Истеҳсоли гӯшту шир бештар шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 0
Давоми ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Хатлон 202,2 ҳазор тонна гӯшт, 507,1 ҳазор тонна шир, 166,3 миллион дона тухм, 5593 тонна пашм, 1160 тонна асал ва 3350 тонна моҳӣ истеҳсол гардида, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли ин номгӯи маҳсулот дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта аз 1,4 то 39,6 банди фоизиро ташкил дод.
Мувофиқи омори расмӣ, ба ҳолати 1 декабри соли 2024 барои солиму беталаф баровардани чорво аз давраи зимистони солҳои 2024-2025 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамагӣ 1,3 миллион тонна захираи хошоки дурушт, аз ҷумла 518,3 ҳазор тонна хасбеда, 55,5 ҳазор тонна тарбеда, 702,2 ҳазор тонна коҳ ва 41,1 ҳазор тонна хӯроки ширадор, баробар ба 107 фоизи дурнамо, захира карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли пешин 47,3 ҳазор тонна зиёд мебошад.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
28-12-2023, 16:56
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...