Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Азми бунёди корхонаи нав дар МОИ “Данғара”


Азми бунёди корхонаи нав дар МОИ “Данғара”




Дар  иҷлосияи  шашуми  Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олӣ  созишномаи  сармоягузорӣ  байни  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва Ширкати  «Tilemaster  investment  Limited»  оид  ба  сохтмон  ва  ба  истифода  додани  корхонаи  истеҳсоли  маҳсулоти  сохтмонӣ-ороишӣ дар  Минтақаи  озоди  иқтисодии  «Данғара»  мавриди  баррасӣ  қарор гирифт.

Мақсад  аз  татбиқи  созишномаи  мазкур  ҷалби  сармоягузории мустақими  хориҷӣ  барои  ба  роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти нави воридивазкунанда, ташкили ҷойҳои нави  корӣ  ва  татбиқи  ҳадафҳои стратегии  мамлакат  дар  самти  саноатикунонии босуръати кишвар ба ҳисоб меравад.

Тибқи  созишнома,  ҳаҷми  умумии  сармоягузории  барои  татбиқи лоиҳаи  пешбинишуда  беш  аз  50 миллион  доллари  ИМА-ро  ташкил дода, муҳлати сохтмони корхона 18 моҳро  бо  иқтидори  истеҳсолии  12 360 000 метри квадратӣ дар як сол дар бар мегирад.

Пас аз ба фаъолияти истеҳсолӣ оғоз  намудани  корхона  зиёда  аз 500 ҷойи кори доимӣ ва 1000 ҷойи кории  ғайримустақим  (сохтмон, таъминоти  ашёи  хом  ва  боркашонии  маҳсулоти  ниҳоӣ)  таъсис дода  мешавад,  ки  дар  марҳилаи аввал  на  кам  аз  80  фоизи  онҳоро шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд.

Дар иҷлосия аз рӯйи масъалаи баррасишуда қарори дахлдор қабул  гардид.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода