ДАР ЯК САТР
Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Интихобот ва рушди демократия дар Тоҷикистон


Интихобот ва рушди демократия дар Тоҷикистон



Демократия ҳамчун шакли низоми сиёсӣ ва идоракунӣ ташкили шароити мусоид барои иштироки васеи мардум дар раванди идоракунии ҷомеаро ифода намуда, халқро ҳамчун манбаи ҳокимият эътироф менамояд. Маҳз аз ҳамин ҷиҳат он асосҳои қавии таърихию сиёсӣ дошта, низоми махсуси арзишҳоро дар бар мегирад. Демократия иштироки васеи оммаи мардумро дар таъсиси ниҳодҳои ҳокимияти давлатӣ ва идоракунии ҷомеа кафолат дода, моҳияти аслии он таъмини мардумсолорӣ мебошад.

Таҷрибаи  таърихию   сиёсии  ташаккули демократия  дар  кишварҳои  гуногун  нишон медиҳад,  ки  фаҳмиш  ва  дарки  он  аз  ҷониби ҷомеаҳо  ба  бисёр  омилҳо,  аз  қабили  сатҳи шуури  сиёсии  ҷомеа,  фарҳанги  сиёсӣ  ва сатҳи  рушди  иқтисодию  иҷтимоии  он  низ дар  дараҷаи  муайян  вобастагӣ  дорад.  Ин вобастагӣ  имкони  дарки  воқеии  демократияро фароҳам оварда, мутлақгардонии шинохти онро  ҳамчун  озодии  беҳудуд  пешгирӣ  мекунад. 


Дарки  арзишҳои  меҳварии  демократия, аз  қабили  озодӣ,  соҳибҳуқуқӣ,  баробарӣ, ҳуқуқи  ширкати  озодона  дар  равандҳои  сиёсии  ҷомеа,  ҳуқуқи  озодона  интихоб  кардан ва интихоб шудан, иштирок дар ташаккул ва амалигардонии ҳокимияти сиёсӣ, озодии ирода  дар  интихоб,  гуногунақидагӣ,  ҳуқуқи  озодона  муттаҳид  шудан  ва  ғайра  дар  заминаи шинохт ва дарки моҳияти демократия ҳамчун шакли муҳити иҷтимоию сиёсӣ ба вуҷуд меояд. Ҳамзамон бо ин, дарки ҳудудҳои ин ҳама озодиҳо шарти муҳимми зиндагӣ дар ҷомеаи демократӣ  мебошад.  Дар  заминаи  арзишҳои болозикр  заминаҳои  меъёрии  ҳуқуқии  интихобот  ҳамчун  раванди  муҳимми  сиёсӣ  дар Тоҷикистон ташаккул ёфтаанд.

Қабули  Қонунҳои  конститутсионии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар  бораи  интихоботи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон»,  «Дар бораи  интихоботи  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» заминаи устувори меъёрии ҳуқуқиро баҳри ташаккули  низоми  интихоботии  демократӣ  муҳайё сохт. Муқаррар  намудани  чаҳорчӯбаи  қонунӣ барои  ташкил  ва  баргузор  намудани интихоботҳои  озоду  шаффоф  қадами  ҷиддӣ дар  роҳи  устуворгардонии  рукнҳои  демократия дар ҷомеаи тозаистиқлол маҳсуб меёфт. Дар  доираи  он  меъёрҳои  иштироки  сиёсии шаҳрвандон ва аҳаммияти он барои таҳкими рукнҳои демократӣ муайян карда шуданд.

Яке  аз  субъектони  фаъоли  раванди  демократия ва интихобот ҳизбҳои сиёсӣ маҳсуб меёбанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизбҳои сиёсӣ  дар  Вазорати  адлия  расман  ба  қайд гирифта  мешаванд  ва  вобаста  ба  сарчашмаи  даромадашон  ҳуҷҷат  пешниҳод  мекунанд. Ҳизбҳои сиёсӣ ҳамчун ташкилоти сиёсӣ дар  ҳаёти  ҷомеа  нақши  муассир  дошта,  дар муаррифӣ  ва  ҳимояи  манфиатҳои  гурӯҳҳои гуногун ба сифати механизми муташаккил баромад менамоянд.

Заминаи  ташаккули  бисёрҳизбӣ  дар Тоҷикистон  дар  шароити  ниҳоят  вазнини  гуза-риш гузошта шуда буд. Бо вуҷуди ҳама мушкилию мураккабиҳои ҳаёти сиёсӣ низоми бисёрҳизбӣ мунтазам таҳаввул ёфта, то ба сатҳи кунунӣ рушд кардааст, зеро сухан сари амалӣ намудани ҳуқуқи шаҳрвандон  ба  муттаҳидшавии  ихтиёрӣ  ва  озод меравад,  ки  минбаъд  тавассути  он  дар  раванди амалигардонии ҳокимияти сиёсӣ бевосита ва ё бавосита иштирок мекунанд.

