Омили тақвияти худшиносиву худогоҳии ҷавонон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 54
(Андешаҳо перомуни романи «Падар»-и нависанда Абдуқодири Раҳим)
Дар даврони соҳибистиқлолӣ адабиёти тоҷик баробар ба тамоми соҳаҳои муҳимму афзалиятноки хоҷагии халқи мамлакат инкишоф ёфта истодааст. Аҳли эҷоди мамлакат дар ин марҳилаи рушд тамоми саъю кӯшиши худро бар он равона намуда истодаанд, ки дар тақвият ва рушди неруи зеҳнии мардум, хосса наврасону ҷавонон ба таври шоиста саҳмгузор бошанд.
Яке аз адибони серталош ва хушзавқи адабиёти муосири тоҷик рӯзноманигор, шоир ва нависанда Абдуқодири Раҳим мебошад, ки бо таълифоти ҷолиби хеш кайҳо боз диққати аҳли илму адаб, мунаққидону муҳаққиқонро ба худ ҷалб кардааст.
Романи тозаэҷоди адиб зери унвони «Падар», ки соли 2023 нашр гардидааст, аз лиҳози мавзуъ ва мундариҷа боиси таваҷҷуҳ аст. Ба андешаи Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Абдулҳамид Самад, «Падар» то ҷое таҳқиқи мантиқии бадеӣ-эстетикии мавзуъҳои маърифатии силсилаи асарҳои «Дарди сар» ва «Рангҳо»-ву «Марг» ба назар мерасад». Воқеан ҳам, бо мутолиаи асарҳои нависанда Абдуқодири Раҳим эҳсос мешавад, ки як асар идомаи мантиқии асарҳои қаблан эҷодкардаи вай мебошад, чун тарзи ифодаи фикр ва ҷаҳони андешаи муаллиф басо рангин ва асроромез аст.
Таровидаҳои чакомаи ин адиби хушзавқ барои на ҳар хонанда маънирасу фаҳмост. Зеро, аз рӯи унвони асар, ки «Падар» номгузорӣ шудааст, ба назари хонанда, пеш аз ҳама, симои шахсияти барои адабиёт маъмул – падар, сутуни хонадон, тарбиятгар ва сарпаноҳи ҳамсару фарзандон намудор мегардад. Бале, хонанда низ ҳақ дорад, зеро то имрӯз мо асарҳои ба ин ном наздик ба монанди «Дар орзуи падар» аз устод Кароматуллоҳи Мирзо ва «Баъд аз сари падар» аз устод Абдулҳамид Самадро медонем ва мутолиа кардаем.
Тавре қайд шуд, роман бисёрсужа мебошад, аниқтараш хатти муайяни сужаи асар пайгиринашаванда аст. Адиб кӯшиш кардааст, ки ҷаҳони ботинии натанҳо як фард, ё як гурӯҳи муайяни инсонҳоро ифшо намояд, балки ба назар чунин мерасад, ки ҷаҳони ботинии ҷомеаи имрӯзаро аз тамоми табақаҳои синнусолӣ бозкушоӣ кардааст. Ин аст хусусияти хосси романи «Падар». Дар асар намояндагони тамоми табақаҳои иҷтимоиву синнусолӣ ба таври рамзӣ ҷаҳони ботинии хешро ифшо месозанд ва аз ҳузури худ дар ҷомеа ва мақсаду ният ва орзую ҳасрати хеш ба ҳар тариқ изҳори ақида менамоянд.
Аз ибтидои роман сухан аз таъкидҳои шоистаи падар рафта, тадриҷан ин симо – падар ба руҳи абадзиндаи наҷотбахшу раҳнамунсози башар, хосса, насли имрӯзаи мо мубаддал мегардад ва то интиҳои асар рамзан ширкат меварзад.
Аз нигоҳ ва бардошти аввал образи падар то андозе реалӣ ва бадеӣ ба назар мерасад, чун ба умқи мазмуни асар андешамандона ворид мешавӣ, ин образ сирф рамзист. Мақсад ва муҳтавои андешаи нависанда аз интихоби номи асар ва офаридани образи рамзии падар дигар аст. Падар – руҳи бузургу поки аҷдодони нексиришту хирадманд, поктинату ростқавл, хайрхоҳу саховатпеша, ботадбиру порсо, хуллас, намунаи барҷаста ва гувоҳи ҳастии пешоҳангони соҳибмаърифату соҳибтариқат ва пешвоёни давлатсозу зиндагиофар мебошад.
Адиб бо офариниши ин образ таъкид карданист, ки мо - мардуми тоҷик аз қадим тарзу равиш, услубу шеваи зисту зиндагӣ, урфу одат ва анъанаҳои наҷиби худро доштем, ки дар саргаҳи ин низоми пуриқтидор аҷдоди огоҳу бомаърифат, давлатдору давлатсоз, суханофару сухансанҷ ва ботадбиру дурандеш меистод, ки насли наву баъдинро бо ҳузури воқеӣ ва ҳатто баъд аз сари худ бо ғояи қавии ақидаҳои шоиставу қатъии хеш дар руҳияи инсон будан тарбия менамояд.
Дар асар бармало эҳсос мешавад, ки нависанда бо ҳар тарзу усул ва шеваи хосси нигориши хеш ба хонанда арзишҳои фаромӯшшударо ёдрас кардан мехоҳад. Арзишҳои ба назар кӯчаку ба моҳият хеле бузурге чун гиромӣ доштани дабистон, эҳтироми омӯзгору ҳамсабақ, ҳифзи дӯстиву ҳамраъйӣ, эҳтироми арзишҳои волои диниву ахлоқӣ, арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, хосса, либоспӯшӣ, маърифти рӯзгордорӣ ва ҳифзи асолати азалии як инсони комил аз мавзуъҳои меҳварӣ маҳсуб меёбад.
Аз ибтидо то интиҳо симои падар бо он ҳама рисолату бузургӣ, бо руҳи созандаи худ ровии сужаро ҳамроҳу мадад-расон аст. Дар ҳар лаҳзаи душвору му-раккаб аз пандҳои падар ба маврид ёд оварда, худро тасаллӣ мебахшад.
Забони асар аз таъбирҳои халқӣ, панду андарзи ниёгон ва порчаҳои шеърии шевову равон хеле бой аст. Адиб та-вонистааст, ки ҳар кадоми онро дар ҷои мувофиқ ва муносиб корбаст намояд, ки ин қимати бадеии асарро афзудааст.
Гадомад Зулфиев,
декани факултети филологияи тоҷик
ва журналистикаи ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...