Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон: марҳилаи нави равобити дӯстон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 11
Ҳамкориҳои дуҷониба ҷузъи асосии муносибатҳои байналмилалӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон кишварҳое ҳастанд, ки ҳамкориҳои онҳо дар таърихи муносибатҳои муосири байналмилалӣ сабт карда мешавад. Ин мавқеъ бо назардошти робитаҳои таърихӣ, фарҳангӣ, қавмӣ ва забонӣ миёни мардумони ду кишвар, инчунин манфиатҳои умумӣ дар соҳаи амнияти минтақавӣ ва ҳамкориҳои иқтисодӣ муайян шудааст.
Тоҷикистон шарики калидии ҶИЭ дар Осиёи Марказӣ
Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷойгоҳи хосса дорад. Барои Ҷумҳурии Исломии Эрон Тоҷикистон як шарики калидӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Теҳрон ҷойгиршавии стратегӣ ва нақши Тоҷикистонро дар пешбурди ташаббусҳои фарҳангӣ ва иқтисодӣ баланд арзёбӣ мекунад. Заминаҳои таъ-рихии кишварҳо ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва ба наздикшавии давлату миллатҳо мусоидат намуд. Дар асоси низоми муносибатҳои байналмилалӣ ва дохилӣ робитаҳо дар соҳаҳои гуногун барқарору тавқият ёфтанд.
Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони Эрон муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо дар ҳама самтҳо ба сатҳи си-фатан нав баромаданд. Сафарҳои мутақобилан судманди сатҳи олӣ ба марҳилаи нави ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ноил гардидаанд.
Тибқи иттилоъ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён рӯзҳои 15-16 январ ба Тоҷикистон сафари корӣ анҷом медиҳад. Дар доираи ин сафар ҳайати калони тоҷирони эронӣ низ бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ
ба Душанбе меоянд.
5 омили тақвияти ҳамкориҳо
Мавриди зикр аст, ки ба марҳилаи нави ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Эрон омилҳои зерин мусоидат намуданд:
1. истиқлолияти давлатӣ. Ҷумҳурии Исломии Эрон пас эълони Истиқлолияти давлатӣ яке аз аввалин шуда Истиқлоли Тоҷикистонро шинохт.
2. муносибатҳои дипломатӣ. Эрон яке аз аввалин кишварҳое буд, ки соли 1992 бо Тоҷикистон муносибати дипломатӣ барқарор намуд.
3. Сафоратхонаҳо. Сафорати Ҷумҳурии Исло-мии Эрон 9 январи соли 1992 дар Душанбе ба фаъолият шуруъ намуд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон 18 июли соли 1995 ифтитоҳ гардид 4. Сафарҳои сатҳи олӣ. Дар тӯли 33 соли муносибатҳои дипломатии ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон солҳои 1995, 1996, 1997, 1998, 2000, 2003, 2006, 2007, 2008, 2009, 2010, 2011, 2013, 2022 ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 1997, 2000, 2002, 2004, 2006, 2008, 2010, 2011, 2012, 2014, 2019, 2021,
2023 сафар намудаанд. Ин сафарҳо ва мулоқотҳои мунтазам дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумлаи нишондиҳандаҳои ҳамкориҳои наздик ме-бошанд.
5. Санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ.Ду кишвар зиё-да аз 200 санади меъёрии ҳуқуқиро имзо кардаанд, ки ҳамкориҳоро дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, гуманитарӣ ва дигар самтҳо танзим мекунанд. 8 ноябри соли 2023 паҳлуҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварҳо баррасӣ гарди-да буд, аз ҷумла:
- роҳандозии тарҳҳои муҳим дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, коркарди маъдан, кишоварзӣ ва сайёҳӣ бо ҷалби сармоягузориҳои муштарак;
- фаъолияти мунтазами Кумитаи муштараки сармоягузорӣ ва Шурои муштараки соҳибкорон;
- баргузории Форумҳои соҳибкорон ва Намоишгоҳҳои молу маҳсулот дар қаламрави ҳамдигар;
- ҳамкориҳо дар бахши энергетика, аз ҷумла бун-ёди неругоҳҳои барқи обиву офтобӣ дар қаламрави Тоҷикистон;
- татбиқи тарҳҳои нақлиётиву коммуникатси-оние, ки ду кишварро бо ҳам ва бо шабакаҳои байналмилалӣ мепайвандад;
- истифодаи зарфиятҳои транзитии ҳамдигарро барои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ.
