Омӯзгор бояд равоншинос ҳам бошад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 173
![]()
Мактабҳои олӣ метавонанд ихтисосҳоеро, ки руҳи солимро дар ҷомеа ташаккул медиҳанд, масалан, равоншиносонро густариш диҳанд. Дар давлатҳои пешрафта чунин мутахассисон дар ҳама соҳаҳо кору фаъолият доранд.
Эмомалӣ Раҳмон
Будани равоншинос - психолог дар ҳама касбу кор муҳим аст, аммо бе равоншинос будани муассисаи таълимӣ камбудии хеле калон ба ҳисоб меравад. Ҳар як омӯзгор новобаста аз ихтисосаш, ки мураббии тарбиятгирандагони муассисаи томактабист ё муаллими синфҳои ибтидоӣ ё худ устоди синфҳои болоӣ ва ё омӯзгори фанни химия, англисӣ, забони тоҷикӣ аст, бояд равоншиноси хуб бошад. Чун надонистани ҳолати руҳии шогирдон ва наомӯхтани ҳолати психологии онҳо дар давоми фаъолияти корӣ барои ҳар як муаллим душвориҳоро ба бор хоҳад овард.
Психолог руҳи инсонро меомӯзад, омӯзгорон низ ҳолати руҳии шогирдони худро бояд дақиқ омӯзанд. Агар дар ҳар як синф масалан 25 хонанда бошад, пас, маълум мешавад, ки 25 гуна характер ва 25 руҳи мухталиф инкишофёфта мавҷуд мебошад. Яке дар муҳити оила бофаҳм, дигаре баръакс ва боз яктояш босавод, ҳамчунин дигараш баръакси ин дарс мехонанд. Яъне дар як синф асло фаҳмишу донишу тарбияву идроки шогирдон якхела нест. Барои ҳамин муаллимонро мебояд, ба ғайр аз хондани китоби аслии касбиашон, ки педагогика аст ва боз ҳатман китобҳои психологии зиёдеро низ мутолиа карда бошанд. Агар не, пас ҳангоми фаъолияти хеш ҳатман байни шогир-дон нофаҳмиҳо ва ранҷишҳое ба вуқуъ мепайвандад.
Г. Атоева дар китоби худ "Психологияи умумӣ", дар саҳифаи 9-ум таърихи пайдоиши фанни психологияро чунин шарҳ додааст: «фанни психология ба таърихи куҳна соҳиб буданаш нигоҳ накарда, фанни нав (навқирон) аст. Чунки психологияи илмӣ аз лабора-торияи аввалини эксперименталӣ, ки дар университети Лейпсиг (Германия) аз тарафи психологи немис В. Вундт соли 1979 асос гу-зошта шудааст, сар мешавад».
Омӯзгорон тарбиятгари нас-ли наврас ҳастанд, равоншиноси боқувват буданашон лозим. Зеро ояндаи шогирдон ва фардо чӣ тавр зистани онҳо, ҳамчунин бо чӣ гуна руҳу равон аз макотиб баромадан, албатта нақши психологии муаллимон хеле бузург мебошад.
Фикри инсон зуд тағйирёбанда аст. Агар омӯзгор равоншиноси хуб бошад, метавонад шавқи шогирдонро ба хондани китоб бедор карда, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намояд.
Оӯхтани руҳу равони хонандагон ва боз волидайни онҳоро низ аз ҷиҳати психологӣ омӯхтан аз манфиат холӣ нест. Зеро муаллимон танҳо бо талабаҳо сару кор надоранд, балки муносибаташон бо падару модари эшон низ зич бошад. Чун таълими толибилмон аз ду тараф натиҷаи мусбат хоҳад дод. Чун садо аз ду даст мебарояд. Бо 4-5 соати дарсӣ ҳаргиз омӯзгор натиҷаи хуб дода наметавонад, агар бо волидайни шогирдонаш ҳамкории зич надошта бошад.
Барои ҳамин психология натанҳо фаъолияти психикиро меомӯзад, инчунин ифода карданро дар асоси илмӣ меомӯзад. Зеро психологияи илмӣ дар байни дигар предметҳои илмӣ фанни асосӣ ба ҳисоб рафта, дар ривоҷи ҷамъият нақши муҳим дорад.
Исматулло Файзализода,
ноҳияи Темурмалик
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...