Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » АЁДАТИ САОДАТ ХОҶАЕВА ВА ТАҚДИМИ ТУҲФАҲОИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН


АЁДАТИ САОДАТ ХОҶАЕВА ВА ТАҚДИМИ ТУҲФАҲОИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН




Бо дастури раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид имрӯз, 24 декабр, муовини раиси вилоят Анзурат Абдусаломзода ба аёдати шаҳрванди имконот ҷисмониаш маҳдуд, сокини ноҳияи Восеъ Саодат Хоҷаева рафт.

Саодат Хоҷаеваи 54-сола, маъюби гурӯҳи якум, модари се фарзанд мебошад. Ӯ ҳамроҳи ҳамсараш Тоҷиддин Маҳмадалиев, ки ҷанговари башардӯст ва собиқадори ҷанги Афғонистон мебошад, дар деҳаи Пушёни поёни Ҷамоати деҳоти Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ зиндагӣ мекунад.

Анзурат Абдусаломзода кӯмаки молиявӣ ва туҳфаҳои раиси вилояти Хатлонро ба ин хонавода супурда, онҳоро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ таҳният гуфт.

- Масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии маъюбон яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, мунтазам ҷиҳати дастгирии ин табақаҳои осебпазири аҳолӣ тадбирҳои судманд ва созанда анҷом дода мешаванд, - зикр кард муовини раиси вилоят зимни дидор бо С. Хоҷаева. - Ба шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз маъюбони кишвар зери ғамхории бевоситаи давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор доранд. 

Саодат Хоҷаева қайд кард, ки таваҷҷуҳи доимӣ ва муносибати ғамхоронаи Пешвои миллатро дар зиндагии худ ва хонаводааш эҳсос мекунад.

- Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаи мо ғамхории зиёд кардаанд, - гуфт С. Хоҷаева. - Доимо аз номи Ҷаноби Олӣ ба мо туҳфа ва кумаки молӣ мерасонанд, хонаамонро таъмир карданд ва тамоми ашёи рӯзгорро муҳайё намуданд, ки аз ин сипосгузорам.

Ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла шахсони имконияташон маҳдуд, яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан дар сиёсати  инсонпарваронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад. Аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ тамоми талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини кафолатҳои иҷтимоии шаҳрвандон, хусусан маъюбон равона гардидааст.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода