Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Паём - ифодагари сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ


Паём - ифодагари сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ



Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 декабри соли 2024 муаррифӣ гардид, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва берунии мамлакат мавриди таҳлил ва хулосабарории амиқ қарор гирифт.

Қайд  гардид,  ки  дар  даврони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  арсаи  байналмилалӣ  ҷойгоҳи устувори  хешро  пайдо  карда,  бо 183  кишвари  ҷаҳон  муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, 192 давлат истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман эътироф намудааст.

Ҷойгоҳи  устувори  Тоҷикистон  дар арсаи  байналмилалӣ  дар  он  зуҳур меёбад,  ки  дар  натиҷаи  сиёсати  хирадмандона  ва  созандаи  Пешвои муаззами  миллат  ҷумҳурии  мо  ба узвияти  аксари  созмонҳои  бонуфузи  байналмилалӣ  пазируфта  шуда, узви  комилҳуқуқи  беш  аз  57  созмони  байналмилалӣ,  минтақавӣ  ва ниҳодҳои  байналмилалии  молиявӣ мебошад ва ҳамроҳ бо дигар кишварҳо дар ҳалли мушкилоти сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ  ва  экологии ҷаҳон саҳми босазо мегузорад.

Арзишмандтарин  хусусияти  Па-ёми  навбатии  Пешвои  миллат  дар самти сиёсати хориҷӣ - ин дар асоси меъёрҳои  ҳуқуқи  байналмилалӣ  таъмин, тақвият ва дар оянда низ густариш додани муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории  Тоҷикистон,  пеш  аз  ҳама, бо  ҳамсояҳои  наздик  –  кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад, ки дар низоми  муносибатҳои  байнидавлатии Тоҷикистон  мақоми  хосса  доранд. 

Дар  Паём  омадааст:  «Стратегияи мамлакати  мо  зимни  рушду  тавсеаи  муносибатҳо  бо  давлатҳои  Осиёи  Марказӣ  минбаъд  низ  дар  заминаи  ҳусни  эътимод  ва  самимият  бо ҳадафи мусоидат дар таҳкими фазои сулҳу субот ва таъмин намудани рушду  пешрафти  муштарак  дар  минтақа бунёд мегардад».

Дар  Паём  густариши  ҳамкории Тоҷикистон  бо  кишварҳои  Иттиҳоди Давлатҳои  Мустақил,  кишварҳои Аврупо,  Амрико,  Ховари  Миёна  ва давлатҳои  дигари  дунё  зикр  ёфта,  ҳамзамон иброз гардид: «Мо аз тавсеаи робитаҳо, бахусус дар самтҳои рушди иқтисоди «сабз», ҳифзи муҳити  зист,  технологияҳои  навин,  ҷалби  сармоя  ва  тиҷорат  истиқбол  менамоем».  Ҷойгоҳи устувори кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ дар  он  низ  зуҳур  мегардад,  ки  соли  2025 Ҷумҳурии  Тоҷикистон  раёсат  дар Созмони Иттиҳоди  Давлатҳои  Мустақилро  ба  уҳдаи  ги-рифтааст.

Дар Паём омадааст, ки Тоҷикистон ҳамкории судмандро  бо  ҳама  созмонҳои  бонуфузи  байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва ниҳодҳои дигар ба роҳ монда, рушду тавсеа мебахшад.

Дар  Паём  боз  як  нуктаи  муҳими  сиёсати  хирадмандонаи  Пешвои  миллат  дар  арсаи  байналмилалӣ  зикр  ёфтааст.  Соли  2025 Тоҷикистон  дар  ҳамкорӣ  бо  Созмони  Милали Муттаҳид мизбони аввалин Конфронси байналмилалии  сатҳи  баланд  оид  ба  ҳифзи  пиряхҳо хоҳад  буд.  «Мо  бояд  ҳамкориро  дар  самти обу  ҳифзи  пиряхҳо,  баррасии  пайомадҳои тағйирёбии  иқлим  ва  коҳиш  додани  хавфи офатҳои табиӣ дар доираи имконияти мавҷуда идома  дода,  ҷиҳати  тақвияти  ҳамкории байналмилалӣ  дар  қолаби  «Раванди  оби  Душанбе» тадбирҳои зарурӣ андешем», омадааст дар Паём.

Дар  ин  замина,  Тоҷикистон  дар  арсаи байналмилалӣ  ба  ҳайси  кишвари  пешбар дар  ҳалли  масоили  мубрами  обу  экология ва  тағйирёбии  иқлим  эътироф  гардидааст. 

Бешубҳа,  ин  аз  эътирофи  таҷрибаву  малакаи кофӣ доштани давлати мо дар баргузории чорабиниҳои  сатҳи  баланди  байналмилалӣ ва  обрӯю  нуфузи  баланди  сарвари  он  гувоҳӣ медиҳад  ва  боиси  ифтихори  мардуми  шарафманди Тоҷикистон аст.

Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба вазоратҳои  дахлдори  ҷумҳурӣ  супориш  доданд, ки маводи заруриро вобаста ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир  омода  ва  ба  ЮНЕСКО  пешниҳод  намоянд. Ин ташаббуси Пешвои миллат метавонад таваҷҷуҳи тамоми ҷомеаи ҷаҳонро ба миллати бунёнсози аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар ва фарзанди барӯманди он - Куруши Кабир, ба таъриху фарҳанги бойи он, ба санадҳои муҳимми таърихии он ҷалб намуда, ба ин васила барои эҳтиром,  эътироф  ва  риояи  ҳуқуқи  инсон  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хидмат намояд. 

Ҳифзи сулҳу субот ва таъмини амнияти пойдор дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар сархати авлавиятҳои калидии сиёсати хориҷии давлати мо  қарор  дорад.  Пӯшида  нест,  ки  Тоҷикистон дар  хатти  пеши  мубориза  бар  зидди  таҳдиду хатарҳои  замони  муосир  мисли  терроризму экстремизм  қарор  дошта,  дар  таъмини  амнияти минтақа нақши муҳим дорад. Аз ин лиҳоз, Тоҷикистон минбаъд низ бо кишварҳои минтақа ва  ҳамҷавор,  ҳамкории  зичу  судмандро  дар соҳаи амният идома хоҳад дод.

Ҳамин  тавр,  Тоҷикистон  дар  арсаи байналмилалӣ  қадамҳои  устувор  гузошта,  бо пешбурди сиёсати ҳуқуқбунёд ва пешниҳодҳои созанда  мавқеи  худро  истеҳком  мебахшад  ва дар  оянда  низ  бо  равиши  хоси  дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои  умумибашарӣ  асос  ёфтааст,  ҳамчун як мамлакати фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили  муҳимми  ҷаҳони  муосир  ва  минтақа саҳми мондагор хоҳад дошт.

Саидумар РаҷаБов, 
доктори илмҳои ҳуқуқ,
профессор

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода