Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ЯТИМОН ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ


МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ЯТИМОН ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ




Имрӯз, 26 декабр, раиси вилояти Хатлон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо як гурӯҳ ятимон дидору мулоқот намуданд.

Нахуст, раиси вилоят онҳоро ба Соли нави мелодӣ табрик гуфта, зикр намуданд, ки ятимону бепарасторон ҳамеша зери ғамхории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, шароити мусоид барои онҳо таъмин карда мешавад.

Таъкид шуд, ки бо дониши хубу ахлоқи намунавӣ таҳсил намуда, дар оянда барои ватану миллат хизмат намоянд.

Тавре таъкид гардид, дастгирии шахсони имконияташон маҳдуд ва яккаву танҳо дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, барои нигоҳубин, ба таҳсил фаро гирифтан ва соҳибшуғл намудани онҳо аз ҷониби давлат тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегардад.
Сипас, ба онҳо сарулибоси зимистона ва шириниҳо тақдим шуд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода