Раиси шаҳри Бохтар сарбозонро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик кард
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 62
Дар арафаи Соли нави мелодӣ раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод ба қисми ҳарбии 0336 Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ташриф овард.
Раиси шаҳр ҳайати шахсии қисми ҳарбиро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик намуда, ба онҳо сиҳатмандӣ, иродаи қавӣ ва ҳифзи боэътимоди марзу буми кишварро таманно кард.
Иқдоми мазкур дар доираи дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар арафаи соли нави мелоди ташкил карда шуд.
Дар ин рӯз барои сарбозон ва афсарон дастархони идона ороста шуда, бастаи идона тақдим гардид. Чорабинӣ бо ҳадафи ҳавасманд намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва арҷгузорӣ ба заҳмати онҳо дар таъмини амнияти кишвар доир гардид.
Ҳайати қисми ҳарбӣ аз дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ изҳори миннатдорӣ намуда, бори дигар омодагии худро барои ҳифзи Ватани азиз таъкид карданд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...