Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ба Маҳтовби кумак расонида шуд


Ба Маҳтовби кумак расонида шуд




Имрӯз ба Сафарова Маҳтовбӣ, маъюби гурӯҳи якум, сокини шаҳри Кӯлоб, низ аз номи раиси вилояти Хатлон кумак расонида шуд.

Муовини раиси вилоят Анзурат Абдусаломзода зимни аёдати Маҳтовбӣ гуфт, ки дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи иҷтимоии маъюбон аз самтҳои афзалиятнок буда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша нисбат ба ин қишри ҷомеа ғамхории махсус зоҳир менамоянд. 

Ҳанӯз чанд сол муқаддам, дар яке аз баромадҳояшон Президенти кишвар ба маъюбон ва дигар табақаҳои осебпазири ҷомеа муроҷиат карда, изҳор намуданд, ки «ман шумоёнро ҳаргиз хору зор шудан намемонам!».

Ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар навбати аввал ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахӯрону собиқадорон аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини давлат мебошанд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода