Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ


ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ




Имрӯз, 26 декабр, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид қабули сайёри шаҳрвандон баргузор гардид.

Раиси вилоят дар ибтидо зикр намуд, ки ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоии шаҳрвандон таҳти назорати бевоситаи Пешвои муаззами миллат буда, масъулин бояд саривақт ба мушкили мардум расидагӣ намоянд.

Дар қабули сайёр 11 нафар шаҳрвандон оид ба масъалаҳои ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Бӯстон Сулаймонова, тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо дар деҳаи Зарнисор, ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, дастрас намудани трансформатор барои деҳаи Хуросон, расонидани кӯмаки молиявӣ, ҷудо кардани техника барои мумфарш намудани роҳи маҳаллӣ, оид ба бунёди майдончаи варзишии болопӯшида дар замини МТМУ №1 дархости мусоидати раиси вилоятро намуданд.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулини идораҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ ҷиҳати баррасии саривақтӣ ва расидагӣ ба арзу муроҷиати шаҳрвандон супоришҳои мушаххас дод. Ҳамчунин, ба ниёзмандон кӯмаки пулӣ ва ба модаре, ки фарзанди маълул дошт, аробача аз ҷониби раиси вилоят тақдим гардид.



Пас аз шунидани муроҷиати шаҳрвандон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбарони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мулоқот анҷом дод.

Раиси вилоят оид ба вусъати корҳои ободониву хуррамгардонӣ, бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ ва варзишӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, хизматрасонии тиббӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар заминаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, таҳкими корҳои идеологӣ, ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мардум, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “Хона ба хона”, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дигар масъалаҳои мубрам суханронӣ намуда, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мазкур ба масъулин дастур дод.



Таъкид гардид, ки ҳалли масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи ҷавонону наврасон, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротӣ, бетаваҷҷуҳӣ ва бетарафии ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳодисаҳои атроф, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, ҷалби ҷавонон ба варзишу тарбияи ҷисмонӣ, расидан ба арзи мардум вазифаи меҳварии ҳар як хизматчии давлатӣ ва падару модарон ба шумор меравад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода