қатор  корҳо  ба  анҷом расонида,  62  санҷиш  гузаронида,  942 қонунвайронкунӣ  ошкор  карда  шуд.  Дар ин  асос  чораҳои  дахлдори  эътиноӣ  қабул карда,  551  парвандаи  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 17 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Ҳолати иҷрои конунгузории замин таҳти назорати ҳамарӯза қарор дошта, кӯшиш ба харҷ дода шуд, ки истифодаи оқилона ва самараноки замин дар доираи талаботи қонун таъмин  карда,  тақсимоти  ғайриқонунӣ  ва ғасби худсаронаи он пешгирӣ карда шавад. 

Новобаста  аз  ин,  то  ҳол  дар  миқёси вилоят  ҳолатҳои   ғайриқонунӣ  ҷудо  кардан,  хариду  фурӯши  ғайриқонунии  замин ва ғасби худсаронаи он ҷой дошта, дар ин самт  152   санҷиш  гузаронида,  аз  натиҷаи онҳо 5781 қонунвайронкунӣ ошкор гардида, баҳри  бартарафсозии  қонунвайронкуниҳои ҷойдошта ба унвонии роҳбарони мақомоти дахлдор ва ташкилоту муассисаҳо 929 амр ва 513 пешниҳод ирсол карда, ба санадҳои ғайриқонунӣ 889 эътироз оварда шуда, 375 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва 591 нафар  ба  ҷавобгарии  моддӣ  кашида,  2032 парвандаи  ҳуқуқвайронкунии  маъмурӣ  ва барои ғайриқонунӣ додани замин, худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва дигар ҷиноятҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои мансабии ба замин  алоқаманд  489  парвандаи  ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд. Бо санадҳои эътиноии  прокурорӣ  маблағи  зарар  1,7  миллион сомонӣ барқарор карда шудааст, ки нисба-ти  соли  гузашта  212,4  ҳазор  сомонӣ  зиёд мебошад.

Баҳри  пешгирӣ  намудани қонунвайронкуниҳои  замин  дар  асоси санадҳои  эътиноии  прокурорӣ  дар  миқёси вилоят  майдони  56,19  гектар  қитъаҳои  замини худсарона ишғолшуда ва ғайриқонунӣ додашуда ба ҳолати аввала бозпас гардонида шудааст.

Назорати риояи қонунгузорӣ дар бораи андоз  яке  аз  самтҳои  дигари  фаъолияти прокуратура  буда,  диққати  асосӣ  ба  таъмин  намудани  иҷроиши  нақшаи  воридоти андозҳо ва рӯёнидани қарзҳои андоз дода шудааст. Дар ин самт 136 санҷиш гузаронида, 3522 қонунвайронкунӣ ошкор гардида, бо  натиҷаи  онҳо  баҳри  пешгирӣ  ва  бартараф  намудани  қонунвайронкуниҳо  2200 санади прокурорӣ бароварда, бо баррасии онҳо 140 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва 1122 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, 29 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. 

Дар ин давра дар самти назорати иҷрои қонунгузории  нақлиёт  118  санҷиш  гузаронида,  2837  қонунвайронкунӣ  ошкор  карда шуда,  ҷиҳати  рафъи  қонунвайронкуниҳои ошкоргашта  чораҳои  дахлдори  прокурорӣ андешида  шудааст.  Дар  асоси  санадҳои прокурорӣ  718476  сомонӣ  барқарор  карда шудааст.

Ба  назорати  иҷрои  қонунгузорӣ  оид  ба ноболиғон ва ҷавонон чун ҳарвақта диққати хоса дода шуд. Дар ин давра 165 санҷиш гузаронида, 5584 қонунвайронкунӣ ошкор гардида, бо натиҷаи онҳо 789 амр, 739 эътироз  ва  513  пешниҳод  бароварда,  1502 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 632 нафар ба  ҷавобгарии  моддӣ  ва  1211  нафар  ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, 190 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва зарар ба маблағи 28,5 миллион сомонӣ барқарор карда шудааст. 

Санҷишҳои  прокурорӣ  муайян  намуд, ки ҳанӯз ҳам ҳолатҳои аз тарафи шахсони мансабдор  ва  хизматчиёни  давлатӣ  содир  кардани  ҷиноятҳои  сӯйистифода  аз ваколатҳои мансабӣ, тасарруфи маблағҳои буҷетӣ,  воситаҳои  асосӣ,  сохтакории хизматӣ ва дигар ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии коррупсионӣ ҷой дошта, вобаста ба ин ҳолатҳо 73 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш карда шудааст.

Бо  назардошти  нақш  ва  аҳамияти Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар  бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар тарбияи насли наврас ҳолати  иҷрои  он  таҳти  назорати  ҳамарӯза қарор  дошта,  аз  тарафи  прокуратураи  вилоят  ва  шаҳру  ноҳияҳои  он  74   маротиба санҷиш  гузаронида,  бо  натиҷаи  он  1769 қонунвайронкунӣ ошкор ва ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, нисбати 66 нафар волидайн парвандаи ҷиноятӣ барои монеъ шу-дан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи ҳатмии асосии 9-сола бо моддаи 164 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон  оғоз  карда  шуд.  Нисбати 818   нафар  бо  моддаи  90  КҲМ  Ҷумҳурии Тоҷикистон  парвандаи  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда, барои баррасӣ ба суд ирсол гардид ва нисбаташон ҷазои сазовор таъин карда шудааст. 

Дар  давраи  таҳлилӣ   аз  ҷониби ноболиғон ва бо иштироки онҳо дар ҳудуди вилоят 251 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.

Сатҳи  содиршавии  ҷиноят  ба  ҳолати 1-уми январи соли 2025 тамоюли болоравӣ дошта,  6448  ҷиноят  ба  қайд  гирифта  шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гу-зашта 546 ҷиноят ё 5,25% зиёд буда, 2321 ҷиноят  аз  ҷониби  мақомоти  прокуратураи вилояти  Хатлон  ошкор  карда  шудааст.  Кушодашавии ҷиноятҳо 83,81 фоизро ташкил дода,  содиршавии  ҷиноятҳои  хусусияти экстремистидошта 42,53%, ғоратгарӣ 50%, авбошӣ  47,63%,  одамкушӣ  ва  сӯиқасд  ба он  33,3%,  роҳзанӣ  33,3%,  вайрон  кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ 21,29%, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор 20,69% ва  дуздӣ  10,26%  афзоиш  ёфтааст,  ки  боз ҳам пурзӯр кардани фаъолиятро дар самти пешгирии  ин  қабил  ҷиноятҳо  тақозо  менамояд.

Ҷиноятҳои  вазнин  дар  вилоят  1318 адад  ба  қайд  гирифта  шудааст,  ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 54 адад ё 4,27% зиёд гардидааст. 

Аз ҷониби прокуророн дар ин давра 368 ҷинояти аз қайд пинҳонмонда ошкор ва ба қайд гузошта шудааст, ки аз онҳо 155 парвандаи ҷиночтӣ бо тасдиқи хулосаи айбдоркунӣ ба Суд ирсол гардидааст.

Бо  натиҷаи  баррасии  пешниҳодҳои прокуророн  212  нафар  кормандони мақомоти  корҳои  дохилӣ  барои  даст  за-дан ба рӯйпӯшкунии ҷиноят ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудаанд.

Дар  самти  мубориза  бо  муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ошкоркунии  он  аз  171  ба  210  ҳолат  расида, миқдори маводи нашъаовари дарёфтгарди-да дар маҷмуъ 1337 кг. 82 граммро ташкил намудааст.

Яке  аз  масъалаҳои  мубрами  рӯз ҳодисаҳои  худкушӣ  буда,  дар  давраи таҳлилӣ  142  ҳодисаи  худкушӣ  ва  сӯиқасд ба  он  ба  қайд  гирифта  шудааст,  ки  аз  ин шумора  65  нафар  мардон  ва  77  нафар занҳо буда, аз шумораи умумӣ 109 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расидаанд. 

Ин  зуҳуроти  номатлуб  дар  шаҳру ноҳияҳои  Шаҳритус,  Темурмалик,  Носири Хусрав,  Фархор,  Ёвон,  Ҷалолиддини Балхӣ, Муъминобод, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст. 

Даст  ба  худкушӣ  задан  дар  байни  ноболиғон  бошад,  дар  ин  муддат 32 нафарро ташкил дода, ҳамаи онҳо хонандагони  муассисаҳои  таҳсилоти миёна мебошанд. Вобаста ба ин қабил ҳодисаҳо  16  парвандаи  ҷиноятӣ  бо моддаи  109  КҶ  Ҷумҳурии  Тоҷикистон оғоз  ва  мавриди  тафтиши  пешакӣ қарор дода шудаанд. 

Дар   соли  2024  дар  ҳудуди  вилояти  Хатлон  9  ҷинояти  одамкушӣ  ва сӯйиқасд ба он ба қайд гирифта, 8 тои онҳо  ошкор  ва  оид  ба  ин  кушторҳо парвандаҳои  ҷиноятӣ  оғоз  карда  шудаанд.  Ҷиноятҳои  куштор  дар  шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Дӯстӣ, Вахш, Ҷайҳун, Қубодиён, Данғара, Ш. Шоҳин, Фархор, Панҷ,  Кӯшониён,  Ҷ.  Балхӣ,  А.  Ҷомӣ, Восеъ, Н. Хусрав ва шаҳри Бохтар ба қайд гирифта шудаанд. 

Прокуратураи  вилояти  Хатлон вобаста  ба  ошкоркунии   кушторҳои солҳои пешин фаъолиятро ҷоннок намуда,  тамоми  чораҳои  дахлдорро  дар ин самти фаъолият андешида истодааст.

Дар соли 2024 аз ҷониби муфаттишон боз 6 парвандаи ҷиноятӣ оид ба 9 ҳодисаи кушторҳои қасдонаи солҳои пешин  мавриди  тафтиш  қарор  дода шуда, 5 парвандаи ҷиноятиро нисбати 7 нафар бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол намудаанд. 

Дар самти мубориза бо коррупсия аз ҷониби мақомоти прокуратураи вилоят 460 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор ва бо 654-тои онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз  карда,  маблағи  зарари  ошкоршуда 8 миллион сомонӣ ташкил намудааст.  Ба  фоидаи  давлат  4,1  миллион сомонӣ дар рафти пешбурди парвандаи ҷиноятӣ барқарор карда, ҳамзамон дар ин самт 104 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст. 

Дар  ин  самт  аз  ҷониби  прокуратураи вилоят 13 ҷинояти додану гириф-тани пора ошкору ба қайд гирифта шудааст. Баҳри тарғибу ташвиқи қонунгузорӣ ва  таъмини  иҷрои  Фармони  Пешвои миллат,  Президенти  мамлакат  №691, аз  9  апрели  соли  1997  «Дар  бораи сиёсати  ҳуқуқӣ  ва  тарбияи  ҳуқуқии шаҳрвандони  Ҷумҳурии  Тоҷикистон» ва  Фармони  дахлдори  Прокурори генералӣ  дар  ин  самт  доир  ба  вазъи ҷинояткорӣ  ва  фаъолияти  прокуратура  ҳамагӣ  125  ахборот  дода  шуда, дар  байни  аҳолӣ  38  ва  коллективҳои меҳнатӣ 37 маротиба кормандони прокуратура баромад намудаанд.

Бинобар    «Соли  маърифати ҳуқуқӣ»  эълон  шудани  соли  2024 аз  тарафи  кормандони  дастгоҳи марказии  прокуратураи  вилоят  ва прокуратураҳои  шаҳру  ноҳияҳо  тибқи нақшаҳои  тасдиқгашта  дар  ташкилоту муассисаҳо  ва  байни  аҳолӣ  вохӯрию суҳбатҳои бомаром ташкил гардид.

Прокуратураи  вилоят  тасмим  гирифтааст,  ки  минбаъд  низ  назорати  прокурориро  дар  ҳамаи  ҳолатҳо пурзӯр  намуда,  ҷиҳати  иҷрои  дастуру   супоришҳои  Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба   таъмини  волоияти  қонун,  таҳкими қонуният  ва  тартиботи  ҳуқуқӣ,  ҳимояи ҳуқуқу  озодиҳои  инсон  ва  шаҳрванд, манфиатҳои  давлат  ва  ҷомеа  тамоми чораҳои дахлдорро андешад.

А. Назарзода, 
прокурори вилояти Хатлон,
мушовири  адлияи  дараҷаи  1

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода