Бунёди 6 корхонаи истеҳсолӣ дар Бохтар
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
Қисми даромади буҷетӣ дар шаҳри Бохтар 106% иҷро гардида, ба ҷойи 279 миллион сомонӣ 296,7 миллион сомонӣ ворид карда шуд. Ин нукта дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Бохтар дар соли 2024 баён гардид.
Зикр шуд, ки соли гузашта дар шаҳри Бохтар 2207 ҷойи нави корӣ таъсис ёфтааст. 9 лоиҳаи сармоягузорӣ бо маблағи умумии 74,6 миллион доллар татбиқ шудаанд.
Соли гузашта 1250 сокини Бохтар бо ҷойҳои корӣ таъмин гардида, 260 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд. Маоши миёнаи моҳонаи кормандон ба 2275 сомонӣ баробар шуд, ки назар ба як сол пеш 15% афзудааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Бохтар 330,6 миллион сомониро ташкил дод. Соли 2024 дар маркази маъмурии вилоят 6 корхонаи нав ба истифода дода шуд. Барои таъмири роҳҳо 2,05 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардид.
Дар ҷамъбасти ҷаласа вазифаҳо барои соли 2025 таъкид гардида, иштирокдорон ба фаъолиятҳои самарабахши минбаъда даъват шуданд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
28-12-2023, 16:56
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...