Омӯзиши ҷараёни воқеии интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ,  ки  бо  фармони  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман  аз  4  декабри  соли  2024  оғоз гардид, нишон медиҳад, ки то санаи 4 январи соли 2025 6 ҳизби сиёсии расман фаъолияткунанда дар кишвар, аз он  ҷумла  Ҳизби  Аграрии  Тоҷикистон, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби  Демократи  Тоҷикистон,  Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳизби Коммунисти  Тоҷикистон  ва  Ҳизби  Халқии Демократии  Тоҷикистон  анҷуманҳои худро  гузаронида,  ба  ҳавзаи  ягонаи умумиҷумҳуриявӣ  номзадҳои  худро тавассути  рӯйхати  ҳизбӣ  пешбарӣ  намуданд.  Ин  маънои  онро  дорад,  ки ҳизбҳои сиёсии зикргардида муташаккилона ба маъракаи интихоботи вакилони халқ – 2025 ворид гардиданд. Марҳилаи  пешбарии  номзадҳо  ба ҳавзаҳои  ҳудудии  якмандатии  интихобот   аз  ҷониби  мақомоти  ҳудудии ҳизбҳои  сиёсӣ  аз  1  январи  соли  2025 оғоз ёфта, то 15 январи соли ҷорӣ идома меёбад. Онҳо ҳуқуқ доранд дар 41 ҳавзаи  якмандатии  интихоботӣ  ҳам якнафарӣ  номзадҳои  худро  пешбарӣ намоянд.

Дар  баробари  ин,  тавсифи  де-мократия  ва  риояи  принсипҳои демократӣ иштироки ихтиёрӣ ва озоди шаҳрвандонро  низ  дар  назар  дорад. Вобаста ба ин дар кишварҳои гуногун меъёру  қоидаҳои  муайяни  эътирофи қонунмандии  интихобот  ҷой  доранд. 

Масалан, дар кишвари мо дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  низоми омехтаи интихоботӣ ҷой дошта, иштироки  аз  нисф  зиёди  интихобкунандагонро тақозо мекунад. Яъне, таносуби 50%+1 овоз ҳамчун меъёр барои барпошуда эълон намудани интихобот ва интихобшуда ҳисоб шудани номзад ба вакилӣ аз ҳавзаи якмандатӣ ҳисоб мешавад. 

Иштироки шаҳрвандон дар ин маъракаи сиёсӣ дар Тоҷикистон хусусияти фаъол  дорад.  Таҷрибаи  интихоботи парлумонии моҳи марти соли 2020 дар кишвар нишон дод, ки сатҳи иштироки шаҳрвандон  дар  интихобот   86,4%-ро ташкил  дода,  ҳизбҳои  сиёсии  дар  ин маърака  иштироккунанда  аз  усулҳои ғайримадании  муносибат  даст  кашиданд  ва  муборизаи  сиёсии  онҳо  дар доираи  фарҳанг  ва  одоби  баланди муошират  сурат  гирифт.  Ин  нуктаро мушоҳидони байналмилалӣ низ махсус қайд карданд. Масалан, Роҳбари Миссияи мушоҳидони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  С.Лебедев  қайд  намуд,  ки: «Ҷиҳати  фарқкунандаи  интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон дар он аст, ки он бе ҳангомасозии “сиёҳ” ва ҷанги бадномкуниҳо  байни  номзадҳо  баргузор гашт».

Иштироки  сиёсӣ  нишонаи  масъулияти  шаҳрвандии  субъектони  сиё-сат  буда,  ҳавасмандии  онҳоро  ҷиҳати ширкат  дар  қабули  қарорҳои  сиёсӣ, таъмини  мардумсолорӣ  ва  амалӣ намудани  ҳуқуқҳои  худ  баҳри  ибрози  озодонаи  ақида  ифода  мекунад. Дар  ҳама  ҳолат  иштироки  фаъоло-наи шаҳрвандон ба густариши робита байни онҳо ва ҳокимият мусоидат намуда, ҷиҳати таҳкими заминаҳои рушди  демократӣ  роҳро  ҳамвор  месозад. Метавон  аз  гуфтаҳои  Пешвои  миллат ёдовар шуд, ки: «Демократия дар асл фарҳанги  воло  буда,  одобу  муоширати  инсонӣ,  ақлу  фаросати  сиёсӣ,  донишу таҷрибаи созандагиро фаро ме-гирад.  Моҳияти  давлати  демократии ҳуқуқбунёд ҳам дар он аст, ки бо демократия саҳланкорӣ кардан даркор нест. 

Зеро демократия ҳокимияти қонун аст ва дар назди ҳамаи шаҳрвандон талаботи  якхеларо  пеш  мегузорад».  Дар ин  замина  рафтору  иштироки  сиёсии шаҳрвандон ҳам бояд бо риояи қонун сурат гирад. 

Демократия  имкони  васеи  татбиқ намудани ҳуқуқҳои сиёсии шаҳрвандон, аз  он  ҷумла  ҳуқуқи  интихоботии  онҳо мебошад, ки дар пайвастагӣ бо одоби суннатии  тоҷикона  фазои  муносиби пешрафтҳои сиёсию иқтисодӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеаро муҳайё менамояд.

Нушофарин МИРЗОЕВА,
докторанти институтифалсафа, сиёсатшиносӣ ва  ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови  АМИТ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода