Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Татбиқи 44 лоиҳаи сармоягузорӣ дар Хатлон


Татбиқи 44 лоиҳаи сармоягузорӣ дар Хатлон




Дар вилояти Хатлон айни ҳол 44 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ гардида истодааст, ки дар доираи онҳо зиёда аз 1,7 миллиард доллар барои хариди мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар соҳаҳои маориф,  тандурустӣ,  кишоварзӣ,  ирригатсия  ва  обёрӣ,  хоҷагии манзилию  коммуналӣ,  энергетика,  нақлиёт,  экология,  ҳодисаҳои фавқулода ва сайёҳӣ равона гардидааст.

Аз  ин  ҳисоб  ба  соҳаҳои  маориф  8  лоиҳа  ба  маблағи  55,8 миллион  доллар,  кишоварзӣ  2 лоиҳа ба маблағи 10,5 миллион доллар,  экология  ва  ҳолатҳои фавқулода  4  лоиҳа  ба  маблағи 19,5  миллион  доллар,  ирригатсия  ва  обёрӣ  4  лоиҳа  ба маблағи  54,8  миллион  доллар, хоҷагии  манзилию  коммуналӣ  5 лоиҳа  ба  маблағи  51,5  миллион  доллар,  нақлиёт  5  лоиҳа  ба маблағи 197,1 миллион доллар, тандурустӣ  6  лоиҳа  ба  маблағи 74,5  миллион  доллар,  энергетика  9  лоиҳа  ба  маблағи  591,3 миллион доллар ва дигар соҳаҳо (гумрук, молия, сайёҳӣ) 2 лоиҳа ба  маблағи  23  миллион  доллар рост меояд.

Дар 11 моҳи соли ҷорӣ ба вилоят 7,2 миллион доллар сармо-яи  хориҷӣ  ворид  гардидааст,  ки 4,3  миллион  доллари  онро  сар-мояи  мустақими  хориҷӣ  ташкил медиҳад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода