Харангон ё ҳафтрангон?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 258
Собиқадорони ҷангу меҳнат ҳамасола дар фасли баҳору тобистон дар осоишгоҳи “Харангон”-и ноҳияи Варзоб табобат мегиранд. Аз хизматрасонии табибон ва кормандони он собиқадорон миннатдоранд.
Аммо моро номгузории осоишгоҳ нороҳат мекунад. Ман барои ҳалли масъала ба одамони таҳҷоӣ, куҳансолони деҳаҳои Харангон, махсусан бо оилаи Шарипов Абдукарим аз наздик шинос шудам. Онҳо нақл карданд, ки падарашон иштирокчии ҶБВ, собиқадори меҳнат солҳои дароз раиси ҳамин хоҷагӣ шуда кор кардааст.
Фарзандонаш Маҷнун Мансуров, Шарифов Ҳофиз, Шарипова Ҳабиба, Раъно, Аноргул, Барно, Баҳодур, Шаҳло, Абдуғаффор, Рустам, Абдукарим - 48 набераву 106 абера мебошанд, ки ҳамаи онҳо соҳиби маълумоту касбу коранд ва номбардори падару бобои қаҳрамонашон мебошанд.
Абдукарим Шарипов 30-юми июни соли 1921 дар деҳаи Харангон таваллуд шудааст. То соли 1937 мактаби ҳаштсолаи ба номи М. Горкийро ба итмом расонид. Аз соли 1937 то соли 1939 дар назди Вазорати маориф курси муаллимтайёркуниро хатм намуд. Аз соли 1939 то моҳи октябри соли 1940 дар деҳаи Харангони Боло ба ҳайси муаллими синфҳои ибтидоӣ кор кардааст. Соли 1940 ба сафи Армияи Советӣ даъват мешавад ва мактаби ҳарбиро дар шаҳри Сочи ба итмом расонида, баъдан барои ҷанг ба Ҷумҳурии Украина равона мешавад. 21 июни соли 1941 ҷанг сар шуд ва дар идомаи ҷанг, 28 июли соли 1941 аз пойи рост захм бардошта, аз як пояш маҳрум мегардад. Абдукаримро ҳангоми захмдор шудан ба қисми ҳарбӣ бурда, ба шаҳри Киев барои табобат мефиристанд. Баъд аз як рӯзи табобат бо поезд ба Донбас, аз Донбас ба Сталинград ва Фарғона мефиристанд.
Баъди табобат аз Фарғона ба Ватан баргаштааст. Аз моҳи сентябри соли 1942 то соли 1949 ба вазифаи котиб ва муҳосиби колхоз кор кардааст. Дар байни ҳамин солҳои фаъолияти корӣ ду маротиба курси муҳосибии кӯтоҳмуддатро хатм намудааст. Аз 14 апрели соли 1949 ба вазифаи раиси колхози Коминтерн интихоб шуд. Соли 1951 ҳудуди колхозро васеъ карданд. Колхозҳои Ленин ва Энгелсро ба ҳам муттаҳид карда, ӯро ба вазифаи раиси колхоз таъин мекунанд. Соли 1952 баъд аз хатми курси яксолаи раисӣ ба колхоз баргашта, то соли 1959 дар он ҷо фаъолият намудааст.
Аз соли 1968 ба собиқ совхозтехникуми ба номи Куйбишеви шаҳри Қӯрғонтеппа ғоибона дохил шуда, соли 1973 хатм кардааст. Дар давоми солҳои фаъолият 2 орден, 13 медал, 2 Грамотаи фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон ва ғайра қадрдонӣ шудааст. То 27 июни соли 1984 дар вазифаи директори колхози Коминтерн кор кардааст. Дар давоми солҳои фаъолият аз соли 1943 то соли 1984 бе ягон камбудиву нуқсон кору фаъолият намудааст.
Бояд зикр кард, ки оилаи онҳо бо авлодонашон соли 1870 аз шаҳри Конибодом ба деҳаи Харангон кӯч бастанд. Онҳо 3 бародарон буданд.
Онҳо, ки авлодан ҳунарманд, косиб буданд, мебинанд, ки дар ин кӯҳҳои дараи Варзоб конҳо бо рангҳои гуногун мавҷуд аст. Бобояшон Ҳаитбой ин касбу ҳунарҳоро ба фарзан-дону наберагонаш меомўзонад ва онҳо аз рўи ҳамин касб зиндагиашонро пеш мебурданд.
Ман, аз ҳайати эҷодии рузномаи “Хатлон” умед дорам, ки хоҳиши собиқадоронро ба инобат гирифта, аз идораҳои дахлдори ноҳияи Варзоб оид ба барқарор намудани номи осоишгоҳ бо номи Ҳафтрангон барқарор намоянд, ки ин кори хеле хуб мешавад.
Саиди Суфиён,
собиқадори меҳнат
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...