Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Дар тарбияи ҷавонон ҳама масъулем


Дар тарбияи ҷавонон ҳама масъулем


8 июни соли ҷорӣ дар толори театри мусиқӣмазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар семинар-машварати муштарак дар мавзӯи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, директори Муассисаи давлатии маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Абдураҳим Холиқзода, инчунин намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарону мудирони шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон доир гардид.

Фирӯза Шарифӣ кори семинарро оғоз бахшида, қайд кард, ки барои коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ ва дар ин замина баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву м е ҳ а н п а р а с т ӣ миёни ҷавонон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон тамоми имкониятҳои мавҷударо ба роҳ монда истодаанд. Дар семинар муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон полковники милитсия Толибҷон Назарзода баромад карда, изҳор дошт, ки дар таълиму тарбияи насли наврас падару модарон ва ҷомеа масъул мебошанд. - Дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои мақсаднок як қатор ҳолатҳои вайронкунии тартиботи ҷамъиятӣ аз ҷониби ноболиғон, аз қабили оворагардӣ, талбандагӣ, кашонидани бор дар бозорҳо, ҷамъоварии маблағи роҳкиро дар воситаҳои нақлиётӣ, савдои кӯчагӣ, бозӣ кардан дар марказҳои бозии компютерӣ ошкор карда шуд. Нисбати 2587 нафар падару модарон ва 12 нафар омӯзгорон барои вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз намуда, барои баррасӣ ба мақомоти судӣ ирсол гардидааст, - зикр намуд, Назарзода Толибҷон. Ба гуфти директори Муассисаи давлатии маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Абдураҳим Холиқзода вақти он расидааст, ки дар мактабҳо равоншиносон кор карда, бо наврасону ҷавонон пайваста машварат кунанд. Дар семинар, инчунин кормандони дигар соҳаву ташкилоти марбута оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун ибрози андеша намуданд. 

Фирдавс УМАРОВ, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода