БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД АЗ ФАЪОЛИЯТИ ГУРӮҲИ ВОҲИДИ ТАЪИНОТИ МАХСУСИ ЗИДДИТЕРРОРИСТИИ “АЛФА”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 0
Имрӯз, 26 декабр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар шаҳри Бохтар ба Воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористии “Алфа”-и Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон рафта, ҳайати шахсиро ба Соли нави мелодӣ шодбош гуфт.
Бояд зикр намуд, ки 14 декабри соли 2023 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бинои воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористии “Алфа”-и Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон мавриди истифода қарор дода шуд. Бинои воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористӣ аз инфрасохтори муосири соҳавӣ иборат буда, дар он барои кормандони ин ниҳоди қудратии мамлакат шароити мусоиди фаъолият муҳайё шудааст.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ кормандонро барои хизмати софдилона бар нафъи давлату миллат ва таъмини амнияти шаҳрвандон ҳидоят кард.
Ҷойи зикр аст, ки «Алфа»-и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо ибтикор ва ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 апрели соли 1994 ба фаъолият оғоз намуд. Маҳз бо дастгириҳои Сарвари давлати Тоҷикистон, имрӯз воҳидҳои таъйиноти махсуси зиддитеррористии «Алфа» аз ҷиҳати таъминоти ҷангию техникӣ дар байни сохторҳои қудратии мамлакат яке аз ҷойҳои намоёнро соҳиб гардидааст.
- Манфиатҳои геополитикии кишварҳои абарқудрат имрӯзҳо дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ вазифаҳои мураккаберо ба миён мегузорад, - зикр намуд раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни суҳбат бо хизматчиёни ҳарбӣ. - Донишу малакаи ҳарбӣ ва шуҷоату худшиносӣ аз омили муҳими нигаҳдории давлати соҳибистиқлол мебошад. Зеро марзбонон бо неруҳои қавӣ ва муташаккилу мусаллаҳи фаромиллӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд. Барои манфиатҳои миллӣ ва сиёсӣ кишварҳои бузург ҳама гуна василаҳоро истифода менамоянд. Дарвоқеъ, зарбаи аввалини душманро маҳз марзбонони шуҷои Ватан ба худ мегиранду намехоҳанд ҳеҷ душмане ва ё бадхоҳи аҷнабие ба хоки Ватан қадами нопок гузорад. Марзбонони тоҷик дар ҳақиқат ҷоннисори Ватан мебошанд. Онҳо дар муҳофизати марз шабу рӯз бедору ҳушёр мебошанд ва кулоҳу либоси сабзи онҳо тимсол ва рамзи сарсабзӣ ва оромии давлатамон мебошад.
Сипас, туҳфаҳои солинавӣ барои кормандон тақдим гардида, дастархони идона ороста шуд.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...