Диққат, озмун! ОЛИҲАИ МЕҲР
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 0
Дар партави ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба гиромидошти модар, дар доираи пешниҳоди Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид дар бораи «Соли фарҳанги китобхонӣ» эълон кардани соли 2025, идораи рӯзномаи “Хатлон” мавсими дуюми озмуни онлайнии “Олиҳаи меҳр”-ро эълон менамояд.
Довталабон ба озмун видеои қироати зебои шеъру тарона дар васфи модарро пешниҳод намоянд. Шеъру таронаҳо бояд мазмуни баланд дошта, бузургии мақому манзалати модарро бозгӯ кунанд.
Шартҳои озмун:
1. Видеои довталабоне, ки қаблан ё ҳамзамон дар озмунҳои дигар истифода шудааст, қобили қабул намебошад.
2. Дар маводи видеоӣ бояд ному насаби довталаб, инчунин муаллифи шеър (агар оҳанг истифода шавад, ному насаби муаллифи оҳанг) ишора карда шуда бошад.
3. Довталабоне, ки соли гузашта дар ин озмун иштирок карда буданд, бояд матни шеър ва таронаи навро пешниҳод намоянд.
4. Ровиёне, ки дар навор зоҳир мешаванд ва дар рӯ ба рӯйи камера қироат мекунанд, дар вақти баҳогузорӣ ба инобат гирифта мешавад.
5. Маводҳои видеоии довталабон бояд аввал ба ҳайати тадорукоти озмун пешниҳод гардида, пас аз рақамгузорӣ дар шабакаҳои иҷтимоии рӯзномаи “Хатлон” нашр мегарданд. Озмун аз рӯзи эълони он то 1 марти соли 2025 идома меёбад.
Дар вақти баҳогузорӣ дар баробари қироати зебои довталаб, инчунин шумораи “писанд” (лайк), “шарҳ” (комментария), бознашр (поделится) ва миқдори фарогирии тамошобинон (охват) низ ба инобат гирифта мешавад.
Ғолибони озмун бо дипломи дараҷаҳои 1, 2, 3 ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми зерин қадрдонӣ карда мешаванд:
Ҷойи якум - 3000 сомонӣ
2 ҷойи дуюм - ба ҳар яке 2000 сомонӣ
3 ҷойи сеюм - ба ҳар яке 1000 сомонӣ
Ҳамзамон 4 иштирокчии фаъоли дигар бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии рӯзномаи “Хатлон” сарфароз гардонида мешаванд.
Дар озмун шаҳрвандони синну соли гуногун ва тамоми қишрҳои ҷомеа метаво-нанд иштирок намоянд.
Озмуни “Олиҳаи меҳр” дар арафаи Рӯзи модар ҷамъбаст гардида, ғолибон дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Иштирокчиёни озмун метавонанд видеои худро тариқи месенҷерҳои телеграм ё ватсап (881-38-33-00) бо сифати баланд ба рӯзномаи “Хатлон” фиристанд.
Муҳаббат ва самимияти худро ба модар тариқи озмуни “Олиҳаи меҳр” баён намоед!
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...