Дастовардҳо дар соҳаи маориф назаррасанд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 51
Соли 2024 даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ миёни хонандагони синфҳои 5 то 11 дар 4 категория аз рӯйи 13 фанни таълимӣ баргузор гардида, 1361 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Хатлон дар он иштирок ва 541 нафар соҳиби медал гардиданд.
Бо ин нишондоди баланд вило-яти Хатлон дар сатҳи ҷумҳурӣ пас аз шаҳри Душанбе дар мақоми дуюм қарор гирифт. Хонандагони вилоят, аз ҷумла, 14 медали тилло, 52 медали нуқра ва 475 ме-дали биринҷӣ ба даст оварданд.
Ҳамзамон, аз олимпиадаҳои байналмилалӣ низ хонандагон 446 медал, аз ҷумла 54 медали тилло, 165 медали нуқра ва 227 медали биринҷӣ ба даст оварданд, ки нисбат ба соли гузашта 61 медал зиёд мебошад.
Илова ба ин, соли равон ба 70 нафар хонандагони аълохони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят, ба 60 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва ба 60 нафар олимони эҷодкор дар маҷмуъ ба маблағи 420 ҳазор сомонӣ стипендияҳои Раиси вилояти Хатлон пардохт карда шуд.
Ҳамзамон, ба 26 нафар хаткунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят, ки муассисаро бо аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ хатм намуданд, дар ҷамъ 260 ҳазор сомонӣ, ба ҳар як роҳбари муассисаи таълимӣ ба маблағи 3000 сомонӣ ва ба барандагони Ҷоизаҳои ви-лоятии “Соҳибватан”, “Омӯзгори ифтихории Хатлон”, “Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон дар соҳаи ма-ориф” ва ғолиби “Парчами сайёри ғолиб”, аз номи раиси вилояти Хатлон, дар маҷмуъ, наздик ба 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода шудааст.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...