Дар қаринаи санадҳои имзошуда бо ишора ба шароити мавҷуда ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ, афзоиши парвозҳо байни ду кишвар ва соддагардонии низоми рафтуомад дар ин замина мусоид унвон гардид. Ҳамзамон баргузории рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон дар қаламрави ҳамдигар аз омилҳои муҳими рушди ҳамкориҳои фарҳангиву башарӣ арзёбӣ карда шуд. Дар баробари изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи хуби ҳамёрӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ алоқамандии ҷонибҳо ба идомаи ҳамкориҳои бисёрҷониба изҳор карда шуд. Дар ҷараёни музокирот, ҳамзамон атрофи масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъи Афғонистон, қазияи Фаластин ва дигар мавзуъҳои рӯзномаи ҷаҳонӣ табодули афкор сурат гирифт. Зарурати талошҳои муштарак ҷиҳати амалӣ намудани Барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷории ду кишвар то соли 2030 таъкид гардид.
Маҳз омилҳои дар боло зикргардида буданд, ки дар марҳилаи нави ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон нақши бориз ба худ касб намуданд. Робитаҳои вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳо дар амалӣ гардидани ҳадафҳое, ки дар муколамаи созандаи сиёсӣ миёни роҳбарони олии ду кишвар гу-зошта шуда буд, дар ҳамкориҳои дуҷониба дар тақвияти соҳаҳои амният, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илмию адабӣ, фарҳангӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳои ҳамкориҳо саҳми назарраси худро гузошта истодаанд.
Бояд қайд кард, ки бо мақсади густариши робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангиву техникӣ ташкил ёфтааст, ки ҷаласаи охирони он соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, баргузории ҷаласаи навбатии он дар шаҳри Теҳрон дар назар аст.
Сармоягузорь барои рушди иқтисод
Дар давраи солҳои 2007- 2024 (11 моҳ) аз ҷониби сармоягузорони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 647,7 миллион доллари ШМА сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки аз онҳо 299,4 миллион доллари ШМА сармоягузориҳои мустақим ва 24,1 миллион доллари ШМА-ро қарзҳои аз ҷониби корхонаву ташкилотҳо ҷалбгардида ташкил медиҳанд.
Маҷмуи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 боназардошти ба анҷом расидани татбиқи якчанд лоиҳа ва оғоз гардидани лоиҳаҳои нав аз 85 адад (51 лоиҳаи грантӣ, 5 лоиҳаи қарзӣ ва 29 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарз ва грант) иборат мебошад, ки маблағи умумии он 49,3 миллиард сомонӣ (4,5 миллиард доллари ШМА)-ро ташкил медиҳад. Воридоти сармоягузории мустақими Ҷумҳурии Исломии Эрон асосан ба соҳаҳои хизматрасонии молиявӣ, саноат, сохтмон, энергетика, саноати хӯрока, истеҳсоли тракторҳо, кишоварзӣ, савдо равона карда шудааст. Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 160 ширкат, ки бо саҳми сармояи эронӣ ба қайд гирифта шудааст, фаъолият доранд.
Бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратию сармоягузорӣ 8 ноябри соли 2023 дар меҳмонхонаи “Тоҷикистон” дар доираи Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Эрон вохӯрии “Соҳибкор бо Соҳибкор” (B2B) баргузор гардид. Дар он беш аз 150 соҳибкор аз ҳарду ҷониб дар соҳаҳои фарматсевтӣ, саноат, ин-фрасохтор, кишоварзӣ, энергетика, хизматрасониҳои молиявӣ, сайёҳӣ ва технологияҳои иттилоотӣ иштирок намуданд. Дар рафти вохӯрии мазкур байни субъектони бахши хусусии ду давлат якчанд санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шуда, дигар лоиҳаҳои афзалиятнок мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бояд гуфт, ки байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон “Созишнома оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ” соли 1995 ба имзо расонида шудааст.
Бо мақсади густариши робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангию техникӣ таъсис дода шудааст.
Ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон рушд меёбанд. Ҳаҷми савдои мутақобила дар соли 2023 ба $254,5 миллион расид ва давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2024 то $336,1 миллион афзоиш ёфт, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи як сол пеш 55,1% бештар аст.
Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон аз Эрон металлҳо, маҳсулоти сафолӣ, пластик, таҷҳизот ва маводи кимиёвиро ворид мекунад. Ҳамкориҳо дар бахши сохтмон низ фаъолона рушд мекунанд, аз ҷумла таҷдиди нақби “Истиқлол” ҳамчун як лоиҳаи муҳим амалӣ шудааст.
Самтҳои афзалиятдори ҳамкорӣ
Имрӯз Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориҳои зичи худро дар як қатор соҳаҳои муҳими стратегӣ идома дода, якчанд ташаббуси муштаракро амалӣ мекунанд. Дар соҳаи нақлиёт ва логистика, Тоҷикистон бо истифода аз бандарҳои Бандар-Аббос ва Чобаҳор талош менамояд, ки масири нави интиқоли борҳо ва маҳсулоти ватаниро фароҳам оварад, ки ин метавонад хароҷоти нақлиётро коҳиш диҳад ва имкониятҳои тиҷоратиро тавсеа бахшад.
Дар бахши энергетика, Тоҷикистон ва Эрон лоиҳаҳои муштаракро дар истихроҷ ва коркарди нафт, газ ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия баррасӣ мекунанд, ки ҳадафи онҳо беҳтар намудани дастрасии энергетикӣ ва ҷалби сармоягузориҳо мебошад. Ин ҳамкориҳо метавонад ба рушди иқтисодиёти миллӣ ва таъмини устувории энергетикӣ мусоидат намояд. Дар соҳаи сармоягузорӣ ва саноат, ду кишвар ба таъсиси корхонаҳои муштарак дар бахшҳои дорусозӣ, саноати сабук ва сохтмон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд. Ин ташаббусҳо на танҳо барои рушди истеҳсолот ва афзоиши ҷойҳои корӣ, балки барои таъмини бозорҳо бо маҳсулоти рақобатпазир мусоидат мекунанд. Дар бахши маориф, Тоҷикистон ва Эрон табодули таҷрибаро дар самти омӯзиши мутахассисон ва рушди малакаҳои кадрӣ идома медиҳанд. Бо истифода аз имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Эрон, донишҷӯён ва мутахассисони тоҷик метавонанд аз таҷрибаи инноватсионӣ баҳра баранд.
Сайёҳӣ низ яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳо маҳсуб мешавад. Бо соддагардонии низоми раводид ва такмили инфрасохтори сайёҳӣ, ду кишвар метавонанд равобити фарҳангӣ ва ҷалби сайёҳонро беҳтар намоянд, ки ин ба густариши робитаҳои мардумӣ ва иқтисодӣ мусоидат хоҳад кард. Ин ташаббусҳо азми ду кишварро барои таҳкими ҳамкориҳои стратегии бисёрҷониба ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда инъикос мекунанд.
Хулоса
Ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон дорои зарфиятҳои қобили таваҷҷуҳе барои рушд дар бахшҳои гуногун аст. Барқарор намудани робитаҳои мустаҳкам дар сатҳи ҳукуматӣ, тиҷоратӣ ва илмӣ метавонад ба натиҷаҳои судманд оварда расонад ва дӯстии ду халқро мустаҳкам созад. Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо шароити мувофиқ, аз ҷумла заминаи ҳуқуқӣ, барномаҳои дастгирӣ ва механизмҳои ҳамкорӣ фароҳам овардан за-рур аст. Муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон бо шарофати талошҳои муш-тарак ва эҳтироми манфиатҳои умумӣ тақвият меёбанд. Соҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ, аз тиҷорат то технология, имкониятҳои бузурги рушдро намоиш медиҳанд, ки ин ба манфиати мардумони ҳарду кишвар мебошад.
Соҳиби Баҳрулло,
ходими илмии шуъбаи осиёи ҷанубӣ ва Шарқии институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...